Фонди гаронарзиши шуъбаи депозитарӣ. Суҳбати ихтисосӣ бо Фароғат Толибова

Фароғат ТолибоваДар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбае ҳаст лабрези ганҷ. Ин шуъба шуъбаи депозитарӣ мебошад. Тасмим гирифтем бо сардори он Фароғат Толибова ҳамсуҳбат шуда, хаводорони китобу Китобхонаро каме бошад ҳам бо ин шуъбаи пурганҷ ошно созем.

Мехостам суоли нахустинам мухтасар аз таърихи шуъбаи депозитарӣ бошад, то хонандагон дар ин бора тасаввурот ҳосил кунанд.

– Арз кунам, ки шуъбаи депозитарӣ 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таъсис ёфтааст. Соли 2012 Китобхона бо бинои нав таъмин гашт ва шуъбаи депозитарӣ низ дар ин бино макони нав ёфт. Ҳамзамон дар Оинномаи ба тозагӣ такмилёфтаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2022) шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба шуъбаи депозитарӣ ивази ном кард.

– Дар толори хониши ин шуъба хонандагонро кадом китобҳо интизоранд?

– Дар ин шуъба китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз солҳои 1700 то соли 2015 нашр шудаанд ва бо вуҷуди камистифода буданашон, чун баъзе аз ин китобҳо ду аср пеш чоп шудаанд, арзиши баланди илмӣ доранд. Фонди шуъбаи депозитарӣ аз маводи чопӣ, китобу маҷаллаҳо, варақаҳои изографӣ (мусаввараҳо), китобҳои гаронарзиш ва ҳамчунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (экспедитсияҳо), асарҳои олимони ҷаҳон, нашрияҳои маълумотдиҳанда (донишномаҳо, луғатҳо, фарҳангҳо) ва монанди инҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ, англисӣ ва бо ҳуруфи лотинӣ иборат мебошад.

Адабиёте, ки 15-20 сол, рӯзномаву маҷҷалаҳои 5-10 сол  ва дигар маводе, ки дар муддати 4-5 сол дархост намешаванд, ба қатори адабиёти камистифодашаванда дохил мегардад. Ҳамзамон, асноди ҳуқуқӣ, низомномаҳо, ҳисоботҳои стенографӣ, ҳизбҳо, мақомоти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ, созмонҳои байналмилалӣ, адабиёти назариявӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, маҷмӯи асарҳои олимон, монографияҳои илмӣ, дастхатҳо, библиографияи илмӣ, тезис, маърӯза, ҷадвалҳо, албомҳо, донишномаҳо, луғатҳо ва ғайраҳо низ дар бойгонии ин шуъба нигаҳдорӣ мешаванд. Фонди депозитарӣ вазифадор аст, ки   баргаҳои феҳристро бо фонд муқоиса намояд. Дар ҳолате, ки китобҳо дар гардиш ҳастанду дар бойгонии депозиторӣ нигоҳ дошта мешавад, тибқи супориши маъмурияти Китобхона ба шуъбаи нигоҳдорӣ барои дархости хонандагон интиқол дода мешаванд.

– Дар бораи бойгонӣ, аниқтараш, фонди ин шуъба нақл кунед. Чӣ миқдор китоб дар он нигаҳдорӣ мешавад?

