Бойгонии Китобхонаи миллӣ дар соли 2023 бо беш аз 71 ҳазор адабиёти нав ғанӣ шуд

Бойгонии КитобхонаДар соли 2023 ба  фонди  “Китобхонаи  миллӣ” 71355 нусха  адабиёт ворид  гардид. Аз он ҷумла: китобҳо 47996  нусха, маҷаллаҳо 2441, диссертатсияҳо 581, авторефератҳо  1676, нотаҳо 20, пэсаҳо – 41, дискҳо – 29 адад, нашрияҳои давомноки илмӣ – 46 нусха  ба қайд гирифта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор равона карда шуданд.

Инчунин захираи мубодилавии эҳтиётӣ 1422 нусха, мубодилаи байналмилалии китоб 39,  нусхаи ҳатмӣ 5355,  сарчашмаҳои гуногун 1117, адабиёти  туҳфашуда аз шахсони  алоҳида 42268 нусхаро ташкил дод, ки ба ҳар яки он баргаҳо аз рўи сол, алифбо ва ҷои нашр навишта, дар феҳристи  шуъба ҷо ба ҷо карда шуда, ба бахшҳои дахлдор равон карда шуд.

Аз сафоратхона ва ташкилоти хориҷӣ 232 нусха китоб ворид шуд. Ҳамчунин 334 нусха маҷаллаҳои обунавии ватанӣ ва 124 нусха маҷаллаҳои хориҷӣ, 5781 адад  рўзномаҳои  ҳатмӣ  ва  4384 нашрияҳои обунавӣ ба қайд гирифта шуд. Ба 50299 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпонидани штрих-код) сурат гирифт.

Тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ  дар соли  ҷорӣ ба миқдори муайяни 19 ҳазору 729 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаӣ аз аҳолӣ тақдимшуда тариқи ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шуд.

Дар тўли як сол аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 31060 нусха китоб коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи Китобхона супорида шуданд.

Ҳамчунин дар  ин давра кормандони шуъба 85 китоби тозаворид, 4 маълумот дар бораи воридоти нусхаҳои ройгони ҳуҷҷатҳо ва 3 мавод дар бораи китобҳои туҳфашуда аз шахсони алоҳидаро дар шакли хабар ба воситаи сомонаи интернетии Китобхона муаррифӣ карданд.

То  имрӯз фонди хизматии Китобхонаи миллӣ дорои 3 миллиону 451 ҳазору 385  нусха китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Фарзона ШАРИФОВА