Боздиди иштирокчиёни Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар доираи эълони «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021», аз 20 то 24 сентябри соли равон Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор шуда истодааст.
Дар чаҳорчӯби барномаҳои ин фестивал имрӯз ҳудуди 85 нафар кӯдакону наврасон аз кишварҳои узви ИДМ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароит ва хизматрасониҳои он ошно шуданд.
Меҳмонон толорҳои хониш, “Осорхона китоб”-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, толори китобҳои тозанашри даврони Истиқлол, мусаввараи бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифӣ, толори адабиёти хориҷӣ, шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, матбуоти даврӣ, шуъбаи маъюбон, шуъбаи кӯдакон ва наврасон, феҳрист ва толори хониши электрониро тамошо карданд.
Ҳадаф аз баргузории ин фестивал мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни кӯдакону наврасони кишварҳои узви ИДМ, тарғиби арзишҳои умумиинсонӣ, сулҳу ваҳдат шинохт ва арҷгузории анъанаву фарҳанги ҳамдигар гуфта мешавад.
Раҳима Аъзам.