Боздиди Сафири тозатаъини Белорус аз Китобхонаи миллӣ

   Субҳи имрўз сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Денисенко Виктор Александрович бо котиби якуми Сафорати Белорус Новак Александр Васильевич ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.

   Ҳадафи ташрифи меҳмонон тақдим намудани як миқдор китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи ҷаҳонии тақдими китоб буд, ки ҳамасола 14  – феврал таҷлил мегардад.

   Тибқи нақша  – барнома меҳмонон сараввал аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр ва гўшаи китоби Ҷумҳурии Белорус, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, боздид намуданд. 

   Баъдан, мулоқоти сафири тозатаъини Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Денисенко Виктор Александрович бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол сурат гирифт.

   Сараввал ҷонибҳо аз фаъолияти пурсамар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус риштаи суханро оғоз намуда, атрофи муносибатҳои дуҷонибаи китобу китобдорӣ, татбиқи бандҳои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Белорус изҳори назар намуданд.

   Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши китобу китобдорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

   Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби Сафир як миқдор китоб ба фонди Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ҳамчунин, Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор  Файзализода Ҷумахон Хол барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар ҷаноби Сафирро бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

   Ёдовар мешавем, ки шурўъ аз соли 2012 инҷониб 14 – феврал ҳамасола ҳамчун Рўзи ҷаҳонии тақдими китоб дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

 Фарзонаи Мирзо.