Бруно Ясенский. Адибе, ки аз ду сафараш ба Тоҷикистон роман навишт

Саду бистуду сол пеш дар маконе бо номи Климонтув, ки мутааллиқ ба Русияи подшоҳӣ буд, нависанда, шоир, намоишноманависи лаҳистонитабор Бруно Ясенский ба дунё омад. Дар умри басо кутоҳи худ ду маротиба ба Тоҷикистон омад ва ҳосили ин ду сафар романе шуд бо номи “Одам пӯсташро иваз мекунад”, ки дар солҳое, ки адиб дар қайди ҳаёт буд, борҳо чоп шуд. Аз рӯи ин роман “Тоҷикфилм” дар фосилаи замонии 20 сол ду маротиба филм бардошт. Аммо дар ин бора поинтар сухан хоҳем кард.

Бруно Ясенский як адиби инқилобӣ бо дидгоҳи коммунистӣ буд, ки русӣ, лаҳистонӣ ва фаронсавӣ асарҳо навишт, намоишномаҳо эҷод кард.

Вай 17-уми июли соли 1901 дар хонаводаи як марди яҳудии машҳур бо номи Яъқуб Зисман, ки духтури шинохтае буд, ба дунё омад.  Намунаҳо аз осораш ҳанӯз аз соли 1918 чоп мешуданд. Аз соли 1923, ки шӯриши Краков ба ҳамин сана рост меояд, бо коммунистон пайваст ва дигар то охири умр дидгоҳи коммунистӣ дошт.

Соли 1929 аз Фаронса хориҷ карданд ва ноилоҷ ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз соли 1930 узви ВКП(б), котиби Иттиҳоди байналмилалии коргарнависандаҳо шуд. Баъдан сардабири маҷаллаи «Интернациональная литература» (аз соли 1955 “Иностранная литература”) таъин гардид. Аз соли 1934 узви раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС шуд. Яке аз муаллифони китоби таблиғотии “Канали Беломору Балтикаи ба номи И.Сталин (1934) буд. Дар шаҳри Москав дар бинои машҳури нависандагон мезист.

Соли 1935 бо даъвати роҳбарияти корхонаи “Уралмаш” ба шаҳри Свердловск рафт. Тибқи баъзе маълумот мехост роман дар бораи ин корхона ва аз дидаву шунидаҳояш бинвисад, вале ба зудӣ боздошт шуд ва ба ин кор фурсат наёфт.

Соли 1937 аз ҳама мансабҳо сабукдӯш шуд, аз узвияти Иттифоқи нависандагон хориҷ карданд ва бо аризаи П.Юдин – Котиби КМ ВКП(б) дар бораи намоишноманавис Киршон Владимир Михайлович ба фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ муттаҳам шуд.

Дар бораи таърихи кушта шуданаш маълумоти дақиқ нест. Бино ба баъзе маълумот соли 1941 дар бадарға ҷон бохт.  Аммо ҷамъияти “Мемориал” таҳқиқ кард, ки санаи дақиқ ва сабаби марги ӯ бардурӯғ навишта шуда, дар асл дар машқгоҳи Коммунарко парронда шуда буд.

Дар ҳуҷҷате, ки “Мемориал” бо номи “Рӯйхати паррондашудагон дар Коммунарка” расонаӣ карда буд, омадааст: Боздошт: 31.07.1937.  17.09.1938 ҳукми қатлаш барои ширкат дар ташкилоти террористӣ содир шуд. 17 сентябри соли 1938 парронда шуд. 24.12.1955 сафед шуд.

Евгений Гинзбург дар китобаш “Хатсайри пуршебу фароз” навиштааст, ки Ясенский соли 1939 ҳангоми интиқоли маҳбусон ба урдугоҳи Владивосток ба ҳалокат расид.

Чуноне дида мешавад, бо вуҷуди мавҷудияти санади расмӣ, марги адиб ҳамоно баҳсбарангез аст.

