Бозгашт аз «биҳишт» ба Биҳишт

Бозгашт21 майи соли равон боз як гурӯҳ шаҳрвандони кишварамон, ки дар боздоштгоҳҳу бошишгоҳҳои муҳоҷиратии махсуси давлати Сурия нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар хабарномаи расмӣ оварда шудааст, ки ин гурӯҳ бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуда, ба зиндагии осоишта раҳнамун гардиданд.

Ин гурӯҳ, ки асосан занону кӯдакон мебошанд, аз 29 оила таркиб ёфта, ҷамъан 104 нафарро ташкил медоданд, ки аксарияти онҳо тифлону наврасон мебошанд. Ин афрод кӣ ҳастанд? Чаро дар боздоштгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ мешуданд? Чӣ гуна ба Сурия – як кишвари арабии ҷангзада рафта буданд? Мақсад аз рафтани онҳо чӣ будааст? Ва чаро онҳоро ба кишвар баргардониданд? Ин суолҳоест, ки дар ин нигошта ба онҳо посух медиҳем.

Ин гурӯҳ, ки аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд, занону кӯдакони аъзои кушташудаи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла пайравони гурӯҳи террористии Давлати исломӣ ё худ ДОИШ (Давлати исломии Ироқ ва Шом) мебошанд. Ин занон ҳамроҳи шавҳарони худ баъд аз соли 2012 таҳти таъсири таблиғоти хадамотҳои ҷосусии кишварҳои аҷнабӣ қарор гирифта, бо мақсади ҷангидан бар зидди давлатҳои қонунии Ироқ ва Сурия ва «шаҳид шудан» ба ин кишварҳо ҷалб карда шуданд. Инҳо дар муддати мавҷудияти ташкилотҳои террористӣ дар қаламравҳои таҳти назорати террористон зиндагӣ намуда, мардони ин хонаводаҳо ба ҳар шакле бо террористон ҳамкорӣ доштаанд. Баъзе аз мардҳо ба ҳайси мураббии варзиш, баъзеҳо ба ҳайси устоди аслиҳа ва аксарият ба сифати разманда ё худ ҷанговари ин ташкилотҳо дар ҷиноятҳо шарик буданд.

Давлати исломии Ироқ ва Шом, ки як ташкилоти ифротию террористӣ ва сохташудаи кишварҳои абарқудрати ғарбӣ мебошад, баъд аз соли 2011 ба сифати муътариз арзи ҳастӣ намуда, дар як муддати кӯтоҳ бо силоҳҳои ҷангии сохти Амрикову Аврупо муҷаҳҳаз шуда, шаҳру вилоятҳои азимро дар қаламравҳои Ироқ ва Сурия таҳти назорати худ гирифт ва хилофати бо ном исломиеро таҳти роҳбарии Абубакр ал Бағдодӣ 5 майи соли 2014 эълон намуд. Ин халифаи худхонда соли 2004, аз тарафи Артиши Амрико боздошт шуда, 11 моҳ дар лагери амрикоии КЭМП-Букка нигоҳдорӣ шудааст. Инчунин иттилоъ низ ҳаст, ки гӯё Абубакр ал Бағдодӣ собиқ полковники артиши Ироқ дар замони Саддом Ҳусейн буда, Донишгоҳи шаҳри Бағдод ба номи Саддом Ҳусейнро дар риштаи улуми исломӣ хатм кардааст ва ному насаби аслият Иброҳим Аввад Ибраҳим Алӣ ал-Бадрӣ мебошад.

Баъд аз ҳузур ва дар замони мавҷудияти худ ин гурӯҳи террористӣ ва пайравони он бо қоидаҳои асримиёнагӣ, ки зидди фарҳангу маънавият, илму маърифат ва асолати миллӣ равона шуда буд, зулму ситамҳои вахимро болои инсонҳо раво донистанд. Танҳо дар қаламравҳои Ироқ, Сурия ва Либия беш аз 50 ҳазор инсони бегуноҳро ба қатл расонида, танҳо дар гӯрҳои дастаҷамъӣ наздик ба 15000 марди ғайринизомӣ ва асирони ҷангиро ба таври ваҳшиёна куштаанд.

Ин гурӯҳҳои террористӣ бо баҳонаи пайравӣ аз дину мазҳаб мактабу маорифро макруҳ, илму маърифатро мамнуъ, санъату мусиқиро ҳаром, ҳуқуқҳои инсониро поймол ва занону духтаронро ба мисли асрҳои миёна бардаву ғулом гардонида, ҳуқуқҳои фитрии инсонҳоро ба таври комил поймол мекарданд. Дар минтақаи таҳти ҳокимияти террористони доишӣ ягон зан ё духтар ҳуқуқи маънавии интихоби касб, ҳунар, хондану аз бар намудани илмро надошт ва ҳатто имкони интихоби шавҳари худро, ки як бахши асосии зиндагию умри инсонӣ мебошад, барои занону духтарон дода намешуд.

