Чанд сухан доир ба нақду ситоиши фалсафа

Фалсафа яке аз қадимтанилмҳои гуманитарӣ буда, таърихи зиёда аз дувуминҳазорсоларо дар бар мегирад ва тули мавҷудияти худ ҳам ҳамду ситоиш шунидааст ва ҳам нақду таҳқир. Онҳое, ки зеҳни дарки фалсафаро надоштанд, ё сабри заҳмат кашидан пешаашон набуд, фалсафаро нақду таҳқир менамуданд ва мафҳуми фалсафаро ба маънии “сафсата” истифода мекарданд. Байни мардуми ноогоҳ ифодаҳое, ба мисли: “ин қадар фалсафагӯйӣ мекунӣ”, яъне “ин қадар сафсатахонӣ мекунӣ” барин гуфторҳои таҳқиромезвуҷуд доранд.

Чунин ифодаҳо, албатта, беасос нестанд. Заминаи онҳо дар он аст, ки, дар ҳақиқат, фалсафа илмест сангин, ба зидӣ ба дарки маънии он расидан имконнопазир. Андешаҳои гуногунмаънӣ, тамоюлҳо, мактаб ва равияҳои зиёд, ки ҳар як бо ақоиди худ масъалаҳои фалсафиро маънидод мекунад, ба омӯзанда душвориҳои зиёдеро ба вуҷуд меоварад, ки дар натиҷа баъзеҳо ифодаҳои мазкурро дар “васфи” фалсафа истифода кунанд.

Албатта, чунин муносибат дар шуури омма вуҷуд дорад. Мардуми зиёд нисбат ба фалсафа андешаҳои куллан фарқкунанда ва барои фалсафа бояду шоядро пазиро буда, онро ҳамчун беҳтарин илми инсонӣ муътабар медонанд. Масалан, давраи Антиқа замоне буд, ки афкори хеле ҷолиби фалсафӣ ба вуҷуд омад ва ҳамаи онҳоро, ки кулли донишҳои замонаашонро аз бар кардаву роҷеъ ба оламу одам андешаронӣ мекарданд, файласуфмегуфтанд.

Дар ин давра фалсафаро ҳамчун як илми муттаҳидкунандаи кулли донишҳои инсонӣ медонистанд. Файласуф–орифи донишҳо, инсони хирадманди даврон масҳсуб меёфт. Беҳуда нест, ки мутафаккирони ин давра орзу мекарданд, то дар сар қудрати давлатӣ низ файласуфонро бубинанд, Онҳо чун ақида доштанд, ки агар дар сари қудрати давлатӣ файласуфон бошанд, ҳама мушкилоти ҷомеа ба хубӣ ҳаллу фасли хешро пайдо мекунад. Чунончи, алломаи давр Афлотун мегӯяд: “… Ба қатори маҳбубони Худованд ба касе иҷозат нест, ҷуз онки файласуф буд …ва саъй мекард ба маърифат”

Дар асрҳои Миёна дар ҳаёти маънавии инсоният идеологияи динӣ ҳукмфармо буда, мавзӯи асосии баҳсу ҷадал танҳо масъалаи мутааллиқ ба Худованд буд, фалсафаро дар ҳамин асос васф мекарданд ва вазифаашро низ дар ҳамин замина муайян менамуданд. Аз ҷумла, Августини Муқаддас менигорад, ки “… танҳо фалсафаи масеҳияти мо фалсафаи ҳақиқатнигор аст, агар ба ин унвон муҳаббат ба хирад мегардида бошад” ё Фомаи Аквинӣ чунин фармудааст: “… мавзӯи баррасии ҳама гуна фалсафа дилбохта будан ба маърифати Парвардигор аст”.

Вақте ба давраи Эҳё мегузарем, мебинем, ки муносибат ба илм, ба озодии инсон ва умуман инсонпарварӣ мақоми хоса пайдо мекунад. Акнун ҳама аҳли зиё муқаррароти асримиёнагиро зери танқид мегирифтанд, инсон ва ривоҷи илмро ситоиш мекарданд, ба фалсафа низ муносибат дигар шуд. Чунончи, файласуфи машҳури давраи Эҳёи Фаронса  Мишел Монтен онҳоеро, ки нисбат ба фалсафа беэътиноӣ зоҳир мекарданд, зери танқид қарор дода мегӯяд: “Аҷиб аст, ки дар даврони мо фалсафа ҳатто барои инсонҳои мутафаккир ба сухани фориғулмаънӣ табдил ёфтааст, вале, … дар ҳақиқат бошад, ба ҷуз фалсафа азизтар, дилписандтар, фараҳовартар ва … шӯхлаҳнтар чизеро пайдо кардан номумкин аст”.

Маълум аст, ки асрҳои XVII–XVIII замони барқарорӣ ва рушди низом сармоядорӣ маҳсуб меёбад. Дар ин давра, тибқи талаботи низоми нав, ҳама соҳаҳои илм ва, махсусан, соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, пайваста инкишоф меёфт. Дар миёни  илмҳои дигар фалсафа низ мақоми муайяни хешро дошта. Яке аз файласуфони ин давраи пешрафти инқилоби илмӣ Иоҳан Фихте  (1762-1814) дар васфи фалсафа чунин менигорад: “…ҳар касе, ки даъво ба рушди умумии маънавияташ дошта бошад, лозим аст, ба таври умумӣ бошад ҳам, бидонад, ки фалсафа чист?”…

МАНБАЪ: Ғуломҷон МИРЗОЕВ:

“Фалсафа”. Душанбе, соли 2016.

Хоҳишмандон ин китобро метавоннад дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Зебонисо РИЗОЕВА,

мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ

ба истифодабарандагон