“Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”. Бахши аввал
Китобест, ки аз ҷониби донишманди маъруф, марҳум Зафар Мирзоён таълиф шуда ва соли 2020 чоп шудааст. Ин китоб як пурсишу посухест, ки гирдоваранда суол мекунад ва бо истинод ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ посух медиҳад. Яъне, муаллиф посухи ҳар суоли худро аз “Шоҳнома” ҷустааст.
Аммо китоб танҳо барои наврасон нест. Онро калонсолон ҳам агар бихонанад, ба даҳҳо суоле, ки посухашро намедонистанд, ҷавоб меёбанд.
Ҳамкоронамон аз бахди адабиёти кӯдакон ва наврасон тасмим гирифтаанд, аз ин таълифи донишманди шинохта порчаҳоеро барои мутолиаи ҳамагон дар чанд бахш ҳозир кунанд.
АВВАЛИН ПОДШОҲ КӢ БУД?
Ҳазорсолаҳо рўшноӣ бо торикӣ дар ҷанг буд. Одамон дар рўшноӣ умр ба сар мебурданд ва девҳо барои нест кардани рўшноӣ талош мекарданд. Сарвари одамон Каюмарс буд. Девҳоро Аҳриман сарварӣ менамуд. Ў мехост, одамонро нест кунад, то ҳама ҷо торикистон шавад. Аҳримани сиёҳпўш аз болои сари одамон парвоз карда, қоҳ-қоҳ механдид. Каюмарс савори гови калони заррин пайдо шуда, бо гурз бар сари девҳо мекўбад. Девҳо якояк ба замин афтода, оташ мегирифтанду ба хокистар табдил меёфтанд. Шерҳову палангон, уқобону мурғон низ ба девҳо ҳамла карданд. Аҳриман ҳамроҳи девҳо ба торикӣ гурехт. Офтоб аз торикӣ берун баромад. Ҳама шод шуданд. Одамҳо, шерҳову палангон, аспону говон, парандагону хазандагон ҷамъ омаданд. Ҳама Каюмарсро рўйи он нишонданд ва бар сараш тоҷи шоҳӣ гузоштанд.
Аввалин подшоҳ Каюмарс буд.
ОТАШРО ДАР ЗАМОНИ ПОДШОҲИИ КӢ КАШФ КАРДАНД?
Дар китоби «Шоҳнома» омадааст, ки нахустин бор асрори оташро шоҳи замони қадим Ҳушанг дарёфтааст.
Рўзе Ҳушанг бо ҳамраҳонаш аз ҷангал мегузашт. Ногоҳ дид, ки як чизи дарози сиёҳ бо чашмони хунбору даҳони пурдуд ба сўяшон мехазад. Он хазандаи бадҳайбат аждаҳо будааст. Ҳушанг бо бозувони пурзўр санги калонеро бардошта ба сўяш мепартояд. Аждаҳо ба канор мегурезад ва санг ба санги дигар бархўрда, шарора пайдо мешавад. Аз шарора хасу хори атроф сўхта, оташ фурўзон мегардад. Маълум шуд, ки оташ шабонгоҳ рўшноӣ, дар сардиҳо гармӣ медиҳад ва хомро мепазонад.
Ҳушанг нахустин шуда оташро кашф кард.
НАХУСТИН БОР САДАРО КАЙ ҶАШН ГИРИФТАНД?
Ҳушанг пас аз оташро кашф кардан машъале фурўзон карда, ба назди мардум бурд. Ў дид, ки дар доманаи кўҳ чанд мард бо хирсбачае, ки ба сўйи ғор мерафт, бо найза ҳамла мекарданд. Хирс наъра мекашид. Шоҳ Ҳушанг фарёд кашид:
– Ғор хонаи хирс аст. Бигзоред, ки ба хонааш биравад. Ман ба шумо оташро овардаам.
Одамон то он рўз намедонистанд, ки оташ чист. Ҳушанг буттаҳо ва чўбҳои хушкро бар рўйи машъал гузошт. Ў бо овози баланд ба мардум гуфт: «Бо оташ сарморо маҳв мекунем».
Шуълаи оташ аланга зад. Мардону занон ва кўдакони аз сармо ларзон ба оташ наздик шуданд. Ҳушанг аз хурсандӣ ба гирди гулхан чарх зада, пойкубӣ мекард. Мардону занону кўдакон аз паси ў давида пойкубӣ мекарданду мегуфтанд:
– Оташ! Оташ!
Ҳушанг мегуфт:
– Нагузоред, ки оташ хомўш шавад! Сада! Сада!
То омадани гармо панҷоҳ шабу панҷоҳ рўзи дигар мондааст.
Ҷашни Садаро нахустин бор шоҳ Ҳушанг эълон кард.
ЧАРО ТАҲМУРАСИ ДЕВБАНД МЕГЎЯНД?
Шоҳ Таҳмурас корҳои неки падараш – Ҳушангро давом дода, донишҳои одамонро афзун гардонд. Ў пеш аз ҳама ба мардум аз пашми барраву меш риштани ресмон ва дўхтани пўшоку бофтани гилему намадро омўзонд.
Дар он замонҳои дур девҳо ба одамон ҳамла оварда, хонаҳояшонро хароб ва киштзорҳояшоянро вайрон мекарданд. Таҳмурас ҷавонмардони нотарсро ба ҷанги зидди девон даъват карда, онҳоро шикаст дод. Девҳо ба назди Таҳмурас омада, ба зону заданд ва тавба карданд, ки дигар ба одамон зарар намеоранд. Яъне, Таҳмурас девҳоро бо банд набаста буд, балки бо ҷасурӣ ва доноӣ онҳоро мағлуб ва безарар гардонда буд.
Аз ҳамон вақт номи Таҳмураси Девбанд машҳур шуд.
НАВРЎЗРО НАХУСТИН БОР ДАР ЗАМОН КАДОМ ШОҲ ҶАШН ГИРИФТАНД?
Дар замони подшоҳии Ҷамшед – писари Таҳмурас одамон аз кўҳҳо хокаи оҳан бароварда, аз он олатҳои корӣ, монанди испор, дос, табар, теша, каланд ва афзорҳои ҷангӣ монанди ханҷар, корд, найзаву шамшер месохтанд. Мардум он замон пизишкиро омўхта, бемориҳоро табобат мекарданд. Одамон аз устухони фил тахти зебо сохта, Ҷамшедро рўйи он шинонданд. Аз тиллову гавҳар тоҷ сохта, бар сари Ҷамшед гузоштанд. Офтоб рўйи Ҷамшедро тобон ва тоҷро дурахшон кард. Номи подшоҳ Ҷам буд ва пас аз он ки калимаи шедро илова карданд, номи пурраи шоҳ Ҷамшед шуд, яъне шоҳи офтобӣ.
Он рўзро Наврўз, яъне рўзи нав номиданд.
Наврўз нахустин бор дар замони подшоҳии шоҳ Ҷамшед ҷашн гирифта шуд.
Аз китоби Зафар МИРЗОЁН “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”, таҳияи Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари адабиёти кудакон ва наврасон.