Ин гурӯҳҳои террористӣ аз тариқи таблиғоти интернетӣ, ваъдаҳои барзиёду тахайюлӣ, «ҷаннати ҷовидону биҳишти барин» ва зиндагии борифоҳ дар рӯи заминро дар марҳилаи солҳои 2011-2015 ба инсонҳои сустаносир ваъда намуда, аз 103 давлати дунё ба минтақаи Сурия ва Ироқ одамонро ҷалб намуданд. Террористон одамонро вобаста ба зеҳну шуурашон таҳти таблиғоти мағзшӯёна карор дода, инсонҳоро аз ҳолати маъмулӣ хориҷ ва ба марҳилаи кинаву кудурат ва ҷангу ҷидол ворид менамуданд. Баъд аз ин барои шаҳрвандоне, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда буданд, тамриноти низомӣ дода, истифодаи силоҳ, таҳаррукоти ҷангӣ ва қатлу кушторро меомӯзониданд.

Аз ин тариқ, гурӯҳҳои террористӣ дар қаламравҳои Ироқ ва Сурия қатлҳои дастаҷамъии одамонро анҷом дода, аз ҳисоби занону кӯдакони ақалиятҳои мазҳабӣ дар ин қаламрав бозорҳои ғуломфурӯшӣ бунёд намуданд. Махсусан пайравони мазҳаби шиа ва курдҳои язидӣ аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ба таври ваҳшиёна азияту озор шуда, мардони онҳо ба қатл расонда шуд ва занону духтаронашон ба канизӣ ва ғуломӣ гирифта мешуд. Махсусан бозорҳои бардафурӯшӣ дар замони ҳузури террористони ДОИШ дар шаҳрҳои Риққа ва Мосул пайдо шуда, занону духтаронро вобаста ба сину сол, ҳусну ҷамол, бокира ё ғайрибокира буданашон ба фурӯш мегузоштанд.

Илова бар ин террористони  доишӣ дар ин манотиқ бозори савдои аъзои бадани инсонро роҳандозӣ намуда, гурда, ҷигар, дил, рагҳои хунгард, чашм ва устухонҳои бадани инсонҳоро ба фурӯш мегузоштанд. Барои ин ҷинояткорон пайдо намудани узви бадани инсон мушкил набуд, танҳо дар сурати пайдо шудани харидорҳо, ки аксаран шайхҳои араб, сарватмандони турк ва ҳарбиёни аврупоию амрикоӣ муштариёни асосияшон маҳсуб мешуданд, дилхоҳ муҳоҷирро метавонистанд бо баҳонаҳои мухталиф рӯи кати ҷарроҳӣ бишинонд ва аъзои баданашро ба муштариёни худ бифурӯшанд. Ҳазорҳо зан дар ин манотиқ баъд аз таваллуди фарзанд аз кӯдаконашон ҷудо карда шуда, фрзанди ин модарони фиребхӯрдаро бо арзиши баланд ба ин ё он сарватманд фурӯхтаанд ва ё аъзои бадани онҳоро тиҷорат  кардаанд.

Таассуф ва хиҷолат он аст, ки иддае аз ҳамватанони мо низ бо исми тоҷик ва бо баҳрабардорӣ аз мазҳаби поку ноби Ҳанафӣ аз ин террористон пайравӣ намуда, бо умеди «биҳишт»-и дурӯғин сарнавишти зану фарзандони худро ба балои ифроту тафрит равона намуданд.

Амалкарди гурӯҳҳои террористиро дар Ироқу Сурия коршиносони ҳуқуқи инсон ва низоъшиносони байналмилалӣ бадтарин навъи муносибат бо инсон дар таърихи муосир унвон намудаанд. Террористони ДОИШ ҳатто инсонро зинда ба оташ кашида, кӯдаконро дар қафасҳои оҳанин гирифта, зери об ба ҳалокат мерасониданд.

Ин гурӯҳҳо, ки арзишҳои инсонию миллӣ, фарҳангию маънавиро барои худ душман медонистанд ҳар нафареро, ки онҳоро ба инсоният, раҳму шафқат, илму маърифат ва сулҳу салоҳ даъват мекард, ба қатл мерасониданд. Маҳз ин террористон яке аз донишманди ҷаҳоншумул, муҳаққиқи варзидаи санъати меъмории шаҳри бостонии Палмира Холид Асад, ки барои фарҳанги башарӣ корҳои мондагори илмӣ анҷом дода буд, дар сини 82 солагияш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Исломи ноб, Қурони Карим, аҳодиси набавӣ ва мазҳаби Ҳанафӣ куштани як мурро, ки ба инсон озор нарасонад, манъ карда, куштани як инсони бегуноҳро баробар ба қатли кули инсоният баҳогузорӣ намудааст. Ҳатто дар замони ҷангҳои оғози ислом ва халифаҳои он ҳамеша занону кӯдакон, пиронсолон, асирони ҷангӣ ва афроди ғайринизомӣ ҳамеша дар амон буданд, вале пайравони ДОИШ ба исми худову расул, занону кӯдаконро ба қатл расонида, ваҳшатро бар ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд.