АСАРҲОИ ЯСЕНСКИЙ

“Одам пӯсташро иваз мекунад”. Романест, ки тағйири бунёдии назари муҳандиси амрикоӣ ба сохтмони сотсиализим ва пирӯзии ғояҳои коммунизмро дар меҳвари тасвир қарор додааст. Солҳои 30-и асри ХХ Иттиҳоди Шӯравӣ ба чунин асарҳои ниёз дошт, то коммунист ва сохти сотсиалистӣ таблиғ шавад.

Романи “Қасди бетарафон” (1937) нотамом монд, вале дастнависи он ҳифз шуда буд ва ҳамсараш Анна Берзин баъдтар онро чоп кард.  

ДостониSłowo о Jakubie Szeli” дар бораи шӯриши деҳқонони лаҳистонӣ дар солҳои 1846-1848 баҳс мекунад. Ин шӯриш, ки бо сарварии Яъқуб Шелей оғоз шуд, ҳарчанд оқибат шикаст хӯрд, вале дар бедории афкори инқилобии мардум нақш дошт.

Романи “Ман Порисро оташ мезанам” як достони тахайюлиест, ки ҷавобан ба памфлети Пол Моран “Ман Москавро оташ мезанам” навишта шудааст. Ин роман бо забонҳои русӣ ва фаронсавӣ тарҷума ва нашр шуд.

Намоишномаи мазҳакавӣ-тахайюлии “Базми одамакҳо” дар мавзуи фош кардани ғояҳои сотсиал-демократҳо иншо шудааст ва замоне то андозаи шуҳрат дошт.

“Писари аробакаш”, “Қишлоқ дар дара”, “Мардонагӣ” “Бинӣ”, “Достони Яъқуб Шелей”, “Пойҳои Изолда Морган”, “Москав-Тоҷикистон” номи чанд повест, достон ва мақолаҳои дигари Бруно Ясенский мебошад.

“ОДАМ ПӮСТАШРО ИВАЗ МЕКУНАД”

Человек_меняет_кожуАммо яке аз беҳтарин офаридаҳои адабии ӯ романи “Одам пӯсташро иваз мекунад” мебошад. Ҳеч асари дигари нависанда ба ҳадди ин роман машҳур нашуд.  Чуноне ишора рафт, он ҳосили ду сафари нависанда ба Тоҷикистон (солҳои 1930, 1931) мебошад, ки то замоне, ки зинда буд, борҳо ба такрор чоп шуд. Баъди соли 1955 низ чандин бор мунташир гашт.

Аз рӯи ин роман ду маротиба дар “Тоҷикфилм” филм бардоштанд. Бори аввал соли 1959 коргардон Рафаил Перелштейн  ба навор гирифт ва ҳунармандони машҳуре чун Гурминҷ Завқибеков, Сергей Курилов, Изолда Извитская, Ҷаҳон Саидмуродов, Аслӣ Бурҳонов, Наталя Медведева, Абулхайр Қосимов ва дигарон нақш офариданд.

Ин филм аз ду серия иборат буд ва нахустнамоиши серияи аввали он 30 майи соли 1960 ва серияи дуюми он 6 июни ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Филм аз сохтмони канали Вахш ҳикоят мекунад, ки он замон як сохтмони муҳими умумииттифоқӣ эълон шуда буд. Тибқи муоҳада барои кумак ду амрикоӣ низ ба Вахш омаданд. Яке аз онҳо ҷосус сарҳанг Бейли, ки баъдан боздошт ва зиндонӣ мешавад ва дуюмӣ муҳандис  ҷаноби Кларк, ки омад, то бо истифода аз вазъ пул кор кунад. Аммо бо гузашти моҳҳо ва будубош дар Вахш, суҳбату муколама бо коргарон, мутахассисон, ошноии наздик бо рӯзгори ин мардум, ки ҳама мушкилотро қабул доштанд, то ин тарҳи бунёдӣ сохта шавад, ақидаҳои ӯро дигаргун намуданд. Вай сотсиализмро аслан дарк намекард ва қабул ҳам надошт, вале ба ҷонбозиҳои бунёдкорон билохира сари таъзим фуруд овард. Муҳаббаташ бо тарҷумон, узви комсомол Мария Полозова (дар нақш Изолда Извитская) ба Кларк имкон медиҳад, ки рӯйдодҳоро дар тарозуи дигар баркашад ва меъёрҳоеро, ки ин мардум тибқи он зиндагии худро ба роҳ мондаанд, бипазирад.

