Бузургмеҳри Баҳодур. БАДАХШОНАМ, ТУРО ОРОМ МЕХОҲАМ! (ВИДЕО)

Бадахшонам,

Ту медонӣ, ки беҳол аст Ворух,

Ту мебинӣ, ки ҷанги сахт дар он сӯи Ому меравад ҳоло,

Шавад дуди ғам аз ҳар хонае боло.

Ту медонӣ, ки ҳар дам мешавад мардум парешонтар,

Ба зери бӯрёҳо мешавад каждум фаровонтар.

Ту медонӣ, ки Чину Амрико аз мо чӣ мехоҳанд,

Ту медонӣ, ки русу турк аз дунё чӣ мехоҳанд,

Ниқоби Толибонро дидаӣ, оре,

Сиришки кӯдакону гиряи бесоҳибонро дидаӣ, оре!

Чаро пас ҷанг бояд кард?

Чаро пас тир бояд зад?

Чаро бар хонаҳо пайки Аҷалро хонд?

Чаро бар зери пойи ҳамватан норанҷҳоро монд?

Бадахшонам,

Дар ин айёми пурғавғо,

Дар ин бозори бесавдо,

Барои зиндагии хуб баҳри тифлаке зебо –

Туро хушном мехоҳам,

Адӯ ноком мехоҳам,

Ба ҷанг анҷом мехоҳам,

Туро ором мехоҳам!

БАДАХШОНАМ, ТУРО ОРОМ МЕХОҲАМ! (ВИДЕО)