Боздидкунандагони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир

 Имрўз 40 нафар шунавандагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бо роҳбарии Ҳафиза Бобоҷонова ба шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Инҳо муаллимони забон ва адабиёти тоҷик ҳастанд, ки мавзӯъи дарсашон дастхатҳо мебошад. Ба гуфтаи роҳбари ин давраи омӯзишӣ Ҳафиза Бобоҷонова ҳамкории онҳо ба шуъбаи мазкур заминаи чандсола дорад. Дар се-чор моҳ як маротиба онҳоро ба китобхона меорад, то омўзанд, донишҳои маънавияшонро зиёд гардонанд ва бештар бо дастхатҳо кор кунанд. Инҳо, ки муаллимони забон ва адабиёт ҳастанд, донистани хатти форсӣ барояшон зарур аст, зеро Ҳофизу Бедилу Мавлоноро дар нусхаи асл мебинанду мутолиа менамоянд, афзуд Бобоҷонова.

 Вай ҳамчунин гуфт, ки ҳоло зиёда аз даҳ сол аст, ки шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистонро миёни донишомӯзону муаллимони адабиёт ва забон таблиғ мекунад.

– Бубинед, чӣ қадар луғатномаҳо ин ҷо ҳастанд, ки хондем, ба мисли «Фарҳанги Мӯин»,  бо таърих ҳам шиносо шудем, аз ҷумла таърихи Ҷамшедро мутолиа кардем, «Маснавии маънавӣ», нусхаҳои қаламӣ аз осори Бедилро хонданд. Бо дасти худ варақ заданд, ҳатто китоби Муҳаммад Авфии Бухороӣ «Лубоб-ул-албоб»-ро вақте ба даст гирифтанд ва ба мутолиаи ҳар боб бо хати форсӣ пардохтанд, ба фикр фурӯ рафтанд ва ин дар онҳо сахт таъсир гузошт.

 Муаллими забон ва адабиёт вақте дар дарсҳояш аз дидаҳояш ин ҳамаро ба шогирдон нақл мекунанду таасуроташро мегўянд ва боз изҳор медорад, ки асли китоби Муҳаммад Авфии Бухороироро дидасту мутолиа кардааст ё варақгардон, шогирд завқ пайдо мекунад ва дар дилаш ин орзу мавҷ  мезанад, ки боре ӯ ҳам ояду ин  китобро бихонад. Ба ин васила дар қалби шогирдон ҳамин муҳаббату эҳтиром гузоштан ба хатти ниёгон, ба осори ниёгон зиёд мегардад.

Қобил ба зикр аст, ки чунин дарсҳо ва боздидҳо аз Китобхонаи милллӣ сабаб мешаванд устодон  малакаву маҳорати худро такмил диҳанд ва онро дар фаъолияти ҳамарӯзии таълиму тадрис истифода кунанд.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.