Бозомўзии китобдорони вилояти Хатлон  

Давраи омӯзишии «Фаъолияти китобдорӣиттилоотӣ», ки 11-уми июли соли ҷорӣ барои кормандони чанд китобхонаи вилояти Хатлон оғоз шуда буд, бо эътои шаҳодатномаҳои хатм ба поён расид. Ин давраи омӯзишӣ тибқи як барномаи қаблан тарҳрезишуда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд ва барои китобдорон аз ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён баргузор шуд.

Дарсҳо аз ҷониби Муовини сардори Маркази такмили ихтисоси «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  Гулчеҳра Ҳалимова, муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ Ҷамил Валиев, сармутахассиси шуъбаи маълумотдиҳи библиографӣ Садбарг Дӯстова гузаронида шуданд. Дар ин давраи омӯзишӣ 26 нафар аз манотиқи гуногуни ноҳияҳои номбурда ширкат карданд.

Дар ҷараёни омӯзиш шунавандагон бо санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оиди соҳаи китобдорӣ ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон, фароҳамоварӣ ва такмили  фонди китобхона, дастгоҳи маълумотдиҳӣ – библигорафии китобхона, захираи нашрияҳои библиографӣ, системаи феҳристҳо намуд ва шаклҳои он, хадамоти маълумотдиҳӣ – библиографӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти  китобдорӣ, услуби таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ ошно шуданд.

Дар  анҷоми давраи омўзишӣ  ҳайати  иштирокчиён бо «Сертификат»-и омўзиши курси кутоҳмуддати сайёри Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сазовор гардиданд.

Ҳадафи амалӣ гардидани ин давраи кутоҳмуддати омўзишӣ баҳри пешрафти фаъолияти китобхонаҳо  ва  омода  намудани  мутахасси­сони  соҳибтаҷриба мутобиқ  дар  шароити замона мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки аз ҷониби аҳли адаби ноҳияи Шаҳритус як силсила китобҳо, аз ҷумла аз Азизи Фаттоҳ «Фатҳи қулла», аз Сурайё Муҳиддинова «Қиссаҳои талхи зиндагӣ», Ҳамдулло Нуридинзода «Барги сабз», «Хаймаи хаёл» ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид.

Валиев Ҷамил.