– Айни замон фонди шуъбаи депозитарӣ дорои 42 ҳазору 38 нусха китоб мебошад. Бахшҳои фонди шуъбаи депозитарӣ аз фонди забони тоҷикӣ, забони русии ҳаҷман хурд (китобҳои минётурӣ), китобҳои ҳаҷман калон, фонди адибони ҷаҳон, китобҳои ба хатти лотинӣ интишорёфта, фонди донишнома, луғатномаҳо, бойгонии матбуоти даврӣ (матбуоти тоинқилобӣ) ва ғайраҳо иборат мебошад. Китобҳои фонд гарчанде, ки кӯҳна бошанд ҳам, лек қиммати баланди илмӣ доранд. Онҳо ба забонҳои гуногун буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, дар фонди захиравии шуъба 7 ҳазору 890 нусха китоб бо забони тоҷикӣ мавҷуд аст ва агар онҳоро ба соҳаҳо тақсим кунем, мебинем, ки ин китобҳо мутааллиқ ба соҳаву илмҳои гуногунанд. Чунончӣ: Пушкин А. С.  ”Бародарони ғоратгар” (1940), Арквин С. Я. ”Сулфакабуд” (1941),  Данилевин М. Г “Дифтерия” (1941), Всесвятский А.В. “Ботаника” (1941), Тугаринов, И “Тарбияи коммунистии меҳнаткашон ва вазифаҳои газетаҳои деворӣ” (1941), “Хрестоматияи адабиёт” (1941), Толстой А.”Боз меоям” (1942), Давлатов И. ”Иқтисоди бозоргонӣ” (1944), “Программаи мактабҳои миёна” (1951), Сатторов А. ”Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ” (1975), Рашидов Х.И. ”Киштгардонии пахтаю юнучқа” (1976), ”Луғати тафсирии калимаҳои русӣ интернатсионалӣ”(1984), Фельдман, Ф. Г. “Химия” (1993), Қурбонов Р. ”Забони модарӣ” (1997)  ва  ғайра.

Ҳамзамон дар шуъба 5 ҳазору 454  нусха китоб бо ҳуруфи лотинӣ нигоҳ дошта мешавад. Бештари китобҳои лотинӣ  дар бораи Ленин, адабиёти бадеӣ, кишоварзӣ, тиб, санъат, техника, таърих ва дигар соҳаҳо бо  забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ мебошанд. Масалан: С. Айнӣ “Дохунда” (1930, 1932,), Евдакимов А, “Колхозро чӣ гуна барпо кардан даркор аст” (1931), Орлов А.А. “Табобати ҳайвонот” (1931), Бартольд, В. “Манқуллар даврида Туркистан” (1931-узб), Френгел, М. Г. “Ревматизм” (1932), Горкий М. ”Анна” (1933), “Ёддоштҳо дар бораи Ленин” (1933), Пижурин, А. “Тарғиботи техникӣ” (1933), Шолохов М. ”Замини корамшуда” (1934), Ҷ. Икромӣ. ”Тирмор” (1934), Бақозода, З. “Забони тоҷикӣ” (1934), Файзулло Х. “Таърихи инқилоби Бухоро” (1934), Мирбадалова В. В. “Луғати терминали коргузорӣ” (1934), Шамс Х, “Ирода” (шеърлар-узб, 1934), Тихановин А. В. “Хунгузаронӣ” (1934), Броядо И.Г. “Партия барағени юқари ушлайиқ” (1934-узб),), Светанов А. Т. “Тухмдории пахта” (1935), “Рассказ о жывотных” (1940), инчунин оид ба физика, химия , география ва ғайраҳо.

То ҷойе медонем, як бахши бойгонии шуъба китобҳои ҳаҷман хурданд. Мехостам дар ин бора суҳбат кунед.

– Оре, ин як бахши хеле ҷолиби фонди шуъба аст. Китобҳои ҳаҷман хурд 1205 нусхаро ташкил дода, соҳаҳои таърих, адабиёт ва географияро дар бар мегиранд. Қисми зиёди ин китобҳо адабиёти бадеӣ мебошад. Масалан: Малышева Л. ”Музей-заповедник   А. С. Пушкина. Болдино” (1977), Федоров И. ”Азбука” (1977), Некрасов Н. А. ”Стихотворения и поэмы” (1979), Дехлеви А. Х. ”Избранные газели” (1980), Пушкин А. С. ”Руслан и Людмила” (1984), ”Географический атлас СССР” (1984), “Таджикско-русский словарь” (1955), ”Ленину посвящается” (1969) ва ғайра. Бояд қайд намуд, ки хурдтарин китобча дар шуъбаи депозитарӣ китобчаи “Эпиграммаҳо” буда, баландиаш 4 см 4 мм ва бараш 4 см аст, ки 258 саҳифаро дар бар мегирад.

