Чаро бояд забони хориҷӣ омӯзем?

Имрўз дастовардҳои истиқлол моро водор месозанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши наслҳои оянда талош варзида, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт корҳои  таълимию тарбиявиро  дуруст ба роҳ монда тавонем.

Махсусан, сифати хизматрасонӣ ва дигар усулҳоеро ба кор барем, ки онҳо на танҳо дар китобхонаҳо ба кор бурда шаванд, балки дар осорхона ва дигар муассисаҳои гуногуни  иҷтимоию маданӣ бояд пайваста ташвиқу тарғиб ёбанд. Албатта, китобхона дар баланд бардоштани дониши хонандагон нақши муҳим мебозад, аммо боз омилҳое мавҷуданд, ки таъсирашон дар ин ҷода хеле баланд аст.

 Бояд тазаккур дод, ки раванди  донишандузӣ одатан аз чунин омилҳо сарчашма мегирад:

а) оила, китобхонаи оилавӣ, вазъи иҷтимоии оила ва компютери шахсӣ;

б) мактаб, масъалаҳои кадрии мактаб, идораи мактаб ва назорати дохилимактабӣ;

в) ҷомеа, муҳити гирду атроф, муносибати рафиқон ва талаботи ҷомеа.

Муҳит ва шароите, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» барои хонандагон фароҳам овардааст, муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад. Зеро баҳри ҷаҳонишавии кишвар, чунин шароитҳои хуби мутолаи китоб заминаи воқеи мегузоранд. Хосатан шуъбаи адабиёти хориҷӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ имрўз нодиртарин китобу маводҳои заруриро гирдоварӣ намудааст, ки ҳар як шахс ба таври шафоф аз он истифода менамояд.

Зикр намудан зарур аст, ки раванди соҳибистиқлолӣ  дар тарбияи шаҳрвандон нақши муҳиме дошта, мақом ва ҷойгаҳи таълиму тарбияи миллиро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Сиёсати миллӣ дар ин раванд паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро дар бар гирифта, ба бисёр монеаҳои рўзмарра рў ба рў мегардад. Аммо  раванди фаъолияти китобхонаҳо оҳиста-оҳиста мавқеи худро ба ҷараёни сиёсати давлат мутобиқ намуда, шаҳрвандонро ба дигаргунсозии  тарзи ҳаёт, баланд бардоштани  ҳисси миллӣ ва пешрафти давлату миллат сафарбар менамояд.

 Сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусиятҳои хоси худро дошта, бештар амалҳоеро пешбинӣ менамояд, ки новобаста ба миллату халқиятҳои гуногун ба нафъи  кишвар  бошад. Аммо маҳаки асосии тағйирдиҳандаи ин раванд миллати китобхон мебошад. Мавқеъ ва ё ин ки ҷойгаҳи  миллати босавод, ки кишвар бо номи он муаррифӣ мегардад, новобаста ба ҳама монеъаҳои ҷомеа бояд возеҳу рушан бошад. Дар қиболи ин тарбияи миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дигар анъанаву сунатҳои миллӣ бояд аз ҷониби дигар миллату халқиятҳои Тоҷикистон ба ҳамаи ин  арзишу бузургиҳои миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Миллати илмомўз дар ҳама ҳолат бояд  роҳбалади ҳақиқии шаҳрвандони кишвар масҳуб ёбад.

Маънои асосии  тарбияи миллӣ ин тарбияи шаҳрвандони кишвар аст, ки бевосита ба сиёсати миллӣ вобастагӣ дорад. Сиёсати миллӣ бошад, сиёсати давлату ҳукумат барои  комёб гардидан ба сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти кишвар мебошад, ки мақоми таълиму тарбия ва дурнамои рушди миллатро муайян менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайи беҳбуд бахшидан дар фаъолияти корӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ, пайваста бо китобхонаҳои як қатор давлатҳои пешрафтаи дунё ҳамарўза ҳамкории зич дорад, то ки саҳми хешро дар беҳбуд бахшидани ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон гузорад.

Абдугаюр Саломов, сармутахассиси

шуъбаи адабиёти хориҷӣ.