Бузургонро бузургон зинда медоранд…
Ин мусоҳиба соли 2000 миёни адиби номвар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва журналисти шинохта марҳум Ҳокими Азиз баргузор шуда ва аз тариқи телевизион дар барномаи “Суҳбати мардона” пахш шудааст. Устод Саттор Турсун баъдан соли 2006 онро дар китобаш “Зимистони умр” ҷой додааст.
Суҳбат тӯлонист ва мо танҳо як порчаи онро, ки пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел буд, интихобан меорем ва аз шумо даъват мекунем бо матни комили суҳбат аз китоби ёдшуда дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд шинос шавед.
СУОЛ: Дар як мақолаатон, ки аз назари таҳлили дардҳои ҷомеъа ниҳоят ҷолиб буд, андешаи хубе иброз доштед – яъне меарзад, агар Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонов барои фаъолияти босамараш дар ҷодаи сулҳ ба дарёфти мукофоти Нобел пешниҳод гардад. Оё ин андешаи шумо аз ҷониби мардум дасгирӣ меёфтанд?
ПОСУХ: Бале махсусан дар байни ҷавонон, лекин пешниҳод шудан бо Мукофоти Нобел, ҳамчунин мушарраф гардидан ба он зиёд нозукиҳои пинҳон дорад, ва ин нозукиҳоро аз бехаш танҳо Академияи шоҳаншоҳии Швеция медонад. Ману шумо метавонем, чун дар ҳама ҷомеаҳои демократӣ, фақат фикри худро изҳор намоем. Киҳо ва чӣ тавр пешниҳод мекунанд, чӣ гуна сурат мегирад дарёфти ин мукофот – боз ҳам вобаста аз он Академия. Шумо, албатта медонед – Нобелҳо, се насл, ҳар чӣ ёфтаанд, дар асри нуздаҳ ва оғози асри бист аз Русия ёфтанд.
Онҳо мухтареи динамит ва мина буда, асосан ба саноати коркарди нафти ин мамлакат, хусусан ба истеҳсоли нафти Боку дасти қавӣ доштанд.
Алфред Нобел, ки худ бо ҳама маблағаш ба ин мукофот поя гузошт, қариб тамоми умрашро дар Русия гузаронда, ниҳоят дар Италия фавтид.
Хуб… ба назарам, аз доираи суоли шумо дур рафтам. Қисса кўтоҳ, мушарраф гардидан ба Мукофоти Нобел, ки дар саросари дунё олитарин аст, нозукиҳои бисёр дорад. Бештар вобаста аз сиёсат… шояд хато мекунам. Дар ҳар сурат ин фикри шахсии ман аст. Ба тасаввур гиред, масалан Иван Бубин, нахустин дорандаи мукофоти Нобел аз нависандагони рус, дар Академияи Шветсия борҳо ҳамчун номзад муҳокима – шуд: аввал соли 1923,баъдан солҳои бисту шаш сӣ сиву як ва сиву ду, ниҳоят соли 1933 ба ин мукофоти олӣ сазовор гардид.
Зеро аъзои Академия ақида доштанд Максим Горкий ва Мережковский ҳам шоиста ба ин мақоманд. Ҳатто мехостанд як мукофотро дар байни Горкий ва Бубин ё худ дар байни ҳар се тақсим кунанд. Лев Толстой бошад дар оғози аср аз ин мукофот қатъиян даст кашида буд.
