Чанд ҳарфе аз ҳамкорамон Махмура Азимова

Махмура Ҳикматова дастпарвари факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1986) мебошад. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 1980 ба кор меояд ва 40 соли умрашро дар ҳамин боргоҳи илму маърифат сарф карда, то дараҷаи сардори шуъба расидааст.

Ҳамчун китобдори шуъбаи хизматрасонӣ, китобдори калони шуъбаи захиравӣ-мубодилавӣ, мудири бахши шуъбаҳои библиографияи миллӣ, коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ кор кардаву заҳмат кашидааст.

Аз соли 2012 муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ буда, дар тасниф ва тасвири асарҳои чопӣ барои феҳрист, таҳрири феҳристҳо, ғанигардонии хазина, пур кардани захираҳои эҳтиётӣ, коркарди китобҳо ба забонҳои гуногун фаъолона иштирок дошт.

Баъдан вазифаи сардори шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқро ба зимма дошт. Дар таҳияи феҳристи алифбоӣ ва ҷобаҷогузории адабиёт, санҷиши доимии хазинаи шуъба саҳм гирифт.

Муносибати нарму лаҳни ширин гуфтор дошт ва хонандагон ҳам ин гуна муносибатро хуш доштанд. Ҳамеша барои пайдо кардани китобу адабиёти зарурӣ ба хонандагон кумаки фаврӣ мерасонд ва мушкили онҳоро дар сарфаи вақт осон мекард.

Саҳмаш ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани таснифоти китобдорию библиографӣ калон аст. Дасти даҳҳо мутахассиси ҷавонро дар ҷодаи касб рост намудааст. Миёни кормандон ва хонандагон ҳамчун китобдори ботаҷриба эътибор дошт.

Бо унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги  ҷумҳурӣ қадр шудааст.

Ҳоло Махмура Азимова дар нафақа буда, дар иҳотаи фарзандону наӣераҳо давлати пирӣ меронад.

 

Сабоҳат Ибрагимова,

муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт.

 

Теги: коркарди адабиёт