Чағонӣ ва Байҳақӣ: Яке шӯришгари аҳди Сомониён, дигар донишманди аҳди Ғазнавиён
Абуалии Чағонӣ. Абуалии Чағонӣ (соли таваллудаш номаълум), яке аз ҳокимони Чағониён. Аз соли 936 надими сулолаи Сомониён дар Хуросон буд. Вақте ки соли 945 аз ноибӣ озод карда шуд, бар зидди амир Нӯҳ бо роҳи макру фитна шӯриш бардошта, Иброҳим ибни Симҷурро, ки ҷонишини нави амир буд, аз вазифа сабукдӯш гардонд ва аз Хуросон берун кард.
Соли 948 амир бо Абуалии Чағонӣ шартномаи сулҳ баста ӯро пас ба вазифаи вазирӣ таъйин кард, лекин фурсате зиёд нагузашта қарори худро бекор намуд. Бинобар он Абуали бо ёрдами Бувайҳиён зиддияти наве алайҳи амир бархезонд, аммо худ маҷбур шуд дар замони салтанати Абдумалик ибни Нуҳ (954-961) рӯ ба гурез орад. Абуалии Чағонӣ соли 955 вафот кардааст.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 71.
Муаллифон: Л. Бойматов.
АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ
Абулфазли Байҳақӣ Муҳаммад ибни Ҳусайн дар соли 996 таваллуд ёфтааст. Таърихнигор ва нависандаи даврони Ғазнавиён. Дар бораи зиндагии ў иттилооти кофӣ мавҷуд нест. Абулфазли Байҳақӣ таҳсилоти хубе дошта, дар ҳунари адаб ва зарофати иншо маъруф будааст.
Абулфазли Байҳақӣ дар замони ҳукумати султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба муддати дароз котиби «Девони рисолат» буд ва дар аҳди султон Абдуррашид (1049-1052) раёсати ҳамин девонро бар ўҳда дошт. Тибқи ахбор Абулфазли Байҳақӣ муддате зиндонӣ буд.
Дар аҳди султон Фаррухзоди Ғазнавӣ (1051-1059) Абулфазли Байҳақӣ ба таълифи маъруфтарин китоби таърихии хеш «Таърихи Байҳақӣ» (30 ҷилд) машғул шуд, ки он ба унвони «Таърихи Масъудӣ» низ маъруф аст. Бархе рисолаҳои «Зиннат-ул-китоб» ва «Мақомоти Абунасри Мишкон»-ро моли ў донистаанд.
Рисолаи «Зиннат-ул-китоб» дастури бисёр муфид барои котибон ва коргузорони девонҳои давлатӣ будааст. Ин рисола то замони мо нарасидааст, аммо иқтибосҳое аз он дар китоби «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулҳасани Байҳақӣ омадаанд.
Рисолаи дигари Абулфазли Байҳақӣ «Мақомоти Абунасри Мишкон» низ баҳсест дар мавзўи таърихи вузаро. Ин китоб низ то замони мо нарасида, вале бахшҳои он дар китоби маъруфи «Осор ул-вузаро»-и Сайфуддини Уқайлӣ иқтибос шудаанд.
Абулфазли Байҳақӣ Муҳаммад ибни Ҳусайн дар Ҳорисободи Байҳақ моҳи октябри соли 1077 вафот намуд.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 83.
Муаллиф: Бойматов, Л.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова ва Шаҳноза Садирзода,
кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ.