Чаҳор рӯз дар Семинари VIII-уми байналмилалии илмию амалии «Тармими ҳуҷҷат: консерватизм ва инноватсия — 2026»
Аз 6-ум то 10-уми апрели соли 2026 дар Семинари VIII байналмилалии илмию амалии «Тармими ҳуҷҷат: консерватизм ва инноватсия — 2026» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуда, таҷрибаи кории худро такмил додам, ҳузур дар ин дарсҳои амаливу назариявӣ бароям як фаҳмишҳои нави технологӣ дар соҳаи тармим ва таъмири ҳуҷҷат буд.
Дар рӯзи аввали будубош сараввал бо ҳайати намояндагони кишварҳои узви ИДМ ва мутахассисони соҳаи таъмир ва тармими Китобхонаи давлатии Русия шинос шудем ва ҳамзамон бо барномаи семинари таҳиянамудаи дастандаркорон ошноӣ пайдо кардем.
Дар рӯзи ифтитоҳи семинар директори Китоббхонаи давлатии Русия сухани муқаддамотӣ кард. Ҳамзамон сардори Раёсати таъминоти нигоҳдории фонди Китобхонаи давлатии Русия, намояндагони бахшҳои гуногуни китобдории ин кишвар, аз ҷумла аз Вазорати фарҳанг, Бойгонии Федеролии Русия, Маркази ҷумҳуриявии илммӣ-рассомӣ ва тармими ҳуҷҷатҳо, Китобхонаи давлатии оммавӣ-таърихии Русия, Китобхонаи давлатӣ-ҷумҳуриявии адабиёти хориҷии Русия ва дигарон суханронӣ карданд.
Баъд аз шунидани маърӯзаву суханрониҳои расмӣ, курси омӯзишии мо дар Хонаи Пашкови Китобхонаи давлатии Русия идома карда, дар ин макон аз ҷониби мутахассисони ҳирфаии соҳаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо ба тарзи амалӣ дарсҳо баргузор карда шуд. Аз ҷумла, яке аз мутахассисони сатҳи байналмилалӣ – сардори шуъбаи Осорхонаи Дастхатҳои нодири Китобхонаи Александрияи Ҷумҳурии Арабии Миср Салли Муҳаммад Анвар бо мо дарси муқовабандӣ бо усули Эфиопӣ гузаронда, аз нозукиҳои кори мавриди назар гуфта гузаштанд.
Дар идомаи семинар, ҳамзамон аз Ҷумҳурии Қазоқистон мутахассиси ҷавон бо гузаронидани дарси амалӣ дар мавзуи “Дӯхти шерозаки китоб (каптал) бо усули қадимаи Шарқ” дарс гуфт, ки бешар ба таъмири китобҳои нодир тааллуқ дошт.
Мутахассиси дигар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ба мо дар мавриди муқовабандии дасхатҳо бо чарм суҳбат кард, иловатан дар мавзуи ороиши астарбадрақа (форзац) бо зар ва рангҳои табиӣ бо номи зарафшонӣ ва абрӯ маълумот доданд.
Ба мутахассисони соҳа маълум аст, ки сол то сол ҳангоми таъсиррасонии ҳолатҳои биологӣ ва химиявӣ умри коғаз ба охир мерасад. Аз ҷумла, микроорганизмҳо, замбурӯғҳои гуногун ва ҳатто худи инсон ҳам боис мегардад, ки коғаз ва ё китоб бо таъсири омилҳои берунаву дохилӣ аз байн равад. Ин соҳаи ҳаётан муҳим – таъмиру тармим метавонад ба абёт умри дубора бахшад. Аз ин нигоҳ мутахассисону донандагон, роҳбарият ва масъулони моро зарур аст, ки нисбати таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо ҷиддӣ муносибат намуда, дар омода кардани мутахассисони ҷавону ҳушёр бештар талош намоянд.
Аз рӯйи таҷрибаи чандсола амиқан ва мушаххасан метавонем бигӯем, ки дар семинар аз тамоми давлатҳои иштирокдор бештар мутахассисони ҷавон дида шуданд.
Ҳамин тариқ, дар чаҳор рӯзи будубош дар ин макон мо аз тарзҳои гуногуни таъмиру ҳуфзу безараргардонии дастхату ҳуҷҷатҳои нодир ва дигар анвои чопӣ бохабар шуда, бо усулҳои гуногуни таъмиру тармимгардии ҳуҷҷатҳо ошноӣ пайдо кардем.
Мо аз он хушҳолем, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ нисбат ба соҳаи таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо дар Муассиса меафзояд ва дастгирии ҷавонон дар ин роҳ бартарӣ пайдо мекунад. Аз ин нуктаи назар, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар фурсатҳои наздик дар коллективи Китобхонаи миллӣ мутахассисоне арзи ҳастӣ хоҳанд намуд, ки дар соҳаи мавриди назар гомҳои уствор гузошта, роҳу равишҳои муосири муқовабандии асноди фарсудашуда, таъмири китобҳои қадим, дастхату кутуби чопи сангӣ ва нусхаҳои қаламӣ дар амал татбиқ менамоянд.
Зокирҷон Рабиев,
мудири бахши
таҳрир ва интишорот