Чанд намуна аз Дарвеш Носири Бухороӣ

Дарвеш-Носири-БухороӣАз дарвешони соҳибкамол буда. Гўянд, ки баъд аз зиёрати Маккаи муаззама ба Бағдод омада, Салмонро бо асҳоби вай дар канори Даҷла, ки ба сари туғёни об омада буданд, дарёфт. Дар он ҳол Салмон ин мисроъро гуфта, ки:

Даҷларо имрўз рафторе аҷаб мастона буд.

Ба ҷиҳати имтиҳон ишора ба Дарвеш Носир кард, ки мисраи дигарро шумо бигўед. Вай дар бадеҳа хонд, ки:

Пой дар занҷиру каф бар лаб, магар девона буд?

Салмон ўро ба хидмати Султон Увайс оварда, ба инъомоту иноёташ махсус гардонид.

Ўрост:

Дар мадраса касро нарасад даъвии тавҳид,

Манзилгаҳи мардони муваҳҳид сари дор аст.

***

Дарвешо, ки мулки қаноат мусаллам аст,

Дарвеш ном дораду султони олам аст.

***

Мо гуле аз бўстони ҷаннатем,

Қатраи дарёву мавҷи раҳматем.

Васли ў ёбӣ, чу гирӣ тарки хеш,

Юсуф арзон аст, мо беҳимматем.

***

Туро заҳмат шуд, эй зоҳид, чу бишкасти сабўи ман,

Ки ман з-он бода сармастам, ки дар соғар намеғунҷад.

Агар парвонаи ишқӣ, дар оташ болу пар мезан,

Ки ин ҷо ҳазрати ишқ аст, болу пар намеғунҷад.

***

Моро, ки биронданд чу гард аз дари масҷид,

Хоки дари майхона беҳ аст аз ҳама ҷое.

***

Дили маҷрўҳро парвои тан нест,

Шаҳиди ишқ мўҳтоҷи кафан нест.

Маро дил мекашад ҷое, ки он ҷо

Саборо заҳраи омадшудан нест.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019