Бояд бишносем. Исҳоқи Мавсилӣ: мусиқидони эронитабори аҳди хилофати араб
Исҳоқи Мавсилӣ Абумуҳаммад Исҳоқ ибни Иброҳими Моҳон соли 767 дар Бағдод ба дунё омадааст. Сароянда, навозанда ва мусиқидони эронитабори аҳди хилофати араб. Писари Иброҳими Мавсилӣ. Нозукиҳои ҳунари сарояндагӣ ва навозандагиро аз падар ва тағояш Мансур Залзали Розӣ омўхтааст.
Дар дарбори хулафои аббосӣ Маҳдӣ (ҳукмронӣ 775-785), Ҳорунуррашид (785-809), Маъмун (813-836), Мутаваккил (836-861) ба ҳайси роҳбари ромишгарон, устод ва сарвари фарҳангистони ҳунари Бағдод хидмат кардааст.
Аз мубаллиғони мусиқии қадимии эронӣ буда, анъанаҳои эҷодию иҷроии эрониротанзим, такмил ва таҳким намуд. Дар ҳунари навозандагӣ (барбат ва уд) маҳорати баланд дошт. Дар уднавозӣ худро дар радифи Борбад ва вориси ў медонист. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо Исҳоқи Мавсилӣ 200 ё 400 оҳанг эҷод кардааст. Оҳангҳояш печутобҳои фаровоне доштанд, ки омўхтани онҳо мушкил будааст.
Исҳоқи Мавсилӣ ба суруду оҳангҳои форсӣ тобишҳои нав дода, бо услуби арабӣ иҷро кардааст. Овози пасти ғафс, эҳсоси баланд, дарки лаҳнҳо ва табъи хуши офарандагӣ дошт. Исҳоқи Мавсилӣ сақилҳо (оҳангҳои вазнин) ва намудҳои сарояндагиро аз ҳам ҷудо карда, тарзи иҷрои онҳоро беҳтару осонтар намудааст. Мақоми ангуштонро дар сози мусиқӣ ҳангоми иҷрои оҳанг ва тақсимоти рукнҳои оҳангӣ аз назари илмӣ нишон додааст.
Исҳоқи Мавсилӣ усул ва қоидаҳоеро, ки аз замони Юнуси Котиб боқӣ монда буданд, ҷамъоварӣ карда, дар эҷоди оҳангу суруд, табақабандии пардаҳову овозҳо, қоидаҳои зарб навоварӣ ҷорӣ кард, ки баъд аз ў асоси мусиқии исломӣ гардиданд. Бо истифода аз усул ва қавонини мусиқии юнонӣ (ҳанўз Уқлидус баррасӣ карда буд) масъалаҳои илмии ҳунари мусиқиро таҳқиқ кард. Ибни Мусод Исҳоқи Мавсилиро аз ҳунармандони гузашта-Ибни Сурайҷ ва Аризи Мубад бартар донистааст.
Амр ибни Банно дар китоби «Рамали аввал ва рамали сонӣ» оид ба дараҷаи устодии Исҳоқи Мавсилӣ ва тарзи истифодаи вусто ва бинсир ҳангоми навозиш таъкид кардааст. Исҳоқи Мавсилӣ сарояндагону навозандагони бисёрро тарбия кардааст. Зарёби Басрӣ аз ҷумлаи шогирдони ў буд.
Дар улуми динӣ, адабӣ ва забони арабӣ малакаи баланд дошта, шеърҳои ошиқона низ гуфтааст. Беш аз 40 асар эҷод кардааст, ки «ал-Ағони-л-кабир», «ан-Нағам ва-ш-шеър», «ал Иқоъ», «Китобу-т-танбурин», «Китобу-р-рақс» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо буда, то замони мо ҳеҷ кадоми онҳо боқӣ намондаанд.
Соли 850 дар Бағдод даргузаштааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С.4.
Муаллиф: А. Раҷабов.
Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.