Бозтоби сонеҳаи маргзои Кӯлоб дар шеъри имрӯз
Сонеҳаи нақлиётӣ, ки шоми гузашта дар шаҳри Кӯлоб рух дод, сахттарин таконе буд дар фазои сегменти тоҷикии Фейсбук. Аввалин хабар ва аввалин сӯгвориҳоро ҳам дар Фейсбук хондем. Вале ҳеч арзи таслиятеву ҳеч сӯгворие наметавонад ба қалби захмхӯрдаи модари шаҳидони ин сонеҳаи мудҳиш дармон шавад. Худованд гузаштагонро биёмурзад ва ба бозмондагонашон сабри ҷамил диҳад, то ин мусибати сангинро тавони таҳаммул дошта бошанд.
Аз дардномаву сӯгвориҳо бахшеро, ки саросемавор гирд овардем, пешкаш мекунем. Аммо байту рубоиву шеъру ғазал ҳамоно гуфта мешавад…
ОЗАРАХШ, Шоири халқии Тоҷикистон:
Эй чархи фалак, зи ғуссаат об шудам,
Аз гардиши бераҳми ту бетоб шудам,
Доғи писарам нишаста дар ҷону ҷигар,
Ҳаммотами ҳамдилони Кӯлоб шудам!
ҲОРУНИ РОЪУН, шоири маъруфи Афғонистон, ки дар Конодо иқомат дорад:
Кӯлоби ман! танат, баданат дард мекашад
Сар то ба пой анҷуманат дард мекашад
Месӯзам аз сурудаи сурнойи сӯги ту
Тандиси доғи сӯхтанат дард мекашд
Бо ин бадоҳа дарди маро ҳамзабон шавӣ
Бо вожаҳои ман суханат дард мекашад
Хокистари умеди маро бод мебарад
Рӯҳи таровати чаманат дард мекашад
То аз таборм тираи тоҷик сар кунам
Сӯги суруда дар даҳанат дард мекашд
Қурбони осмони пур аз турнаат шавам
Эй боли ишқ! пар заданат дард мекашд
Ин сурударо пушти компиютар дар баргаи забони порсӣ ба шакл фи ал-бадоҳа сурудам:
Ошиқи Тоҷикистон: Ҳорун Роъун
ХАЙРАНДЕШ, шоири шинохта:
Кӯлоб, надонам, ки чи гӯям аз ғам?
Бад фоҷеае рух дод андар як дам.
Танҳо на манам доғу ҷигархуну кабоб,
Дорад зи ғами ту Тоҷикистон мотам.
ДАВЛАТ САФАР, шоири тоҷик:
Бар гӯши фалак хабар, ки аз шом расид.
Чун чеҳраи мотамзадагон субҳ дамид.
Дар мотами Кӯлобу шаҳидон имрӯз,
Хуршед ба рӯй чодари абр кашид.
AЗИЗ САНГИН, шоири тоҷики муқими Донморк:
ОБ ШУДАМ…
З-ин фоҷиъа хун гиристаму об шудам!
Аз хуни дилу сиришк сурхоб шудам!
Кӯлоб будам, оби ширин хӯрдаам,
Дар талхии ғам фитода Кӯлоб шудам!
Ман об шудам, об шудам, об шудам!
Як пораи абри пуртабутоб шудам!
Борони тамуз гашта селоб шудам!
Ғамкуштаю ғамшарики Кӯлоб шудам!
АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО, шоир ва донишманди тоҷик:
ЭЙ, МОДАРИ КӮЛОБ, ТУРО ТАЪЗИМ!
Як шаҳр ҳама навҳагару сарсон,
Эй, модари Кӯлоб, туро қурбон!
Як шаҳр ҳама марсияву шеван,
Эй, модари Кӯлоб, фидоят ман!
Чӣ шоме буд сияҳ ин шоми Кӯлоб,
Ки пурхун қалбу чашму коми Кӯлоб.
Чӣ гулҳои ҷавоне гашта пар-пар,
Сияҳпӯш аст аз ғам моми Кӯлоб.
ШОИРА РАҲИМҶОН:
Аз хуни шаҳидон бидамид лола ба раҳ,
Раҳ гашт ба раҳравони Кулоб кутаҳ.
Фоҷиа зи домони ҳамин роҳ гирифт,
Корвони аҷал расида бо рузи сияҳ.Sh.R.
АБДУЛҚАҲҲОРИ МӮСО:
Ҳаво ҳам гиря дорад дар Душанбе,
Ҳама бехоб имшаб дар Душанбе.
Ҳама бо дидаҳои ашкборем,
Ғами Кӯлоб имшаб дар Душанбе.
НОЗИР ЁДГОРӢ, шоири тоҷик:
Забонам лол гардид аз азояш
Дилам аз ғам ҳазорон пора гардид.
Ба ғайри ғам надорам чорае ман.
Вуҷудам аз ғамаш бечора гардид.
Чӣ тадбире, ки тақдир инчунин аст,
Наметвон, ки гурехт аз сарнавиште.
Худоё, бар ҳама қурбониёнат,
Бубахшо равза аз боғи биҳиштӣ.
АБДУЛҚОДИР АЛАВӢ, шоири тоҷики муқими Москав:
БАРОИ ҚУРБОНИЁНИ ШАҲРИ КУЛОБ
Гиреҳ хурд дар гулуям ашки селоб,
Мусибатҳои сахт омад ба Кулоб
Ҳама қурбониён аҳли биҳиштанд,
Ба ғамҳоят шарикам халқи Кулоб.
06.08. 2023, ш.Маскав
САФАРМАДИ ХАТЛОНӢ:
Ҳама дардам, ҳама оташ, ҳама об,
Саропойи танам хун асту зардоб.
Азодорам, ғаминам, дардмандам,
Бароят гиря дорам, шаҳри Кӯлоб.
СИНО АБУАЛӢ:
Ватан-Модар, дилам аз ғам кабоб аст,
Ба ҷонам ларзаҳо аз изтироб аст.
Зи марги пораҳои ҷонат имшаб,
Парешонхотирам, ҳолам хароб аст.
Куҷо имшаб ба чашмам хоб ояд,
Зи чашмонам фақат хуноб ояд.
Зи ҳар сӯи ҷаҳон бар гӯшам имшаб,
Фиғони модари Кӯлоб ояд.
Диле дар синаи гарме хазон шуд,
Арӯсе маҳрум аз ороми ҷон шуд.
Дареғо, кӯдаке аз қисмати шум,
Ятиму бекасу бесоябон шуд.
Яке фарзанди худ гум кард ногаҳ,
Яке дилбанди худ гум кард ногаҳ.
Басе кошонаҳо ғамхона гаштанд,
Яке пайванди худ гум кард ногаҳ.
Аламбор ин дамат, Кӯлоб, Кӯлоб,
Шарикам бар ғамат, Кӯлоб, Кӯлоб.
Дили пиру ҷавон абгор гардид,
Зи сӯзи мотамат, Кӯлоб, Кӯлоб.
Ватан, дарду ғамат дарду ғами ман,
Ватан, бешу камат бешу ками ман,
Агар ҷонат зи ғам озор бинад,
Шавад берангу бебӯ олами ман.
Таҳияи Б.Шафеъ