Шумо ҳайрон нашавед, аҳли қалам ҳамин хел «ҳунарҳо» доранд. Воқиан, дар муддати сад сол на як Толстой аз он мукофот даст кашидаааст. Ҳоло аз ин боб гап кушодему як ҳодисаи таърихӣ ба ёдам омад. Вақте ки Академияи улуми Русия дар маҷлиси раёсати худ Чехов, Горкий ва Караленкоро ба узвият пазируфта, ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз барои имзо пеши подшоҳ Николай II мебаранд, ў номи Горкийро аз баски озодандеш ва комунистгаро буд, хат мезанад. Ва табиист, ки ин қарорро воситаҳои ахбори умум дар тамоми Русия зуд интишор медиҳанд. Лекин мардонагии онвақта суханваронро бинед, – ҳам Чехов ва ҳам Короленко бе маслиҳати якдигар, чанд сол боз бедидор аввалӣ аз Ялта дуюмӣ аз худи пойтахт ба подшоҳ телеграмма мефиристанд, ки модоме Горкийро ба узвияти Академия лоиқ надонистаед, аз чунин узвият даст мекашем! Вале мо –мардум чи? Кистем мо? Агар як нафар ба мукофоте пешниҳод шавад, дигарон аризакашӣ мекунанд, ки чаро ман неву вай?… Яъне барои нависандаи ҳақиқӣ будан дили дарё доштан ҳам зарур аст. Гапамон дар хусуси Иван Бубин мерафт. Ўро ба ин мукофот бештар барои он муносибат донистанд, ки аз Русия фирор кард, болшевиконро бад медид, умуман ба ҳар сохтори комунистӣ нафрат дошт. Агар нависандаи бузурги асри ХХ Максим Горкий ҳам чунин мебуд, ба ин мукофот яқин зуд мушарраф мегардид. Инак дар мулоҳизаам, ки шумо мефаҳмед- дар дунё ҳар бозӣ асбобе дорад. Аз ҷумла Мукофоти Нобел… Ҳоло боз биёем ба сари он мақолаи банда.
Ҳақиқатан ҳам ба сифати як нафар сокини сайёраи Замин, ки руйдодҳои зиндагиро аз равзани тафаккури худ мебинад, ман ақидаамро рўирост баён намудам. Яъне, агар масъулин пешниҳод кунанд, Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонов ба ин мукофот комилан меарзад. Мақола ду сол қалб интишор ёфта буд. Ва ман… то алҳол ба он фикри хеш устуворам. Сабабаш ҳодисае, ки дар Тоҷикистони мо руй дод беҳамтост дар саросари ҷаҳон. Рафту дар ягон марзи дунё ҷанги шаҳрвандӣ ба миён ояд, одатан дуру дароз, ҳатто даҳсолаҳо тўл кашида, миллионҳо нафарро асосан бегуноҳ ба куштан медиҳад. Намунаи ин гуна даҳшату бедориҳоро на фақат аз Африқо ё Осиё, балки аз мамолики Аврупои мутамаддин низ ба забон овардан мумкин аст Масалан, аз Белгия, Босния, Инглистон, Фаронса… Пас имрўз таҷрибаи Тоҷикистонро дар роҳи истиқрори сулҳ беҳуда дар ҷаҳон намеомӯзанд. Ба ин маънӣ, ки чӣ тавр дар як муддати таърихан кўтоҳ ҷумҳурияти мо тавонист худро аз тўфонҳои шадид наҷот диҳад.
Овардани сулҳ, албатта аз хилқати мардуми гирифтор ба ҷангу ҷидол ҳам вобаста… Аз ин рў метавон гуфт,- миллати мо воқеан дар хилқат бузург будааст, ки ба хунрезӣ хотима бахшида, аз паи ваҳдат рафт. Лекин дар чунин амр ба вай роҳбари оқил ва дурандеш мебоист. Ва чӣ хуш, ки сари вақт Эмомалӣ Раҳмонов барин марди ҷонфидо аз миёни халқ зуҳур намуда, ба душворӣ бошад ҳам, оқибат миллати ҷафодидаи худро аз ҳалокат эмин дошт. Ин хидмати бемисл, гумон мебарам, ба кулли мукофоти олам меарзад. Факат зарур аст, ки Аврупо низ ба музаффариятҳои мамолики Шарқ бештар аз чашми ибрат нигарад, одил бошад, холисона қазават кунад…
Аз китоби Саттор Турсун: “Зимистони умр”, Душанбе, Адиб 2006. 621 с.
Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.