Бозор Собир ва Убайдулло Раҷаб
Ҳине ки «Убайдулло Раҷаб ба шабнишинӣ даъват мекунад»- ро тамошо кардем, шоири мумтози даврон Бозор Собир бисёр самимӣ ва воқеӣ мегуфт:- «Беҳтарин! Убайдулло, ба Худо, шоир аст. Шоири саҳна ё шоир – ҳунарманд. Чаҳони саҳнаро мисли ў касе намедонад, балки сарфаҳм намеравад».
Бозорро дўст медоштаму медорам. Бепарда ва самимӣ мегуфт. Ду тан зодагони як давронанд. Зиндагӣ ва омаданашон ба шаҳр ҷое монанд аст. Хар ду ҳам аз атрофиён рўзи нек надидаанд, чи музофотӣ менамуданд…
Дар деҳаи Давлатшоҳиёни Кангурт нишонаи тифлию ҷавонии Убайдулло Раҷабро ҷустуҷў мекунем. Аз он даврон ҳавлӣ, туту чормағз нишона аст. Бому дар ва муҳити пешин нест. Ӯ аз суфраву тутпазу хафкашаку филаву ҷурғот ёд мекард. Даҳонашро мазза медиҳад. Ту гўйӣ, ҳамин лаҳзаҳо порае дар даҳон дорад. Ва бафурҷа сухан мегўяд. Ман ин қиссаро шунидаам ва ёдам меояд. Ҷаҳони ошно, ки дар навиштахои Бозор Собир хонда будам. Бармегардаму хотираҳои шоирро пайдо мекунам:
“Тутпазон дар сўфаи баланди таги тути балхии байни ҳавлиамон мехобидем, рўйи як намади даққию зери як кўрпа. Ва дар кундаи тут халтаҳои овезони дўғу чака, ки дар сукути шаб якзайл мечакиданду мечакиданд…
Одатан, агар бемор шавам ё хобам хунук хўрам, аллбатта, ҳамон ҷогахи додараконамро хоб мебинам, нафаскашию гармии баданашонро ҳис мекунам. Ва чак –чакки хобовари дўғу чакаи модарамро, ки якзайл мечакиданду мечакиданд:
Вақте ки сапеда деги гардунро
Чун модари ман ба рег мешўяд,
Вақте ки сапеда гови гардунро
Чун модари ман пагоҳӣ медўшад.
Бо шир – шири шир мешавам бедор,
Бо шир –шир ширдўшии модар….”
Чаро эҷод кунам, Бозор ба ҷойи Убайдулло Раҷаб ё ҳар ду навишта. Хеле хуб, ки наметавонистам ба ин зайл тасвир кунам.
Ҳар гоҳе аз модарон ёдам меояд, аз навиштаҳои шоир ёд мекунам. Симои модари Бозор Собир образи адабиёт шуд. Ў чеҳраи пуркидаи модарашро дар зеҳн ва пайкараи ҷисми заифашро дар бағали адабиёт ба ёдгор гузошт, ки азияти ятимаконашро кашида: “Модарам кампираки момаҷавобаки тоқчаҳои ғору ҷариҳои Сўфиён шуд. Ду чолаки сафедаш дар хаси Сўфиён печида, ришта –ришта ғозҳои сафеди хасрав шудаанд. Модароам дўлонаи латтамазораки қади роҳи қишлоқ шуд…”
Ҷонибек Асрориён . Ман ҳамонам, ки…// Зиндагинома ва муколама бо Убайдулло Раҷаб.– Душанбе : 2023, – 192с.
Таҳияи Саодат Набиева