Дар ин китобчаҳои хурдакак эҷодиёти адибони кишварҳои гуногун аз ҷумла Англия, Олмон, Испания, Русия ,Фаронса ва ғайра рӯйи чоп омадааст.

Дар қатори китобҳои ҳаҷман хурд шуъба боз дорои китобҳои бузургҳаҷм низ мебошад.

– Дуруст аст. Фонди китобҳои ҳаҷман калон 3 ҳазору 416 нусхаро ташкил медиҳад, ки қариб 90 дарсади он дар бораи санъат, мусиқӣ, театр, портрету расмҳо мебошанд. Аз ҷумла: Худеков С. Н. ”История танцев” (1913), Чехов А.П. ”В театре” (1955), Ершов Н. Н “Альбом одежды таджиков” (1969), “Персидские миниатюры” (1969), Малышев, В. “Избранные фотографии”, “Конститутция РСФСР” (1970), Литвинский Б. А. “Аджина–Тепа” (1971), Шавердян, Р “Живопись. Скульптура” (1982) ва ҳоказо. Калонтарин китоби шуъбаи депозитарӣ китоби “Фауст”-и  Гёте мебошад, ки аз  2 қисм иборат буда, дар як китоби калон ҷой дода шудааст. Қисми якум 173 саҳифа ва қисми дуюм 218 саҳифаро дар бар мегирад. Китоб аз саҳифаи I то XXIX бо рақамҳои румӣ ишора шуда, тахминан 10 кг вазн дорад. Баландиаш 44 см ва бараш 34 см-ро ташкил дода, соли 1899 аз чоп баромадааст.

– Тахмин мекунам дар хазинаи шуъба китобҳо ба забони русӣ хеле зиёданд.

– Бале. Фонди забони русӣ (хронологӣ) 5 ҳазору 480 нусха ва бо забони русӣ (инвентарӣ) 9 ҳазору 253 нусхаро фаро мегирад. Ин китобҳо низ тақрибан дар ҳама соҳаҳои илм навишта шуда дар солҳо ва макони гуногун рӯи чоп омадаанд. Аз ҷумла, китобҳои Козлов П. К. “В сердце Азии” (1928), Гинзбург “Птицы Таджикистана” (1940), “Антология Таджикской поэзии” (1951), Александр Блок “Письма к жене” (1978), Шарбатов Г. Ш. “Русского-арабский учебный словарь” (1979), “Русско-немецкий словарь” (1981), Карел Тайбл “Ювелирное дело” (1982), “Иммунология” (1982), Смирнов В. И. “Курс высшей математики” Т. 4, ва ғайраҳо. Дар қатори китобҳои забони  русии рақамӣ (инвентарӣ) китоби Райхани А. ”Избранные произведения” (1917), “Известия Средне-Азиатского географического общества” Т.19. (1929), Федченко Б. “Флора Азиатской России” (1932), Арсеньев К. “Статистические очерки России” (1948), Бартольд В. ”О Самаркандских осуриях” ва дигарон мавҷуданд.

– Аз адабиёти илмиву бадеии ҷаҳон чӣ доред?  

– Дар шуъбаи депозитарӣ 505 нусха китобҳои олимони ҷаҳон маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо хеле зебову рангоранг ва ҷолиб мебошанд. Китобҳои Гомер ”Илиада”, “Одиссея” (1967), “Античная лирика” (1968), Карло Гальдони ”Комедии”, Карло Готси “Сказки для театра”, Лу Синь ”Повести и рассказы” (1971), “Поэзия и проза Древнего Востока”  (1973),  ”Ирано-таджикская поэзия”(1974), Ярослав Ивашкевич “Хвала и слава” (1974), Фридрих Шиллер ”Драма. Басни в прозе” (1975), “Классическая драма Востока” (1976), Мильтон Джон. ”Потерянный рай”  аз ин ҷумлаанд.

