Чанд ҳарф аз ташаббуси Тоҷикистон

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари афзудани истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз ба масъалаи мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармои умумиҷаҳонӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиши норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

  ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН

Вобаста ба мавқеи орографӣ (кўҳшиносӣ) ва иқлим Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин минтақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои Тоҷикистон муҳимтарин манбаҳои обҳои нўшокии Осиёи Марказӣ мебошанд. Омўзиши пиряхҳои Тоҷикистон бо номи олимону сайёҳони рус А.П. Федченко, В.Ф. Ошанин, И.В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва домандори пиряхҳо ва тамоми сарватҳои табии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи Тоҷику Помир (солҳои 1928-1932) бевосита пайваст мебошад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кўҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0 0  паст аст, пайдо шуданд. Аз сабаби он, ки 93 % – и ҳудуди Тоҷикистонро кўҳҳо ишғол карданд ва қариб 50 % – и онҳо зиёда аз 3 000 м баландӣ доранд, кўҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии Пиряхи Осиёи Миёна 1 7000 – 1 8000 км 2  буда, 60 %- и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷикистон рост меоянд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакўҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистону Зарафшон мебошанд.

Дар силсилакўҳҳои Помир чанд пиряхи калон дар атрофи қуллаҳои Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Ғалаба, Абуалӣ Сино ва ғайра пайдо шудаанд. Миқдори умумии пиряхҳои Помир 1 085 адад мебошад. Аз ҷумла, 7 пиряхи он зиёда аз 21 км дарозӣ доранд. Калонтарини онҳо пиряхи Федченко аст, ки 77 км дарозӣ дорад.

Дар низоми силсилакўҳҳои Ҳисору Олой масоҳати умумии Пирях 1494,8 км 2 – ро ташкил медиҳад. Бузургтарини онҳо Янгидаван ва Ямонқиргин буда, дар нишебиҳои ҷанубии силсилакўҳи Олой воқеъ гардидаанд. Калонтарин пиряхи силсилакўҳи Ҳисор – Мўра.

Дар маркази яхбандии силсилакўҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҳам чандин пиряхи пастхамӣ ва водигӣ мушоҳида мешаванд. Калонтарини онҳо пиряхи Зарафшон мебошад, ки масоҳати он ба 41 км 2 баробар аст.

Пирях аз 3/1 ҳиссаи оби солона ва қариб 50 % – и ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо, ин ҳодиса дар ҳар 12-15 сол ва тақрибан 30-70 сол дар натиҷаИ тағйири иқлим ба вуҷуд меояд. Омўзиши 35 – солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда истодааст. Аз ҷумла, ҳудуди Пиряхи Бивачний ва Гармо то 4 км кўтоҳ шуда, пиряхи Хирсон 450 м поин фуромадааст. Пиряхҳои қисми ғарбии силсилакўҳҳои Пётри Як аз 1,5 то 7 км, Пиряхи қисми шимолии он аз 1 то 6 км, Пиряхи силсилакўҳи Паси Олой аз 2 то 3,5–4 км кам гардида, масоҳати Пиряхи ҳавзаи дарёи Вахш 806 км2 хурд шудааст. Дарозии пиряхи Зарафшон дар тўли солҳои 1908-1986 зиёда аз 1 км, пиряхи Абрамов 80 м (солҳои 1850-1984) кўтоҳ гардидааст.

Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии аз 4 то 5 км комилан об шудааст. Олимон ва муҳаққиқон аксари Пиряхи ҳудуди Тоҷикистонро ба намуди лағжанда мансуб медонанд. Ба қайд гирифта шудааст, ки пиряхи калонтарини Тоҷикистон- Федченко солҳои 1868, 1910-13 ва соли 1963 ҳаракат карда, сипас дар муддати 40-50 соли охир аз лағжидан мондааст. Лағжиши Пирях, дар натиҷаи воқеъ будан дар нишебии маҳал, қувваи фишори қабати нави барф (солҳое, ки барф аз ҳад зиёд меборад), таконхўрии кўҳҳо, зилзила ва ғайра рух медиҳад. Зери таъсири ин омилҳо агар забонаи Пирях аз хатти барфӣ ҳудудест, ки аз он боло ях босуръат об намешавад, поин фарояд, зуд об мешавад, зеро ҳарорати ҳавои пасттар аз хатти барфӣ нисбатан баланд мебошад. Дар ҳолати танзими табиӣ ҳаракати онҳо 0,3-0,8 м- ро ташкил медиҳад. Пиряхи Федченко дар як шабонарўз бо суръати 0,7 м, Ҷамъияти географӣ 0,28 м, Зарафшон 0,25 м ҳаракат мекунанд. Аз ин сабаб онҳо ҳамчун захираи табии ҷараёни дарёҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Дар фасли тобистон, ҳангоми об шудан сатҳи оби дарёҳоро баланд бардошта, дар шароити иқлими континентии хушки Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои обёрии заминҳо ва парвариши зироат аҳамияти калон доранд. Дар назди пиряхи Федченко (дар баландии 4169 м) пойгоҳи обуҳавосанҷии «Пиряхи Федченко» бунёд шудааст.

Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2021. – С. 79-81.

Муаллиф:  Х. Муҳаббатов.

Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