Ҷаҳолату торикӣ ва манқуртизм дар миёни террористони доишӣ ба ҳадде боло гирифт, ки арзишҳои исломию қуронӣ ва динию мазҳабӣ яктараф, ҳатто эҳсосоти инсониро гум карданд. Модар, ки барои ҳар як инсони сайёра муқаддастарин мавҷуд маҳсуб мешавад, ин мавҷуди қудсӣ аз тарафи пайравони ДОИШ мавриди азияту озор қарор гирифта, яке аз доишиҳо дар Ироқ модари худро дар ҳузури оммаи халқ ба қатл расонид. Ва ин амали нангин аз тарафи террористи доишӣ танҳо ба он хотир анҷом дода шуд, ки модар ба амалкарди фарзанд норизоиятӣ намуда, хостааст, ки пеши роҳи фарзандро аз қатлу қитоли одамони бегуноҳ бигирад. Маҳз ин мавқеи модарӣ боиси он гардидааст, ки фарзанди ҳувиятбохта модари худро ба қатл бирасонад ва боз як доғро болои таърихи башарият зам кунад.

Ин раванд ба мисли як маризии мафкурахӯр ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки барои шикасти терроризм иқдом намуданд. Баъд аз шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварҳо ва кушта шудани аксари сарбозонашон, занону кӯдакони худи террористони ДОИШ бесоҳиб монданд ва дар урдугоҳу бошишгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ мешуданд.

Аксари кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва дарси ибрат шудан барои дигар шаҳрвандон аз баҳри табааҳои худ гузаштанд. Ва ё шаҳрвандонашонро барои солҳои дароз ба маҳбас кашида, қисми зиёдро ҳукми қатлу ҷазои абад муқаррар намуданд. Вале кишвари Тоҷикистон, таҳти ҳидоятҳои бевоситаи сарвари давлатамон ин шаҳрвандонро, ки аксаран бо роҳи фиреб ба ин майдонҳои ҷанг кашонда шуда буданд, авф намуданд, ба Ватан овардан ва ба оғӯши гарми хонадони худ бозгардониданд.

Агар ба таври дигар бигӯем ин нафарон занону кӯдакони террористоне ҳастанд, ки барои расидан ба «биҳишт» ба майдонҳои ҷанг рафтаву дар набардҳо нобуд шуданд. Аксари ин кушташудаҳо, ҳатто кафану ҷаноза нашуда, қабр низ надоранд. Гузашта аз ин занону кӯдакони онҳо ғарибу овора гардида, зери зулму шиканҷаи гурӯҳҳои террористӣ монда, бо ҷаҳолати зиёд манбаи таскини шаҳвати террористони бедиёнат мегардиданд.

Ниҳодҳои марбути Созмони Милали Мутаҳид ва Дидбони ҳуқуқи башар занон ва кӯдаконро баъд аз таҳқиқу бозрасӣ бегуноҳ ҳукм намуданд ва то андозае занону кӯдаконро қурбониёни ҷангҳои мазҳабӣ донистанд.

Дар чунин вазъияти пурдаҳшат бонувон бо кӯдаконашон аз «биҳишт»-и тахайюлӣ безор шуда, орзуи омадан ба оғӯши Ватани маҳбубамонро мекарданд. Ҳатто хору хаси Ватанро аз қасрҳои Ироқу Сурия боло медонистанд.

Ба пиндори банда, сабақҳои сарнавишти пурдаҳшати ин нафарон моро водор менамояд, ки қабл аз ҳар тасмим на як рӯзу як сол, балки ояндаи зану фарзандонро дошта бошем. Зеро пайравӣ аз таблиғоти террористон инсонро ба куштан ва зану фарзандашро ба ғуломию бардагӣ мебарад. Пас бузургтарин ҳадяи тақдир, ки Ватани соҳибистиқлолу бо субот аст, бояд бишиносем ва ба ҳастияш шукргузор бошем, зеро танҳо Ватан аст, ки моро мепазирад ва дар оғӯшаш бузург месозад. Чуноне, ки ин занону кӯдаконро ҳеҷ як давлат напазируфт. Танҳо Тоҷикистон аст, ки инҳоро соҳибӣ кард ва бо оғӯши боз ба сӯи худ хонд.

Муҳаммадиқбол АТОЗОДАМуҳаммадиқбол АТОЗОДА
Сардори Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ.