Боздиди Дмитрий Петров аз Китобхонаи миллӣ

ПесковИмрӯз ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мушовири сафири Россия дар Тоҷикистон Дмитрий Петров ва Президенти Фонди байналхалқии “Духовного единство народов”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Валерий Алексеев  ташриф оварданд.

Меҳмононро директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода қабул намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳо ва муносибатҳои фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷику рус сухан ронданд.

Директори Китобхонаи миллӣ ба меҳмонон дар бораи робитаҳои байналмилалии муассиса, созишномаҳо бо китобхонаҳои хориҷӣ нақл кард. Вай ҳамкории Китобхонаи миллиро бо муассисаҳои фарҳангии Федератсияи Русия, аз ҷумла бо китобхонаҳои маъруфи ин кишвар сутуд.

Меҳмонон китобҳои тозанашри адибони барҷастаи русро ба фонди Китобхонаи миллӣ тақдим намуданд.

Дар поёни мулоқот меҳмонон ба Китобхонаи миллӣ, шароитҳои он аз наздик ошно шуданд.

Мавзуна Орумбекова