Боз як давраи омўзишӣ дар Марказ таҳсилот анҷом ёфт

Имрўз, 12-уми июн, 7 нафар иштирокдорони давраи омӯзишии  навбатӣ аз ҷумлаи кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати як моҳ барномаи «ALEPH»ро омӯхта буданд, соҳиби Сертификат шуданд.

Ҷиҳати амали гаштани накшаи фаъолияти Маркази тахсилот ва иноватсияҳои китобдорӣ барои курси омӯзишии модули «Феҳристнигорӣ»-и барномаи «ALEPH» миёни китобдорон ва кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра доир карда мешавад.

Сайфиддин Камолзода-муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар маросими тақдими шаҳодатномаҳои хатм як бори дигар ба зарурати омӯзиши барномаҳои замонавии китобдорӣ таъкид кард ва гуфт яке аз ин барномаҳо ҳамин «ALEPH» аст, ки муддатҳост Китобхонаи миллӣ аз он истифода мебарад.

СертификатДар ин давраи омӯзишӣ, ки тули як моҳ давом кард, кормандони шуъбаҳои феҳристнигорӣ, нигоҳдории китоб, матбуоти даврӣ, мукамалгардонии фонд, рисолаҳои илмӣ, библиографияи миллӣ ва ғайра ширкат карданд. Гуфтанист, ки Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ имрӯз дар асоси яке аз барномаҳои маъмул ва дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «Aleph» (Алеф) ба роҳ монда шудааст.

Барномаи мазкур аз тариқи ширкати ExLibris дастрас карда шудааст.

Ин барнома аз ду қисми асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандони китобхона ва қисми дуюм («ОРАК») барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳар ду қисми барнома бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ дошта, аз як манбаи маълумот истифода мекунанд.

Дар ҳақиқат истифодаи китобҳои дарсии электронӣ раванди таълимро мусоид ва муфид мегардонад ва барои мустаъқиман самаранок аз худ намудани маводи таълимӣ имконият медиҳад. Аз ин дараҷаи дониши компютерии кормандон зиёд мегардад, қобилияти коркарди иттилоотро мукаммал менамояд.

Бо истифода аз ин барнома хонандагон бевосита метавонанд аз феҳристи электронӣ истифода карда, китоби лозимиро ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамзамон онро барои мутолиа дархост намоянд.

Абдуғаюр Саломов, сармутахассиси Марказ