Боздиди 115 нафар хонандагони як мактаб аз Китобхонаи миллӣ
115 нафар хонандагон мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ин хонандагон бо ибтикори устодашон Меҳроҷ Сироҷиддинзода ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва ҳадаф ошноии бештари хонандагон бо шароитҳои Китобхона ва ҷалби онҳо ба китобу кутобхонӣ буд.
Меҳророҷ Сироҷиддинзода мегӯяд шиносоӣ бо ин боргоҳи маърифат ва аз наздик ошно шудан ба шароити он, толорҳои хониши ин хазинаи маърифат метавонад дар рушди худшиносии миллии хонандагон, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром намудани ёдгориҳои таърихӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани хонандагон ва мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнии онҳо кумак расонад.
Хонандагонро роҳбаладон аз шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ ба сайри Китобхона бурданд.
Онҳо аз толорҳои хониш, мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китобҳои Дастхатҳои Шарқ ва Осорхонаи китобҳои тозанашри даврони истиқлол, инчунин аз шуъбаи адабиёти хориҷа, шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, адабиёти кӯдакон ва наврасон ва дигар шуъбаҳо дидан намуданд, бо фаъолияти корӣ, раванди хидматрасонӣ ба хонанда ва истифодаи технологияҳои муосир шинос шуданд.
Азиза НИЁЗОВА, мутахассиси шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