Чанд вижагии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз назари ширкаткунандагон
То анҷоми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 рўзи дигар боқӣ мондааст. Ин озмун аз рӯйи 5 номино: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму насри идома дорад. Давталабон ҳама дар ҳаяҷону такопў ҳастанд ва бесаброна мунтазири натиҷаҳои онанд. Миёни довталабон шогирдони мактабҳои миёнаву донишҷўён ва омўзгорону директорони мактабҳо низ пайдо мешавад. Доир ба кори озмун бо чанд довталаб суҳбат намудем.
Ба гуфтаидовталаб Анўшервон Нурзода дар озмуни соли ҷорӣ вижагӣ зиёд ба чашм расидааст. Аз ҷумла тақсими синусолӣ, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатам ин табақабандӣ барои эҷодкорон, ки ў дар номинаи эҷоди назму наср ширкат варзид, бисёр хуб аст. Чункӣ як нависандаи ҷавон бо нависандаи таҷрибадор рақобат карда наметавонад. Агар ҳам ин кор ногузир бошад, нобоварӣ ба миён меояд.
Азбаскӣ ҳоло ҳама бо ҳамсафонашон дар рақобат баробаранд, дар дили довар бовар ба худ меафзод, ки ӯ метавонад ғолиб биёяд.
Анушервон Нурзода хатмкардаи синфи 11-и гимназияи рақами 1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд аст. Бо ӯ замоне ҳамсуҳбат шудем, ки тоза аз пурсиши ҳакамон берун омада буд. Анўшервон дар соҳаи дизайнер фаъолият менамояд ва адабиёту санъатро ба ҳамдигар пайванд медонад. Аз ин хотир мехоҳад дар ҳарду самт кор кунад, ки дар ин замина доварон барояш маслиҳатҳои хубе доданд.
– Дар оянда ин маслиҳатҳоро ба кор мебарам ва хатоҳоеро, ки устодон ислоҳашро машварат доданд, ислоҳ менамоям, – гуфт ӯ. Мусоҳибам ҳамчунин гуфт мехоҳад дар оянда дар адабиёт ҳам нақш дошта бошад.
Аз ҳиссиёташ пурсидам. Гуфт мисли соли аввал ҳаяҷонзада нест.
– Пас аз посухи суоли доварон шодам, ки посухҳои дуруст додам. Доварон ҳам аз комёбиҳоям гуфтанд ва ҳам аз иштибоҳотам, ки хеле шодам. Вақте одам хатои худро дарк мекунад, пайи ислоҳаш мекӯшад. Суолҳоеро, ки интизорашон будам, доданд. Таҷрибаи соли гузашта бароям кӯмак кард, то ба озмуни имсол омодагӣ бинам. Соли гузашта низ то даври ҷумҳуриявӣ омада сазовори ҷои ифтихорӣ гаштам.
Анўшервон дар номинаи эҷоди назму наср китобаш “Цикл перекрёсток»-ро, ки ҳамин сол нашр шудааст, пешниҳод кардааст. Он аз 4 повест ва 2 ҳикоя иборат аст. Инчунин ду ҳикояи тозаэҷод ва ду драма ва як эссеро ҳам пешниҳод кард. Бештар ба забони русӣ менависад. Сабаби инро ў дар он донист, ки ки хонандагонаш бештар бо забони русӣ мутолиа мекунанд.
Навиштанаш вобаста ба илҳом аст. Вақте идея пайдо мешавад, ҳиссиёте пайдо мешавад, ў зуд шуруъ мекунад ба қаламронӣ. Навиштаҳои аввалаш дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Бештар бо нашриётҳои хориҷӣ кор мекунад ва дар онлайн-сервисҳо навиштаҳояшро пешкаши ҳаводронаш менамояд. Чанде пеш дар маҷаллаи «Дружба народов» ду ҳикояаашро пешниҳод кард. Имсол дар намоишгоҳи Авруосиёӣ, ки дар Лондон баргузор гардид, асарҳояш зеби маҳфил шуд.
Шабнам Болтаева, директори мактаби таҳсилоти умумии рақами 34 шаҳри Ҳисор низ аз ҷумлаи довталабон аст. Ӯ аслан аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Шабнам адабиёти класикиро адабиёти шаҳдбор донист, ки метавон аз ҳар ҷумлаи вай як ҷаҳон маънӣ омӯхт ва гуфт, ки адабиёти классикии форсу тоҷикро зиёд мехонад ва бештар барояш ашъори Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз Калими Кошонӣ, Саййидову Ҳофиз писанд аст. Махсусан эҷодиёти Саййидо ва Ҳофизро ба такрору зиёд мехонад.
– Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст.
Шабнам дар ҷараёни суҳбат гуфт, ки бештар аз 100 китоб хондааст, 150 ғазал, 150 рубоӣ, 500 мисраъ аз чанд достон, 500 мисраъ аз қасида, 500 мисраъ қитъа, инчунин дигар навъҳои шеърӣ аз худ кардааст.
Соли дуввум аст, ки дар номинои адабиёти классикӣ ширкат дорад ва мегӯяд ин ду соли ширкат баробар ба хатми як мактаби олӣ аст. Мегӯяд агар ҷойи сазовар насибаш шавад, маблағашро ба шогирдону ҳамкасбонам мебахшам. Қисми дигарро барои хариди китобҳои бадеӣ дар хона ва муассиса сарф менамоям.
Хонум Шабнам ҳадафи ширкаташро сайқал додани донишу маҳорат ва малака унвон кард. Ширкат дар озмуни соли сипаришуда ва то даври ниҳоӣ расиданду ҷои ифтихориро ба худ ихтисос доданаш, ҳамсуҳбатамро ҳавасманд намудааст, то бахташро бори дигар бисанҷад.
Қобил ба ёдоварист, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 442 иштирок менамояд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногунанд. Даври ҷумҳуриявии озмун аз 5 то 16-уми декабри соли 2022 идома ёфта, маросими ҷоизасупорӣ 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Раҳима БОБОЕВА.