Доир ба  нашрияҳои даврии шуъба чӣ гуфта метавонед?

Шуъба дорои 2508 нусха нашрияҳои даврӣ ва давомдор мебошад. Чунончи: “Русская мысль” (1882), “Русское богатство” № 3… (1898), “Журнал Министерства Народного Просвещения” (1900), “Метеорологический вестник”. Июн, Июль, Август…(1908), “Современный мир” № 2… (1910), ”Вестник Европы”, “Русская школа” Том 1 № 4 (1911), ”Вестник воспитания.” Научно-популярный журнал. Январь, Февраль, Март… (1914), ”Музыкальный современник” (1915) ва ғайра.

Нашрияҳои маълумотдиҳанда аз қабили донишнома 696 нусха ва 73 нусха луғати солҳои кӯҳанро дар бар мегирад, ки қиммати хеле баланди илмӣ доранд. Иддае аз ин китобҳо таърихи беш аз садсола доранд. Масалан, “Географическо-статистический словарь Российской Империи” (1855) 171 сол қабл ва “Англо-русский словарь” (1877) 148 сол қабл чоп шудаанд. Аз чопи “Реальная энциклопедия практической медицины” (1911) 115 сол гузаштаву аз “ Энциклопедический словарь русского библиографического института Гранат” (1931) 95 сол сипарӣ гаштааст. Хонандагон бори аввал китоби ”Военная Энциклопедия”-ро соли 1913 ва “Словарь  русского языка”-ро соли 1927 ба даст гирифтаанд.

Табиист, ки китобҳои кӯҳнаи луғат, фарҳангнома, донишнома  наметавонанд ниёзи имрӯзиёнро бароварда созанд, чун илм беш аз як аср пеш рафта, китобҳои беҳтару хубтар навиштаву таҳия шуданд, вале ин маънои онро надорад,ки ки арзиши илмиву адабии онҳо пурра аз байн рафтаст.

-Дар мавриди варақаҳои изографӣ чӣ мегӯед?

– Шуъба дорои 71 нусха варақаҳои изографӣ мебошад, ки расмҳои беназири онҳо касро мафтун мекунад, ки барои рассомону санъаткорон ва тарроҳон хеле заруранд. Намунаи беҳтарини онҳо “Альбом «Одежды Таджиков»” (1969), Х. А. Юлдашев “Архитектурный орнамент Таджикистана” (1957) “Русская графика” 1941-1960- (1979) ва дигар варақаҳои изографии солҳои пешин нигаҳдорӣ мешаванд.

Хоҳишмандон маълумоти бештарро доир ба шуъбаи мазкур аз куҷо дастрас карад метавонанд?

Дар робита ба фаъолияти шуъбаи депозитарӣ якчанд китоб ва дастурҳои библиографӣ рӯйи чоп омадаанд, ки муҳаққиқони ҷавон метавонанд, аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд. Аз ҷумла китоби Идигул Нусратуллозода  бо номи “Шуъбаи депозитарӣ ва махзани арзишманди он” ки соли 2023 нашр гардид, ки аз адабиёти бисёр муфид ва боарзиш маҳсуб меёбад. Китоби мазкур зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, бо муҳарририи доктори илмҳои филология, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода чоп шуд.

Соли 2025 бошад “Китобҳои ҳаҷман хурди Китобхонаи миллӣ” ном феҳристи адабиёт зери назари доктори илмҳои педагогӣ профессор Ҷумахон Файзализода, мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Идигул Нусратуллозода, муҳаррир Ҷурабой Раҷабов ва муқарриз номзади илмҳои филологӣ Атозода М. руйи чоп омадааст.

Ташаккур барои суҳбати ҷолиб ва пурмуҳтаво

Саломат бошед.

Мусоҳиб Махфират Муҳиддинова