Дар филм муҳандиси тоҷик Уртабоев (дар нақш Завқибеков) як чеҳраи хеле шинохта, марди дар ҷасорату маҳорату дониш беҳамто чун аввалин намояндаи зиёиёни тоҷик нишон дода шудааст. Ӯро мехоҳанд чун унсури “зараровар барои ҷомеа” муаррифӣ кунанд, аз ӯ душман созанд, вале Саид Уртабоев на аз касоне буд, ки ба осонӣ шикаста шавад ва метавонад ширкат надоштанаш ба харобкориҳоро исбот намояд.

Дар ҷашни ифтитоҳи канал охирин мубориза бо аносири зиддикоммунистӣ нишон дода шудааст, ки дар он як комсомоли мубориз ва бунёдкори матини сотсиализм Карим ба ҳалокат мерасад.

Синамои Шӯравӣ баъди бист сол бори дигар ба романи Бруно Ясенский “Одам пӯсташро иваз мекунад” рӯ овард ва ин бор низ “Тоҷикфил” ба он таваҷҷуҳ кард ва иборат аз 5 серия филм бардошт. Коргардони он Борис Кимёгарови машҳур буд. Филм бо ширкати машҳуртарин ҳунармандони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Игор Костолевский, Борис Хмелнитский, Лариса Удовиченко ва дигарон таҳия шуд. Оператори он Заур Дахте буд.

Ба фарқ аз филми аввал дар филми Кимёгаров аз ҳунармандони тоҷик қариб, ки истифода нашудааст.

ҲАМСАРИ АДИБИ МАЪРУФ, ДӮСТӢ БО ТОҶИКОН

Баъди боздошт ва ҳабси Ясенский фоҷеаи дигар ба сари ҳамсари ӯ нависанда, хотиранавис ва ношири рус Анна Берзин омад. Хадамоти бехатарӣ аз ӯ талаб кард шавҳарашро “душмани халқ” эълон кунад ва аз даст кашад. Вале ин бонуи донишманд рад кард. Дар натиҷа ӯ низ бо ҷурми бофтаи ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Лаҳистон боздошт ва ба муҳлати 8 сол ҳабс ва 3 сол бадарға аз озодӣ маҳрум карданд.

Ҳангоми кофтукоби хона Анна Берзин бо ҳиллае тавонист дастхати охирин асари нотамоми шавҳараш “Қасди бетарафон”-ро пинҳон кунад. Баъди озодӣ аз зиндон ва содир шудани ҳукми сафеди ӯ ва шавҳараш, Анна тавонист ин дастнависи зардшудаву қариб фарсударо рӯнавис ва чоп кунад.

Бруно Ясенский бо чанде аз адибони тоҷик, аз ҷумла устод Лоҳутӣ, Ғанӣ Абдулло ва дигарон робитаҳои дӯстӣ доштааст. Адабиётшиноси рус Яков Гордон  ба ёд овардааст, ки вақте устод Лоҳутӣ Маскавро ҷойи зист зист интихоб кард, Анна Берзин мизи кории шавҳарашро ба вай бо чунин суханон тақдим намуд: «Ҳар гоҳ сари ин миз нишинед, аз ӯ ёд кунед. Ӯ Шумо, тоҷиконро дӯст медошт»….