Боздиди Сафири Корея аз Китобхонаи миллӣ. Тақдими китобу асбобҳои мусиқӣ ба Гӯшаи Корея
Баъд аз зуҳри 25-уми декабр соати 14:00 ба мақсади дастгирии фаъолияти Гӯшаи Корея Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва бо директори муассиса, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мулоқот кард.
Дар ин дидор ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Корея суҳбат карданд. Аз ҷумла директори Китобхонаи миллӣ доир ба заминаҳои ҳуқуқии ин ҳамкориҳо, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллӣ ва Институти Шоҳ Сеҷони Ҷумҳурии Корея, ки соли 2013 ба тасвиб расида буд, Ёддошти тафоҳум байни Сафорати Ҷумҳурии Корея ва Китобхонаи миллӣ изҳори назар кард. Ҳамзамон директори Китобхонаи миллӣ қайд намуд, ки имрўз фаъолияти Гӯшаи Корея тибқи санади ҳамкорӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, ҳамарўза аз он даҳҳо нафар меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар дидан мекунанд. Шумораи хонандагони ин Гӯша бошад сол аз сол зиёд мешавад.
Дар мулоқот профессор Ҷумахон Файзализода аз сафари хидматие, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Корея анҷом дод ёдовар шуд ва ба Сафорати Корея барои фароҳам овардани ин фурсати мусоиди ошноӣ ба кори Китобхонаи миллии Корея ва фарҳанги миллии ин кишвари зебонманзар изҳори сипос намуд.
Баъдан Сафири Корея ҷаноби Ҷон Сонг Шик аз пазироии гарми роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ташаккур гуфт ва барои боз ҳам фаъолтар кардани Гӯшаи Корея дар Китобхонаи миллӣ ва таъминоти техникии он сухан гуфт. Сафири инчунин дар бораи барномаи EPS ёдовар шуд ва зикр кард, ки ин барнома на фақат барои забономўзон куриёӣ, балки барои тамоми аҳолии кишвари Тоҷикистон муфид аст. Ҷаноби Сафир қайд кард, ки им дар Ҷумҳурии Корея 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон забони куриёӣ меомӯзанд.
Дар поёни мулоқот Сафири Ҷумҳурии Корея аз ҷониби Ҳукумати Корея барои Гӯшаи мазкур китобҳои электронӣ: ҳикояву романҳо ва 4 адад асбоби мусиқӣ тақдим намуд. Асбобҳои мусиқии ҳадяшуда аз 1 адад най, 1 адад каягм (асбобои мусиқии миллӣ) ва 2 адад табл иборат мебошанд.
Ҳамзамон ҷаноби Сафир ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” китоб ҳадя намуд. Китоби мазкур аз иморат ва манзили истиқоматии қадимии Корея маълумот медиҳад.
Дар охир дастпарварони Гӯшаи Корея бо забони кореягӣ шеърҳо қироат намуданд.