Чанд хулоса аз омўзиш ва таҳлили фаъолияти “Толори академикон ва докторони илм” дар Китобхонаи миллӣ

РисолахоТолори академикон ва докторони илм соли 2012 дар назди Шуъбаи рисолаҳои илмии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интиқол додани китобхонаҳои шахсии академикҳо: Аҳрор Мухторов, Михаил Николаевич Боголюбов, Раҷаб Амонов, Фозил Тоҳиров, Талбак Назаров ва докторони илм, профессорон: Раҳими Мусулмониён ва Бобомурод Исматов ба Китобхонаи миллӣ таъсис ёфт.

Барои ҳифзу нигоҳдории фонди китобхонаҳои шахсии олимони мазкур маҳфузгоҳи махсуси нигоҳдории китобҳо таъсис дода шуд ва толори хониш барои истифодаи онҳо ҷудо гардид. Минбаъд низ китобхонаҳои шахсии академикҳо ва донишмандони тоҷик аз ҷониби аҳли оилаи онҳо ба Китобхонаи миллӣ ва сипас ба Шуъбаи рисолаҳои илмӣ интиқол дода шуданд.

Аз ҷумла, рўзи 12 июни соли 2014 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб маросими тақдими китобҳо ва ифтитоҳи китобхонаи шахсии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ баргузор гардид. Дар фонди китобхонаи мазкур бештар адабиёти илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ маҳфузанд. Дар маросими ифтитоҳи китобхонаи шахсӣ ҳамсари академик Муҳаммадҷон Шакурӣ Дилафрўз Икромӣ иштирок дошт ва дар суханрониаш таъкид кард, ки «Муаллим то охири умр бо ки­тоб буданд. Аввалин ва охирин васияташон ин буд, ки китоб дастраси хонандаҳо шавад. Ман ҳам кўшиш кардам, то ин васи­ятро иҷро кунам. Акнун умед дорем, китобҳо давоми умри устод бошанд ва барои хонандаи ҷавон хизмат кунанд».

Ин иқдомҳои нек пас аз суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо олимони кишвар анъанавӣ гардид. 18 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо олимони мамлакат оид ба таҷрибаи ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супурдани китобхонаи шахсии олимону нависандагони фавтидаро баҳои баланд дода, қайд карданд, ки «Солҳои охир дар пойтахт як амали неку дурандешона ба ҳукми анъана даромадааст, ки фарзандон ва наздикони олимону адибони фавтида китобхонаи волидайнашонро ба Китобхонаи миллӣ барои истифода месупоранд. Ин китобҳо дар китобхона бо номи соҳибонашон нигоҳ дошта мешаванд ва хонандагон аз онҳо истифода мекунанд. Бо ин роҳ китобҳо аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мешаванд ва аз тарафи дигар, номи ин олимон абадӣ боқӣ мемонад…. Вобаста ба ин, ба олимони калонсол, фарзандони донишмандон ва ҳамаи зиёиён муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки китобхонаи худро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, то дигарон низ аз онҳо истифода карда, манфиат бинанд ва ғизои маънавӣ гиранд».

Имрўз дар назди шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ 35 китобхонаи шахсии академикҳо ва докторҳои илм бо фонди 32905 нусха адабиёт доир ба соҳаҳои гуногуни илм фаъолият мекунанд, ки қисми зиёди онҳо аз нигоҳи мазмуну мундариҷаи худ беназир буда, арзиши баланди илмӣ ва таърихӣ доранд.

МехрочТо имрўз 6531 адад адабиёти фонди китобхонаҳои шахсии академикон ва докторони илм ба барномаи Алеф ворид карда шуданд ва 4360 адабиёт бо рамзбандии вижагӣ (штрихкод) таъмин карда шуд.

Дар толорҳои шуъбаи рисолаҳои илмӣ шаш намоиши китоб таҳти унвонҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040), “Ҷўрабек Назрӣ – адабиётшиноси маъруфи тоҷик”, “Нақши Сайфулло Махкамов дар рушди илми тоҷик”, “Саймиддинов Додихудо – забоншиноси точик”, бахшида ба Рўзи Китоб ва 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори 85-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Карим Абдулов, ташкил карда шуд. Ҳамзамон, дар заминаи хазинаи Гўшаи олимону донишмандони “Толори академикон ва докторони илм”-и шуъба дастури библиографии шарҳиҳолии доктори илмҳои таърих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷомеашинос, сиёсатмадор, адиби маъруф Карим Абдулов дар ҳаҷми 10 ҷузъи таҳия ва интишор ёфт.

Таъсиси китобхонаҳои шахсии донишмандони маъруфи тоҷик дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  барои дастрасии бештари хонандагон ба адабиёти илмӣ мусоидат намуд ва ҳамарўза аз махзани ин китобхонаҳои шахсӣ теъдоди зиёди унвонҷўёну кормандони илм истифода мекунанд.

Ҳамин тавр, омўзиш ва таҳлили фаъолияти “Толори академикон ва докторони илм” имкон дод, ки чунин хулоса намоем:

  1. Ташкили китобхонаҳои шахсии академикон ва докторони илм дар Китобхонаи миллӣ доираи истифодаи китобҳоро васеъ намуда, дастрасии эҳтиёҷмандони соҳаҳои гуногуни илмро осон гардонид.
  2. Таъсиси толори мазкур ва роҳандозии хадамоти китобдорӣ-библиографӣ дар он барои сари вақт қонеъ намудани талабу дархости ходимони илм, бахусус унвонҷӯён, аспирантон, омӯзгорон ва толибилмон ба мутолиаи асарҳои камёфту нодири илмӣ шароитҳои заруриро фароҳам овард.
  3. Толори академикон ва докторони илм имкон дод, ки адабиёти соҳавӣ дар як махзан бо дарназардошти равияҳои мушаххаси илмӣ ҷамъоварию гурўҳбандӣ карда шавад.
  4. Захираи китобхонаҳои шахсӣ бо ибораи Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз карда мешаванд.
  5. Иқдоми наҷибонаи Китобхонаи миллӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби шоистаи осори илмии олимони тоҷик тавассути китобхонаҳои шахсии онҳо таҷрибаи нодир маҳсуб меёбад.

Меҳроҷ КОМИЛОВ,
сардори шуъбаи рисолаҳои илмӣ