Боз як дастури илмӣ дар бораи таърихи адабиёти тоҷик

таърихи-адабиёти-тоҷикМуаллифи дастури таълимӣ – методии “Таърихи адабиёти тоҷик (аҳди бостон)” Н.Пӯлотов буда, он дар асоси барномаи фаннӣ ва нақшаи таълимӣ аз фанни «Таърихи адабиёти тоҷик» (аҳди бостон) таҳия гардидааст. Дастур барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик, “Маърифати оиладорӣ» -и шуъбаи рӯзона тавсия шудааст.

Дар сарсухани китоби мазкур омадааст: «Таърихи адабиёти тоҷик» яке аз илмҳои асосӣ ва тахассусии адабиётшиносӣ маҳсуб ёфта, вай чигунагии пайдоиш ва раванди ташаккулу таҳаввули адабиёти бадеии моро аз замонҳои қадим то марҳилаи ҳозира меомӯзад.

«Таърихи адабиёти тоҷик» осори адабие, ки мардуми эронӣ аз аҳди қадим ва оғози тамаддуни башарӣ то имрӯз офаридааст, дар бар мегирад. Таърихи адабиётро муҳаққиқон ба се давра тақсим кардаанд.

  1. Адабиёти бостон ва қабл аз ислом;
  2. Адабиёти баъд аз ислом;
  3. Адабиёти давраи нав.

Таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун фанни асосӣ ба масъалаҳои зерин дахолат мекунад: давраҳо ва марҳилаҳои инкишофи адабӣ, пайдоиш, таҳаввул ва инкишофи усулу ҷараён ва мактабҳои адабӣ, сабкҳои адабӣ ва таърихи пайдоишу инкишофи онҳо, робитаи адабӣ бо адабиёти дигар мардуми ҷаҳон, сайри сужа, ривоят ва қиссаву достонҳо дар таърихи адабиёт, пайдоиши қолабҳои шеър, санъатҳои адабӣ ва инкишофи онҳо, таъсири дину оин ва таълимоти фалсафию иҷтимоӣ ба мазмуну шакли адабиёт, таҳқиқ ва омӯзиши илмии таърихи адабиёт.

Мақсади асосии фанни «Таърихи адабиёти тоҷик» барои муҳассилин таълим додани асосҳои назариявӣ ва амали пайдоиш, таҳаввул ва инкишофи адабиёти форсу тоҷик аст. Азбаски ин фан масъалаҳои зиёди назариро фаро мегирад, соатҳои асосӣ ба таълими он нигаронида шудаанд. Дар дарсҳои назариявӣ бештар вазъи иҷтимоию сиёсӣ, илмию фарҳангии замон, ҷараёни зиндагӣ ва осори суханварон мавриди баён қарор гирифта шудааст. Азбаски доираи баҳс дар атрофи аҳволу осори классикони адабиёти форсу тоҷик хеле доманадор аст, дар ин дастури таълимӣ – методӣ фақат ба масоили умдаи он этибор дода шудааст. Донишҷӯён имкон доранд ҷанбаҳои дигари масъаларо аз сарҷашмаҳои таъиншуда дарёфт карда, аз онҳо иттилои судманд ба даст оранд.

Як қисми дарсҳои «Таърихи адабиёти тоҷик» заминаҳои амалӣ мехоҳанд ва аз ин рӯ барои фарогирии онҳо дарсҳои амалӣ лозиманд. Дар дарсҳои амалӣ донишҷӯён бештар он донишҳое, ки дар дарсҳои назарӣ фаро гирифта буданд, бо ҳамроҳии муалалимон баррасӣ менамоянд.

Китоби «Таърихи адабиёти тоҷик» – ро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.