Бузурги Алавӣ – адиби мубориз ва озодихоҳи Эрон

Бузурги АлавӣБузурги Алавӣ адиби шинохтаи Эрон аст, ки 2-уми феврал ба дунё омада ва 17-уми феврал, баъди 15-рӯзи ҷашни 93-солагӣ вафот кардааст. Дар Теҳрон ба дунё омада, вале дар шаҳри Берлини Олмон тарки олам кардааст. Аз ӯ чандин ҳикоя ва як китобаш дар Тоҷикистон чоп шудааст.

Алавӣ Муҷтабо Бузург 2-уми феврали соли 1904 дар шаҳри Теҳрон тавалуд шудааст, нависандаи эронӣ. Алавӣ маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Теҳрон гирифта, соли 1922 ба факултети филологияи Донишгоҳи Берлин дохил шуд ва забонҳои немисӣ, англисӣ ва франсавиро омўхт.

Соли 1928 баъди бозгашт ба Эрон дар Рашт зиндагӣ карда, баъдтар ба Теҳрон омад ва дар яке аз омўзишгоҳҳо муаллими забони немисӣ таъйин шуд.

Алавӣ маҷаллаи «Дунё»-ро таъсис кард (1933).

Баъдтар, аниқтараш солҳои 1937-1941 Алавиро барои фавъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва мақолаҳои тезутунди публитсистиаш ҳабс карданд. Баъди аз маҳбас озод шудан ба корҳои сиёсӣ, адабию илмӣ пардохт, бо маҷалла ва рўзномаҳои «Сухан», «Паёми нав», «Кабўтори сулҳ», «Рамзи Одина» ҳамкорӣ кард ва осори бадеиашро дар саҳифаҳои ин нашрияҳо ба табъ расонд.

Соли 1953 Бузурги Алавӣ дар натиҷаи табаддулоти ҳарбию иртиҷоӣ Эронро тарк карда ба Олмон рафт ва дар Донишгоҳи Берлин аз забону адабиёти форсӣ дарс мегуфт.

Маҷмуаи нахустини новеллаҳои Алавӣ «Ҷомадон» соли 1934 дар Теҳрон, маҷмуаи дуюмаш соли 1941 бо номи «Варақпораҳои зиндон» нашр шуданд. Ёддоштҳои маҳбусии нависанда бо унвони «Панҷоҳу се нафар» (1942) ба табъ расид, ки дар онҳо зиндагии 53 нафар муборизони Эронро ҳақиқатнигорона ба қалам додаст.

Маҷмуаи дигараш бо номи «Номаҳо» (1952) ба табъ расидааст. Ин маҷмуа бо медали тиллои Шўрои умумиҷаҳонии сулҳ ноил гардидааст.

Дар авали солҳои 50 асри ХХ Алавӣ ба жанрҳои эпикӣ рў оварда, романи «Чашмҳояш»-ро (1953) нашр мекунад, ки дар адабиёти муосири форсӣ яке аз беҳтарин асарҳост.

Бузурги Алавӣ ин осори пулистистии худро дар Олмон  ба табъ расондааст: «Эрони мубориз» (1955), «Нафти хунин» (1956), «Кишвари гулу булбул» (1957), новеллаи «Девори сафед» ва ғайра.

Алавӣ таълифоти адабиётшиносӣ ҳам дорад, ки маъруфтарини онҳо «Таърих ва инкишофи адабиёти муосири Эрон» (1961) аст. Алавӣ як силсила осори нависандагони рус (Чехов, Горкий, Маршак) ва Европа (Свейг, Шиллер, Шоу ва дигарон)-ро ба забони форсӣ тарҷума ва нашр кардааст.

Соли 1972 маҷмуаиновеллаҳои Алавӣ бо номи «Девори сафед» ба хати крилӣ боргардон ва дар Тоҷикистон чоп шудааст. Осори Алавӣ ба забонҳои арманӣ, озарӣ, гурҷӣ ва ўзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Бузурги Алавӣ 17-уми феврали соли 1997 дар шаҳри Берлин вафот кардааст.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. С. 272.

Таҳияи: Набиева Аниса
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