Боз як дастовард! Тими бонувони волейболбози Китобхонаи миллӣ “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”-ро дарёфт
Дастаи бонувони волейболбози Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» сазовори ҷойи чорум гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» аз 14 феврал то 10 март дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ дастаҳои духтаронаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон дастаҳои фаъоли дар сабқат иштирокдошта аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода пайваста баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш тадбирҳои судманд меандешад.
Соли гузашта баъди анҷоми мусобиқот ҳамаи духтарони варзишкори Муассиса алоҳида қадрдонӣ шуда буданд. Маҳз ҳамин дастгириву руҳбаландсозиҳо боис гашта, ки бонувони варзишкори Китобхонаи миллӣ номбардори муассиса дар ин мусобиқа шуданд.
Махфират МУҲИДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.