Боз як китоби дигари дарсӣ аз назарияи мусиқӣ

назарияи-мусиқӣСадо падидаест дар табиат, ки инсон онро бо гӯши худ мешунавад. Садоҳое, ки ҳар рӯз дар мавридҳои гуногун мешунавем, хеле зиёданд. Агар лаби дарё биёем он гоҳ садои шар – шари об шунида мешавад. Ва агар ба боғ дароем, овози  паррандаҳоро мешунавем. Садоҳои табиӣ гуногун ва хеле серранганд. Сароиши парандагон хеле мусиқавист: ҳар як паранда ба таври худ оҳангеро месарояд, ки он дорои асоси интонатсионӣ, василаҳои ороиши зебо, зарбу набз, суръат, ранги нотакрор, унсурҳои динамикиӣ – эҳсосотӣ мебошад.

Иқтибосе буд аз сарсухани Фароғат Азизӣ, муаллифи китоби “Назарияи мусиқӣ”. Ин китоб соли 2021 чоп шуда, ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст.

Муаллиф дар идома овардааст, ки чунин хусусиятҳои мусиқавии сароиши паррандагон  эҷодкорони мусиқиро бетараф намондааст. Дар давраҳои гуногун, ҳанӯз аз қарнҳои 16 – 17 таваҷҷӯҳи композиторон ба ин гунаи мусиқии табиӣ хеле равшан зоҳир гардидааст. Ҳам садои дарё ва ҳам сароиши паранда, гарчанде аз якдигар фарқкунандаанд, ба як навъи садо  – садоҳои табиӣ дохиланд.

Дар атроф садоҳое ҳастанд, ки ба мо форам нестанд. Аз зумраи ҷунин садои шикастани шиша ё ба замин афтидани ягон чизи вазнин, харрош – харроши оҳанпора, хаш –хаши ҳайвонот ва ғайра. Ин садоҳои нофорам садоҳои ғулғулавӣ мебошанд.

Садои навъи сеюм он аст, ки дар вақти гап задан, сароидан ва ё навохтани мо онро мешунавем. Ин садои мусиқавӣ аст, ки савт ном дорад. Савт дар мусиқӣ унсури асосӣ маҳсуб меёбад. Зеро ки мусиқӣ ва эҷоди он бидуни савт имконнопазир аст. Ҳар он чизе, ки инсон метавонад ба ёрии гӯши худ эҳсос кунад, «садо» номида мешавад. Ва санъати мусиқӣ – навъи санъатест, ки асоси он маводи садоӣ буда, инсон онро бо узви шунавандаи худ қабул мекунад. Садо унсури хурдтарини  мусиқист ва бе он мусиқӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Аз озмоишҳои физикӣ чунин бармеояд, ки садо натиҷаи лаппиши ҷисми моддӣ аст, яъне ҳар гоҳ ҷисм бо суръате ба лаппиш дарояд аз он садо ҳосил мешавад.

Ин китоби дарсӣ тибқи барномаи таълимии консерватория, дар заминаи китобҳои рӯимизии назарияи мусиқӣ (ки мақоми унверсалиро дар таълими ин фан пайдо кардаанд) бо ҷалби дарёфтҳои навтарини фаннӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон хусусан мутааллиқ ба профессорони  машҳури мусиқӣ Парвиз мансурӣ (Эрон, Австралия, 1924 – 2011 Б.Бонфелд, Россия, 1939 – 2005)  ва дигар тахия гардидааст. Китоб барои донишҷуёни консерваторияи пешниҳод шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд китоби «Назарияи мусиқӣ» ии донишманди тоҷик Фароғат Азизиро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намояд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд