Бонувони Китобхонаи миллӣ дар оғӯши гули лола

дар оғӯши гули лолаФасли зебои баҳор гулгашту чаман ва кӯчаҳои Душанберо ҳусну ҷилои тоза додааст. Ҳар сӯ менигарӣ хандаи гул мебинӣ, ҳар қадам бӯи дилорои сабза ба машом мерасад. Суруди зебои Ҳунарманди маҳбуб Тӯҳфа Фозиловаро ба ёд меорем, ки бар матни устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ месарояд: “Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло…”

Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ сайругашт дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои истироҳатии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ки бо ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ беш аз пеш сабзу хуррам ва обод мегардад, басо фараҳафзост.

Бо ташаббуси Шӯрои бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” рӯзи 6 апрел гурӯҳе аз бонувони Китобхона бо либосҳои идонаи баҳорӣ, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомони ба “Сайри гули лола” баромаданд.

Як сайругашти хотирмоне буд, суҳбат асосан аз табати дилфиребу гулҳои шукуфон буд. Аз ободӣ, аз зебоии пойтахти кишвар гуфтанду гуфтанд.

“Сайри гули лола” анъанаи дерин буда, аз 13 декабри соли 2018 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуд ва ҳоло ҳамасола таҷлил мешавад.

Ба ин муносибат ҳар гуна озмунҳову сайругаштҳо дар оғӯши табиат ташкил карда мешавад.

Абдуғаюр Саломов.
Аксҳо аз Саодат Набиева