Чанд сухан аз зиндагиномаи Дилкаши Танбўрӣ

 

 

 

Дилкаши Танбўрӣ, Қорӣ Каромати Бухороӣ соли 1851 дар Бухоро таваллуд шудааст. Мутриб, (танбўрӣ), шоир, сароянда, мусиқидони тоҷик. Яке аз шогирдони машҳури Аҳмад Махдуми Дониш (1827-97).

Асосҳои ибтидоии шеър ва мусиқиро аз падару модараш, ки аз хонаводаи бонуфузи фарҳангии Бухоро буданд, фаро гирифтааст. Дилкаши Танбўрӣ дар доираҳои фарҳангии Бухоро шуҳрати хосса дошт. Бинобар ин, Амир Абдулаҳад ўро ба сифати надими хосси ҳунарӣ ба дарбори худ даъват намуд. Баъди як соли хидмат Дилкаши Танбўрӣ дарбори Абдулаҳадро ба иллати бемории сил тарк намуда, бо устодаш Аҳмад Махдуми Дониш ҳамкору ҳамандеша шуд.

Дилкаши Танбўрӣ дар вусъати мусиқии устодони «Шашмақом» фаъолият намуда, шохаҳои созию ҳунарии ин шоҳкории шеърию мусиқиро густариш додааст. Ў бо устодону донандагони мусиқии касбӣ, бахусус мақомсароён Бобо Ғиёс Абдулғанизода ва Бобо Ҷалол Носирзода низ хамкории эҷодӣ дошт. Бинобар маълумоти маъҳазҳо Дилкаши Танбўрӣ барои Амир Абдулаҳад аз мақомҳои «Шашмақом» ду баёзи мукаммал тартиб додааст.

Дилкаши Танбўрӣ дар тарбия ва ба камолоти ҳунар расидани сарояндагони номдори мусиқии касбӣ Ҳомидхоҷаи Савтӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Меҳрии Савтӣ, Наврўзхоҷаи Танбўрӣ саҳми устодӣ дорад.

Дилкаши Танбўрӣ девони ашъор дошта, чанд ғазалаш дар тазкира ва манзумаҳои мусиқии устодонаи тоҷик ворид шудааст ва то имрўз  аз ҷониби сарояндагони «Шашмақом» иҷро мешаванд.

Дилкаши Танбўрӣ дар шаклу анвои мусиқии савт, Нақш, Талқин, Пешрав, Амал ва ғайра чандин таснифи мусиқӣ эҷод кардааст, ки дар доираҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанду Тошканд, Хуҷанду Хева маъруф буданд.

Соли 1906 дар Бухоро аз олам чашм пўшидааст.

 

Бозчоп аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 606.

 

Муаллиф А. Раҷабов

 

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.