Бойгонии шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бо 250 нусха адабиёти нав ғанӣ гардид
Ин паём ба тозагӣ расид. Бо дастури директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумахон Файзализода муассиса барои толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон 250 китоби нав харид.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ имрӯз ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврсони муассиса, ки яке аз шуъбаҳои асосии хизматрасонӣ маҳсуб меёбад, зиёда аз 250 нусха адабиёти бачагонаро туҳфа кард.
Шаҳноза Даниярова, сардори шуъбаи мазкур гуфт, ки ҳамасола муассиса наздики 250 нусха адабиётро тибқи дархости хонандагони хурдсол харидорӣ мекунанд, ки ин яке аз ташабусҳои хубу қобили дастгирии директори Китобхонаи миллӣ мебошад.
“Давоми сол ба мо садҳо нусха китоб туҳфа мекунанд, дар баробари ин тибқи дархости хонандагон мо рӯйхати адабиёти лозимаро барои шуъба ва хонандагонамон тартиб медиҳем, ки онҳо аз ҷониби роҳбарият харидорӣ шуда, ба шуъба дастрас мегарданд”.
Дар баробари ин таъкид бояд кард, ки китобҳои харидоришуда аксаран аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” интихоб гардидаанд ва барои хонандагони шуъбаи мазкур аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Аз ҷумла, китобҳои “Нома ба бародар”, “Қофиябозӣ”, “Бозиҳои Акбарҷон”-и Латофат Кенҷаева “Алвончак”-и Сайдалӣ Маҳмуд, “Мусиқии баҳор”-и Алӣ Бобоҷон, “Ҳақиқати талх”, “Субҳи Ватан”-и Баҳром Фирӯз, “Ганҷи Симиганҷ”-и Нуъмон Розиқ, “Ёддоштҳо”-и С.Айнӣ , “Гулчини латифаҳои ҷаҳон” ва даҳҳо китобҳои серхонандаи дигар ба фонди асосии шуъбаи мазкур ворид гардида, ҳамакнун дастраси хонандагон шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ наздики 30 ҳазор аъзо дошта, дар фонди асосии он қариб 7 ҳазор нусха адабиёти кӯдакона нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳамарӯза хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар шуъбаи мазкур маҳфилу чорабиниҳо барои кӯдакону наврасон пайваста баргузор гардида, барои ҳавасманднамоии хонандагон ба китобхонӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии онҳо саҳм мегузоранд.