Боздиди Сафири Украина дар Тоҷикистон аз Китобхонаи миллӣ. Тақдими 33 нусха китобҳои чопи Украина
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон ҷаноби Серватюк Василий Николаевич бо зумрае аз кормандони сафорати Украина ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ташриф оварданд. Ҳайати мазкур аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, ҳамчунин бо гӯшаи китобҳои Украина, ки дар толори намоишии шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷойгир аст, шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои Украина дар сатҳи хуб қарор дошта, дар асоси он мубодилаи байналмилалии китоб ба роҳ монда мешавад.
Меҳмонон ва раёсати Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва намоиши китоби 18 давлати дунё, ки бо мо шариканду ҳамкорӣ доранд, дидан намуданд.
Аз чунин намоиши китоб шуъбаи адабиёти хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Украина ва аҳли кормандони сафорат хушҳол гардида, дар ростои ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дўстӣ баҳри ғанӣ намудани фонди китобии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 33 нусха адабиётро ба забони украинӣ, русӣ ва англисӣ тақдим намуданд.
Идигул Нусратуллозода,
Муовини сардори
шуъбаи адабиёти хориҷӣ.