Бошишгоҳҳои давраи неолитӣ дар Ориёнои Ғарбӣ.
Маданияти Сиёлка.
Дар ҳудуди Ориёнои Ғарбӣ ёдгориҳои бисёри кишоварзони аввалин дар Рай,Кирмон,Порс ва дигар ноҳияҳо пайдо шуданад,аммо онҳо дуруст омўхта нашудаанд ва Теппаи Сиёлка дар ноҳияи Кошон ягона ёдгориест,ки дар солҳои 3-юми асри 20 аз тарафи боштоншиноси Фаронса таҳқиқ шудааст. Дар бошишгоҳи Сиёмка одамон давраҳои тўлонӣ зиндагӣ намудаанд, ки қабатҳои мадании он 72 метр ғафсӣ ва масоҳати 3 га заминро дар бар мегирад. Одамон дар хонаҳои гилӣ мезистанд.Бозёфти чархи ресандагӣ гувоҳи он аст,ки дар он ҷо бофтани матоъро медонистаанд. Зарфҳо нақши мураккабтар доранд. Дар қабатҳои Сиёлка дарафш ва сўзанҳои мисӣ,табарҳои сангин,дастпона ва ҳалқаҳои сангин, ҳайкалчаи устухонӣ пайдо шудаанд,ки далели мавҷуд будани маданияти кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошанд. Яке аз хусусиятҳои зарфсозии Сиёлка ва ҷайгуниён ба лой ҳамроҳ намудани коҳмайда мебошад. Зарфҳо дастисохт буда,бо ранг оро ёфтаанд. Гулҳои тўморча,мавҷӣ ва турӣ бо ранги ҷигарӣ ё сиёҳ дар замини сурх ё шаффоф кашида шудаанд.Зарфҳои сурхи якранг низ вомехўранд.Фарҳнги сиёлкиён аз як тараф ба ҷайгуниён ва аз тарафи дигар ба бошишгоҳҳои Ироқ шабоҳат дорад.Онҳо мурдаҳоро дар ҳудуди деҳа мегўронданд.мурдаро дар гўр як паҳлу ҳалқавор,тавре ки дар батни модар мехобад,гузошта ба болояш ранг мепошиданд.
Дар охири давраи мезолит чорводорӣ пайдо мешавад.Қабилаҳои чорводор дар ҷанубии баҳри Гургон,ғори Камарбанд ва Хотун дар Ҳуросон, Дамдамчашма дар Туркманистон,Ҳоҷиғор дар Узбекистон,Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва Қаракамар дар Афғонистон зиндагонӣ дошта таҳқиқ шудаанд.
Таҳияи Ойчонгул Давронова,
шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