“Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”. Бахши дуюм

ШоҳномаКитобест, ки аз ҷониби донишманди маъруф, марҳум Зафар Мирзоён таълиф шуда ва соли 2020 чоп шудааст. Ин китоб як пурсишу посухест, ки гирдоваранда суол мекунад ва бо истинод ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ посух медиҳад. Яъне, муаллиф посухи ҳар суоли худро аз “Шоҳнома” ҷустааст.

Парчами  нахустинро аз чӣ сохта буданд ?

Дар «Шоҳнома» омадааст, ки Аҳриман  – неруи бадӣ  ба сурати ошпаз ба дарбори Заҳҳок роҳ меёбад. Вай барои подшоҳи золим Заҳҳок хўрокҳои бомаза мепазад. Боре Заҳҳок ба Аҳриман мегўяд, ки барои хидматҳоят ҳар чӣ мехоҳӣ, бигў. Ошпаз мегўяд, ки иҷозат бидеҳ, то сари китфҳоятро бибўсам. Пас аз бўсаи Аҳриман аз сари китфҳои Заҳҳок ду мор баромада, ба ў ҳамла мекунанд. Заҳҳок фарёд мезанад. Хидматгорон морҳоро мебуриданд, вале онҳо дубора сар мебароварданд.

Ин бор Аҳримани ҷодугар ба сурати табиб даромада, Заҳҳокро бовар мекунонад, ки давои моронро медонад. Агар ҳар рўз ба морҳо мағзи сари одами ҷавонро бихўронанд, онҳо ором мешаванд. Аҳриман ҳар рўз мағзи сари ду ҷавонро ба морҳо медод. Ҷавонони зиёд қурбон шуданд.

17 писари Коваи оҳангарро низ хўроки морон карданд. Коваи аламдор пешдомани чармии худро бар сари найза мечаспонад. Онро чун дирафш ё парчам боло мебардорад ва мардумро зидди Заҳҳок бармехезонад. Коваи оҳангар Заҳҳокро сарнагун карда, Фаридунро ба тахти шоҳӣ мешинонад. Аз ҳамон замон парчами шоҳро «Дирафши ковиёнӣ» меноманд.Сипас маълум мешавад, ки ёвари ошпаз Аҳриманро фиреб додааст.Ў ҷавононро дар таҳхона пинҳон карда, барои морҳо аз сари гўсфандон  хўрок тайёр мекардааст.

Меҳргон бори аввал дар замони кадом подшоҳ ҷашн гирифта шуд?

Дар замони подшоҳии Фаридун Коваи оҳангар бар Заҳҳоки морбадўши ситамгар рўзи Меҳр дар моҳи Меҳр пирўз мешавад. Он рўз тахти шоҳӣ ороста, Фаридунро болои он менишонанд ва тоҷи шоҳиро бар сараш мегузоранд. Маънии калимаи Меҳр рўшноиву гармӣ аст.

Ҳамин тавр, дар фасли тирамоҳ, дар моҳи Меҳр, ки ҳама меваҳо мепазанд, Фаридун шоҳ эълон карда мешавад.

Меҳргон бори аввал дар замони подшоҳии Фаридун ҷашн гирифта шуд.

БОЗЁФТҲО АЗ “ШОҲНОМА”. БАХШИ АВВАЛ

Зол кӣ буд ?

Ба Соми Наримон – шоҳи Зобулистон доя хабар медиҳад, ки дар хонааш писаре ба дунё омадааст. Шоҳ хурсанд шуда, ба дидани писари навзодаш меравад. Аммо мебинад, ки сару абрўвони кўдак сафеду пўсти рўяш сурх аст.Аз ин рў, кўдакро Зол ном мениҳанд. Бадхоҳони подшоҳ мегўянд, ки кўдак аҳриманӣ аст ва ба кишвар бадбахтӣ меорад.

Тифлро ба кўҳ бурда, дар назди лонаи Симурғ мегузоранд. Симурғ чун мебинад, ки кўдак ангушташро мемакад, раҳмаш меояд. Симурғ ўро ҳамчун модар парасториву ғамхорӣ мекунад. Он кўдак ҷавони паҳлавонпайкару хушчеҳра ба воя мерасад.

Ба Сом дар хобаш хирадманде аз Ҳинд дар бораи зинда будани писараш мужда медиҳад. Симурғ пай мебарад, ки барои бурдани Зол омадааст. Ба ў мегўяд, ки ман туро Дастон ном ниҳодам. Ту бо падарат бирав. Бидон, ки ту бояд шоҳи он кишвар шавӣ.

Золи Дастон дертар Рўдобаро ба занӣ гирифта, соҳиби фарзанд мешавад. Ин тифл – Рустами ҷаҳонпаҳлавон, наҷотбахши Ватан буд.

РустамРустами 10-сола чӣ тавр бо пил  меҷангад?

Рустам дар яксолагӣ монанди даҳсолаҳо буд. Паҳлавонии ў рўзе ошкор мешавад, ки пили ҳамлагарро меафканад.

Рустам рўзе шўру ғавғои одамонро шунида берун мебарояд. Ў мебинад, ки пили ҷангии падараш занҷирҳоро канда, бо хартумаш ҳамаро чаппа мекунад. Ҳар касе пеш меомад, ўро бо пойҳои сутунмонандаш пахш мекард. Ҳама ба ваҳшат омада мегурехтанд. Рустам гурзи оҳанӣ бардошта, рўёрўии пил меистад. Пил бо хартумаш Рустамро боло мебардорад. Рустам аз боло бо гурзи гарон бар сари пил зада, ўро аз по меафтонад.  Овозаи паҳлавонии  Рустами даҳсола ҳамаро ба ҳайрат меорад. Дертар Рустам бузургтарин паҳлавон ва сарлашкари Эронзамин мешавад.

Аз китоби  Зафар МИРЗОЁН “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”, таҳияи Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари  адабиёти кудакон ва наврасон.

Хонандагони азиз ин китобро метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.