Боздиди Вазири маорифи Украина аз Китобхонаи миллӣ

Боздиди Вазири маорифи Украина аз Китобхонаи миллӣ

Баъд аз зӯҳри дирӯз як гурўҳ ҳайати намояндагон аз Ҷумҳурии Украина аз ҷумла, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Украина Шкарлет Сергей Михайлович, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк Николай Василевич, Сардори хадамоти сарпарастӣ Захарин Сергей Владимирович, Шкабо Сергей Иванович сардори шуъбаи созишномаҳои байналмилалии идора ва протоколи ҳамкориҳои байналмилалӣ, Хижняк Юлия Анатолевна Мушовири Вазири маорифи Украина ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.


Дар толори пазироӣ Директори  Китобхонаи миллӣ  Файзализода Ҷумахон Хол ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас намуд.  Дар рафти мулоқот Директори Китобхона аз таҷлили гиромидошти адиби барҷастаи украинӣ Леся Украинка, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон моҳе  қабл бо ҷамъи ҳайати дипломатӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина Серватюк Василий Николаевич баргузор гардид, ёдовар шуд.

Ҳамзамон,  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Украина Шкарлет Сергей Михайлович аз вуруди ҳайат ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, қайд намуд, ки  “ман борҳо китобхонаҳои зиёдеро дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он дидаам. Аммо чунин Китобхонаи боҳашамат ва дорои китобҳои нодир ва беназирро  бори аввал мебинам. Месазад, зикр намуд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон на танҳо бойгарии миллати тоҷик, балки дастоварди тамоми дунё  маҳсуб меёбад”.  

Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби Вазир ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон 10 нусха китоб тақдим намуд. Ҳамчунин, Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор  Файзализода Ҷумахон Хол барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар ҷаноби Вазирро бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

 

Ҳайати намояндагони Украинӣ баъдан аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори намоиши китоб ва толори адабиёти хориҷӣ, ки дар он ҷо гўшаи китобии Ҷумҳурии Украина низ мавҷуд ҳаст, дидан намуданд. Аммо диққати бештари онҳоро мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюм, дар рӯ ба рӯи дари даромад ҷой гирифтааст, ҷалб намуд. 

 Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзаалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

 

 Фарзонаи Мирзо