Боз шарҳи дигар атрофи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ

Бо талоши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон китоби наве бо номи “Шарҳимухтасари Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баМаҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосиисиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,
аз 16-уми декабри соли 2025” рӯи чоп омад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб фарогирипаҳлуҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳоиасосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мебошад.
Дар шарҳи мазкур самтҳои асосии рушдииқтисодии кишвар, дастоварду мушкилоти соҳаҳоииқтисодӣ, иҷтимоӣ, амният, ҳифзи тартибот васиёсати хориҷӣ, ки дар Паём мавриди таҳлил қароргирифта, дурнамои онҳо муайян гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Маводи таҳиягардида барои омӯзиш ваистифодаи кормандони амалӣ докторантон, аспирантону унвонҷӯён, шунавандагону курсантон, донишҷӯён, инчунин, доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.
Насуриён Пулод Асадулло, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳоиҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия дар муқаддимаи китоб навиштааст:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷииҷумҳурӣ», ҳамасола ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши мустақими телевизионӣ ироа мегардад, ҳуҷҷати барномавӣ буда, аҳаммияти муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро доро мебошад.
Паём, ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсатидохиливу хориҷии давлат аст. Дар он ба таври возеҳнатиҷаҳои бадастовардаи давлат ва ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян, рафтиамалигардии барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҳадафу мақсадҳои гузоштаи давлат ироаи гардида, инчунин, мақсаду вазифаҳои мушаххаси стратегӣ барои рушди минбаъда таҷассум меёбанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми халқи кишвар ва сокинони мамлакатро аз ҳадафу мақсадҳои давлат ва Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон огаҳ месозад. Паёми Сарвари давлат баМаҷлиси Олӣ имкон фароҳам меоварад, ки фарҳанги давлатдориву давлатсолории ҳар якшаҳрванди кишвари азизамон баланд гардида, мояихудогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ васадоқату самимияти ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистониён мебошад.
Бояд иброз намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо тамоми шаҳрвандони кишвар, балки шаҳвандоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ будубоши доимӣ доранд, тамошо намуданд.
Арзишмандии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода мегардад, ки он саршор аз садоқат, матонат, самимият, меҳру муҳаббат ва ватану ватандорӣ ва волоияти муносибати самимонаи байниҳадигарии шахс, ки пайваста ғамхориву таваҷҷуҳи хосароталаб менамояд, мебошад. Дарки амиқи Паёмшаҳодат аз он медиҳад, ки он пурра ба ҳадафҳоиолии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, кидар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистондарҷ гардидаанд, равона шудааст. Бо бовариикомил метавон иброз намуд, ки ин ҳадафҳои олиикишвар моро ба сӯйи муваффаққиятҳои беназирроҳнамоӣ менамояд.
Хурсандиовар аст, ки дар рафти ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат на танҳо намояндагонихалқи Тоҷикистон – узви Маҷлиси миллӣ вавакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, дигар шаҳрвандонидаъватгардида, инчунин намояндагони корпусҳоидипломатии муқими Тоҷикистон ва ташкилотусозмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчунмеҳмонони олиқадр иштирок намуданд. Ин яке аз нишонаҳои давлатдории демократӣ аст. Зеротамоми бурду бохт, дастовардҳои назаррас вакамбудиву норасоиҳо ба таври ошкоро ироа гардида, мавқеи Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба таври мушаххас иброз мегардад. Тоҷикистон бо ин роҳ ба ҷомеаи ҷаҳони исбот намудааст, ки кишвари мо барои тамомиҳамкориҳои судманд ва сулҳҷӯёна омода мебошад. Аз ҷониби дигар, чунин усули ироаи Паём нишонава заминаи асосии сиёсати дарҳои боз аст.
Маҳз чунин сиёсати оқилонаи Пешвои муаззамимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзТоҷикистони соҳибистиқлол дар низомимуносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол намудааст. Айни ҳол мавқеи Тоҷикистон дарминтақа ва ҷоҳон шарафмандона ҷонибдорӣмегардад. Мисоли равшан ин аст ки имрӯз ҷомеаиҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки Сарвари давлатиТоҷикистон ташаббускори иқдомҳои бузургмебошад. Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона гардида, дар он масъалаҳои идоракунии давлатӣ, ташкил вафаъолияти байниҳамдигарии давлат ва шахс, ҳифзиҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминисулҳу субот дар давлат, минтақа ва ҷаҳон, низомииқтисодии кишвар ва имрӯзу фардои он, фарҳанг ва илму маориф дар кишвар натиҷагирӣ ва баррасӣ мегардад.
Хулосаҳое, ки вобаста ба масъалаҳои мазкурироа мегарданд, барои рушди минбаъдаи ҳаётиҷомеа равона гардидаанд. Паёми Пешвои муаззами миллат дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногунихоҷагии халқи мамлакат нақши муҳим дорад. Матни Паём бояд маводи рӯйимизии ҳар якхизматчии давлатӣ ва ҳар фарди худогоҳи миллат бошад. Муҳтавои он ҳамчун ҳуҷҷати олии сиёсӣ бояд аз ҷониби ҳар фарди ҷомеа дарк гардида, моҳият ва мазмуни он ба тамоми қишрҳои ҷомеаиТоҷикистон расонида шавад.
Ироа гардидани Паём аз ҷониби Роҳбаридавлати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираиманфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайяннамудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣва дурнамои рушди мамлакат, дар асл тантанаидавлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳоитаърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Баибораи дигар Паём сухани самимии Пешвоимиллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихоринасли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаиҷаҳонӣ мебошад.
Дар шаҳри илмӣ – таҳлилии мазкур кӯшиш бахарҷ дода шудааст, ки таҳлили илмӣ, таърихӣ, муқоисавӣ, оморӣ, низомнок ва мантиқии нуқтаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли2025 ироа гардиданд, мавриди баррасӣ қарор додашавад.
Китоби мазкурро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон