Чанд сухан андар зикри хайри устод Ҷӯрабек Назрӣ
Ҷои бас таасуф аст, ки банда ба сабаби камбахтӣ ифтихори ҳамкорӣ бо устоди шодравон Ҷӯрабек Назриро надоштам, бо ин ҳол, наметавон гуфт, ки аз дидору мусоҳибат бо ин марди шариф ва инсони фозил бебаҳра мондаам.
Нахустин чизе, ки инак бо гузашти шаст сол аз рӯзгори донишҷӯйи дар зеҳну ёдам нақш бастааст, ин аст, ки банда, бо вуҷуди ба истилоҳ бадшонсӣ, боз ҳам ифтихори дарс хондан дар як донишкадаву як Донишгоҳ бо устоди зиндаёдро доштаам, бо ин тафовут, ки эшон дар бахши суханшиносӣ ва се сол пештар таҳсил мекарданд, банда дар бахши шарқшиносӣ.
Ва ба шарофати ҳамин ҳаммактабӣ буд, ки имкони мухтасар ошноӣ бароям муяссар шуд. Дар он рӯзгор ҳам, мисли имрӯз, ба муносибати ҷашнҳову рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ, маҷолиси суханронии ҳамроҳ бо базми шеъру созу суруд дар толори марказии Донишгоҳ бо ширкати пурранги донишҷӯёни фаъолу ҳунарвар барпо мегардид. Ва акнун сипаси шаст сол танҳо чизе, фикру ёди бандаро бо он маҳофили шеъру суруд пайванд медиҳад, ҳамоно ҳунарнамоию саҳнаороии Ҷӯрабек Назрӣ – гули сари сабади он ҷамъ буд, ки гоҳ бо яккахонӣ ва гоҳ бо дӯстонсароӣ бо ҳамдарсаш Гулрухсор Сафиева мояи эҷоди ваҷду сурур дар тамошобин мегардид.
Ҷӯрабек бо қадду болои зебо ва чеҳраи хандон ва овози хуш ва Гулрухсор бо ҳусни лоиқи номи худ ва ҷозибаи шигифти ҳунарӣ фазои толорро рангину атрогин мекарданд …
Ҳамин фаъолияту кӯшоии ороста бо истеъдоду ҳунари истисноӣ буд, ки пас аз хатми Донишгоҳ якеро ба аспирантураи Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ пазируфтанд ва дигарӣ дар андак муддат ба мудирияти рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва мартабаҳои болову болотар дар арсаи адабиёт расид.
Хулоса, аввалин дидору сӯҳбати банда бо устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ замоне иттифоқ афтод, ки ӯ пас аз тайи маротиби чандинсола раёсати Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттиро бар ӯҳда дошт. Бо ин ки бори аввал рӯ ба рӯ шудем, чунон бо меҳрубонӣ ва кушодарӯӣ (хушрӯӣ) рафтор кард, ки аз одобу ҳусни муошираташ, дучори шигифтӣ ва андак ҳиҷолат шудам. Бо ин ҳол, дар дил фахр мекардам, ки мо чунин шахсони баруманд дорем.
Муддатҳо баъд дарёфтам, ки устод бо хурду калон, чи бо зердастон ва чи дигарон ҳамин одоби муоширатро риоя мекардаанд.
Аз сӯҳбатҳое, ки бо ошноёнам дар Пажуҳишгоҳ доштам, дарёфтам, ки ин тарзи муносибат ва муоширати устод Ҷӯрабек Назрӣ рағбату дилгармии онҳоро ба кор бештар кардааст ва натиҷатан, онҳо дар симои доктори улуми суханшиносӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҷӯрабек Назрӣ на директору мудир, балки рафиқу ҳамкори ғамхору меҳрубони худро медиданд.
Гӯё гузиниши Ҷӯрабек Назрӣ ба раёсати Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо қирони Муштарию Зуҳра ҳамзамон афтода буд, ки дар ин муассисаи муҳимми илмӣ ҷунбише илҳомбахшу руҳафзо ба вуҷуд омада буд, ки то вопасин лаҳазоти умри ӯ пойдор ва қобили эҳсос буд.
Ногуфта намонад, ки борҳо дар маҷлисҳои илмии Академияи илмҳо шоҳиди суханронӣ ва изҳори назари устоди фақид будаам, ки ҳамагӣ ҳамроҳ бо ҳикмати хушрӯйию хушодобӣ ва риояти тамкину салобати сазовори илму олим будааст. Борҳо дар ин бора меандешидам, ки ин ҳама рафтори муаддабона ва шеваи гуфтори дархӯри таҳсин аз куҷо дар вуҷуди Ҷӯрабек, ки асолати кӯҳистонӣ дорад, маъво гирифт? Танҳо чизе, ки дар ин бора ба зеҳнам расид, ин аст, ки бахше аз инҳо фитрию модарзодист, бахши дигар ишқу алоқаи вофир ба адабиёту ҳикмати инсонпарвари тоҷик ва бахши сеюм ҳосили ҳамкорию ҳамроҳию ҳамнишинӣ бо бузургони илму ирфон, назири устод Осимӣ ва устод Маниёзов аст, ки вуҷуди шарифашон ороста бо ҳикмату адаби ниёкон буд.
Дар ин давра буд, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон тақвият ёфта, теъдоди зиёде аз унвонҷӯёни ин ду кишвари ҳамзабон таҳти роҳбарии донишмандони тоҷик ба дарёфти мадраки дуктурӣ ноил омаданд. Банда ҳам дар он рӯзгор се китоби ховаршиносони барҷастаи шуравиро бо дархости сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва машварати Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тарҷума кардам, ки яке бевосита ба Панҷшер ва одобу русуми панҷшериён дахл дошт. Ин ҳамкориҳо то ҷое пеш рафта буд, ки Ҳукумати устод Раббонӣ ва сипаҳсолори ӯ Аҳмадшоҳи Масъуд (раҳмати Худо бар ин ҷавонмардон бод) тасмим гирифтанд дар мадориси мутавасситаи қаламрави таҳти нуфузи худ аз барномаву модели таълиму тарбияи Тоҷикистон пайрави кунанд ва, масалан, дар китоби адабиёти синфи 10 боби “Адабиёти пасомодерн” (постмодерн)-ро дохил кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
ҶӮРАБЕК НАЗРӢ – ДИПЛОМАТ
Зикри ҳамкории илмию омӯзишӣ бо ду кишвари ҳамзабонро бо ин далел лозим донистам, ки устод Ҷӯрабек Назрӣ ҳам ба унвони директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва ҳам ба масобаи шахсияти камназири бархурдор аз ҳусни муошират (дипломатия) дар ин корҳо саҳим буд. Бо одобу рафтори хосе, ки дошт пайванди қавӣ бо сафоратхонаҳои Афғонистону Эрон барқарор карда буд, то ҷое, ки чанд Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафарҳои расмияшон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ва Пажуҳишгоҳи шарқшиносии таҳти масъулияти ӯро барои худ лозим медонистанд, зеро Ҷӯрабек Назрӣ номе ошно дар он ду кишвар шуда буд.
ГАНҶБОНИ АМИН
Дар хусуси корҳои илмии устоди равоншод ҷуръат намекунам изҳори назар кунам, гарчи медонам чандин таълифоту мақолоти муҳимму шоёни зикр доранд ва дар бахши феҳристнигории дастнависҳои маҳфуз дар ганҷинаи Пажуҳишгоҳ низ ҳадамоти ситуданӣ ва мондагоре анҷом додаанд, далели худдориям ин аст, ки изҳори назар дар ин ваҷҳро ҳамкорони эшон дар Пажуҳишгоҳ сазовортаранд, чун онҳо вуқуфи ба маротиб бештар аз хадамоту заҳамоти устодашон доранд.
Ва аммо ишорати банда ба исми “ганҷбон” ва сифати “амин” ҳадди ақал ба ин сабаб аст, ки агар ганҷинаи азим ва гаронбаҳое дар ин муассисаи илмӣ намебуд, унвони он “Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ” мешуду халос. Дигар ин, ки ганҷинаи мавриди назар дорои чанд ҳазор нусхаи хаттии ёдгори мондагори ниёкони азизамон воқеан ганҷҳое дорад, ки ба ҳифозату нигаҳдорӣ ва таҳқиқоти ватанпарастона ва, дар як калом, ба ганҷбони амине ниёз дорад, ва устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ дар тамоми муддате, ки тасаддӣ ва масъулияти ин аҳамми муҳиммотро бар душ дошт, бо вазифашиносии қобили васфе ин рисолати азимро ба ҷой овард, то ин ганҷи ба амонатрасида аз аҷдоди номоварамонро чунон ки ганҷбони аминро месазад, посдорӣ кунад ва ҳамин аст, ки то метавонист ганҷу гавҳарҳои дигаре бар он афзуд ва мисли савгандхӯрдае нагузошт, ки заррае аз он кам шавад. Мисоли равшану гӯёи чунин кирдор он аст, ки замоне намояндагони қавми калимӣ бо ёфтани огаҳӣ аз мавҷудияти як нусхаи нодири Тавроти дорои лавҳи махсус дар Пажуҳишгоҳ омада буданд, то дар ин бобат ба муомилаву савдо бипардозанд ва ин китоби нодирро ба ивази маблағи бисёр калон соҳиб шаванд. Вале аз он ҷо ки, ганҷинаи мо ганҷбони сарсупордаи ватанпарасте чун устоди шодравон Ҷурабек Назриро дошт, он савдогарони илму ирфон маъюс мондаанд. Ҷӯрабеки Назрӣ камоли ҳушёрӣ ва ниҳояти амонатдорӣ аз худ нишон дод ва ин ишорате буд ба “меҳмонон”-и нохонда, ки тоҷик китобро, илму ирфонро, ҳикмати аҷдодиро ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ унвон қобили савдо намедонад.
ИЛМАТ БА ҲУНАР ЧУ ЁР ГАРДАД…
Устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ аз зумраи нодиртарин касонест, ки роҳи пурмашақати илмро мардонавор паймуда, ба камолоти эҷодӣ дар ин соҳа расидааст ва ҳамзамон тавонистааст ба туфайли истеъдоди фитрӣ дар арсаи ҳунари ромишгарию хунёгарӣ низ обрӯйи баланд ва шуҳрату шони бемислро ба даст орад. Гувоҳи ин амр ҳамоно унвонҳои баланди илмӣ ва ҳунариест, ки ӯро насиб шудааст. Танҳо касе, ки дар ин маврид бо ӯ метавонист қобили муқоиса бошад, устоди шодравон Носирҷон Маъсумӣ аст, ки ҳам олими барҷаста буд, ҳам устоди нозукбин дар боби “Шашмақом”-сароӣ, бо ин тафовут, ки аз ҳунари сарояндагиаш шумори маъдуде аз ёрону дӯстон дар маҳфилҳои хос баҳраву файз меёфтанд ва аз замзамаҳои ошиқонаву орифонаи Ҷӯрабек Назрӣ ҳазорон кас аз пиру барно, дар Ватан ва чанд кишвари ҳамзабон коми ҷон ширин мекарданд.
Сарнавишт чунон рафта буд, ки боре устодро ки ба ҷашни арусӣ дар Варзоб даъват шуда буд бо ҳамкорам Шодмони Лоҳутшо ҳамроҳӣ кардем ва ин ҷашну сур аз соати шаши шомгоҳ то нӯҳ соати дигар барпо буд. Ман, ки устодро дар ҷашну базми калон надида будам, волаву ҳайрони ҳунари волояш шудам, ки умре фаромӯшам намешавад, бахусус, ки ба шарофати ин ҳамроҳӣ бо устод бароям як ҷомаи зебо инъом карданд, ки акнун бо гузашти чил сол мутаассифона аввалин ва охирин инъом ё ба қавли ванҷиҳо “потахсӣ” буд.
Шояд хурдагироне пайдо шаванду гӯянд, ки “ту ки як пиёла чой бо устод Ҷӯрабек нахӯрдаӣ, чаро қаламфарсоӣ мекунӣ”. Ҷавобам ин аст, ки бандаро ифтихори ҳамроҳӣ, ҳамройӣ ва ҳамчойӣ бо устод насиб шудааст: як бор дар тӯйи Варзоб, ки дар боло ёдоварӣ шуд, бори дигар дар ҷамъе, ки устоди зиндаёд Зафари Нозим сару сомон дода буд ва он он гоҳ буд, ки банда рафта будам назди устод Зафар Нозим, то мусоҳибае барои радиои бурунмарзӣ анҷом диҳам. Бист дақиқа нагузашта буд, ки шодравон Рустами Абдураҳим – бале ҳамон марди англисидон ва дуторнавози машҳур дутори ғилофдор дар даст аз Кӯлоб расид, ва пас аз чанде устод Ҷӯрабек ҳам барои дидор бо устоди Зафар ба театри тобистона – коргоҳи дастаи фолклорию-этнографии “Ганҷина” омад. Дигар, вақти наҳор ҳам расида буд, ки устод Зафар се меҳмони мазкур ва аз ҳамкорони худ устод Муродбек Насриддин ва шодравон Аҳмадҷон Муҳаммадиевро ба азми зиёфат ба ресторани меҳмонхонаи ЦК (ҳамон ки дар паҳлуи коҳи Ваҳдат аст) бурд. Нишоту сӯҳбати ҷононае буд, ки ҳаргиз фаромӯшам намешавад.
Инак ҷои он дорад, ки номи зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ – ин шахсияти камназири илму ҳунар ва ороста бо гавҳару зевари одамгариро бори дигар ёд ва дуо кунем, ки Худованди Меҳрубон ҷойгоҳи хушу хуррам барои эшон иноят кунод.
Саидаҳмади Қурбон,
тарҷумон, рӯзноманигор,
корманди Китобхонаи миллӣ.