Борбад ва ташаккули мусиқии классикии тоҷик. Ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ
2-уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ бахшида ба ифтихори гиромидошти хотираи Асосгузори мусиқии форсӣ-тоҷикӣ Борбади Марвазӣ таҳти унвони “Борбад ва ташаккули мусиқии классикии тоҷик” доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, муаррихон, фарҳангшиносон ва мусиқидонону оҳангсозони шинохта иштирок карда, доир ба рӯзгор, осор ва шахсияти бузурги олами мусиқии форсу тоҷик Борбади Марвазӣ маъруза карданд.
Ҳамоишро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, аз нақш ва мартабаи Борбади Марвазӣ ҳамчун ҳунарманд ва мусиқидони камназир ёдовар шуд.
Борбади Марвазӣ ҳамчун ҳунарманди асил ва мусиқидони камназир тавонист бо низоми мусиқии мураттаб намудаи худ дар рушди пояҳои касбияти мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва масъулияти аҳли мусиқӣ дар ҷомеа саҳи гузорад.
Фаъолияти эҷодии Борбад дар дарбор, дар ҳамкорӣ бо мусиқидонон, ҳунарвароне чун Накисо, Саркаб, Бомшод, Ромтин, Озодвори Чангӣ, Гесӯи Навогар рангину пурбор гузашта, маҷмӯи зиёди суруду оҳангҳои маросимию мавсимӣ эҷод менамоянд. Дар адабиёти илмии мусиқӣ намунаи барҷастаи таснифоти устодонаи мусиқиро дар мисоли маҷмӯаи силсилаи Борбад “Тариқат-у-қадимия”, “Тариқату-л-Фаҳлизия”, “Форсиёт”,”Форсивонсуруд” ва ғайра метавон натиҷагирӣ кард.
Сипас, муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов доир ба рӯзгори Борбади Марвазӣ, таснифотҳои ӯ, ҳаёти дарборӣ ва намунаҳои асарҳои хамсавии адабиёти классикии форсу тоҷик сухан гуфт.
Дар асарҳои хамсавӣ образи Борбад зиёд зикр мешаванд. Муаллифони ин асарҳо бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ хислати ватанпарварона ва ҳунари нотакрори Борбадро рӯйи коғаз овардаанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки нақши ӯ дар адабиёт низ хеле бузург мебошад.
Дар идома, Ҷумъа Қуддус драматург, публитсист ва тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чандин хотираҳои Борбади Марвазиро ёдовар шуда гуфт, ки “Борбад аз музофот ба шаҳр ба Тайсафун рафт ва ба дарбори шоҳ роҳ ёфт. Ӯ шахсияти фарҳанги маъруфу машҳур буд. Аз ӯ як шахсияти сиёсӣ низ месохтанд.
Аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамчун як шахсияти ватандӯст бисёр ёд шудааст”.
Мусиқишинос ва оҳангсози шинохта Қудратулло Яҳёев дар ҷараёни ҳамоиш аз беҳтарин оҳангҳои Борбад ва садоҳои ба мусиқӣ мувофиқ омадаро зикр карда, ҳамчунин бо пахши чанд намунае аз оҳангу мусиқиҳо лаҳзае хотири иштирокдорони ҳамоишро болида намуд.
Кароматулло Раҳимзода – номзади илмҳои саъатшиносӣ, дотсенти кафедраи санъатшиносӣ ва назариявии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз Борбади Марвазӣ ҳамчун хунёгар ном бурда, зикр кард, ки ин нобиғаи нотакрор воқеан хунёгари мусиқӣ буд. Дар саҳнаи мусиқӣ ворид гардидани ӯ хеле муҳим буд. Ӯ дар дарбори Сосониён системаи мусиқиро ташкил кард. Беш аз 5 ҳазор сурудро гирдоварӣ намуд ва метавонист бадоҳатан мусиқиеро навозад, сарояд ва эҷод кунад.
Дар қисмати дигари ҳамоиш профессор Аслиддин Низомов доир ба Борбадшиносӣ ҳарф зад. Ӯ таъкид кард, ки таҳқиқи Борбад методологияи дигар мехоҳад. Бояд паҳлуҳои дигари ҳаёти Борбад, мусиқиофаринӣ ва таҷрибаҳои ӯ таҳқиқ карда шавад. Борбад дар замони як империяи бузурги ҷаҳонӣ дар дарбори шоҳони сосонӣ, махсусан Хусрави Парвиз, ҳамчун навозандаи расмӣ фаъолият дошта, мусиқи меофарид мо бояд инро ҳифз кунем ва исбот намоем, ки ин тамаддун аз мост.
Эҳёи муносибатҳои нави илмӣ дар ин самт барои насли ҷавон бояд яке аз вазифаҳои асосӣ дар заминаи ватандӯстӣ бошад.
Дар қисмати ҷамъбастии кори ҳамоиш муҳақиқони соҳа назару пешниҳоди иброз дошта, зикр карданд, ки мо бояд дар якҷоягӣ барои таҳқиқ ва омӯзишу зиндагардониданӣ таърих саҳм гузорем.
Ҳамоиш бо пешниҳоди чанд порча суруди “Шашмақом” аз ҷониби ҳунарманди ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Боймадов хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, Борбад дар асрҳои 6-7 уми мелоди дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст. Уро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони “хусравонӣ”, бунёдгузори сабки “Марвисраишних”(марвихонӣ), муассису танзимгарӣ “тақвими мусиқӣ” дар тамаддунимусиқии мардуми Шарқи Миёнаю Наздик медонанд.
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи
Китобхонаи миллӣ