Чаро китоби “Сомониён: замон ва макон” навишта шуд?

Муаллифи ин китоби таърихӣ, донишманди тоҷик Абдусаттор Мухторов ба ин назар аст, ки китоби мазкур маҳсули дастранҷи солҳои тӯлонии таърихнависию дарсхонии ӯст. Вай ба таҷрибаи бои хеш оид ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик такя намуда, асари мазкурро дар бораи Оли Сомон барои доираҳои васеи  хонандагон таълиф намудааст. Ӯ дар китоби худ нисбати назари муаллифони дигар ба таърихи пайдоишу инкишофи хонадони сомониён, саҳми онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, идоракунии давлат, сохтори он бештар диққат додааст. Китоб бо забони содаю  оммафаҳм таълиф гаштааст.

Муаллиф дар сарсухани басо муфассали худ аз ҷумла овардааст, ки таърих гувоҳ аст, ки хонадону сулолаҳои мухталиф дар дигаргунсозии тамаддуни дунявӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Яке аз он хонадонҳои овазадори ҷаҳонӣ – оли Сомон мебошад, ки дар қарнҳои  IX –X нашъу нумуъ карда, дар болоравии ҳаёти илмию фарҳангии гетӣ хизмати хосае намудааст.

Сомониён дар асрҳои миёна империяи бузурги хешро созмон доданд, ки имрӯз дар қаламрави он бештар аз ҳашт давлати мустақил арзи вуҷуд дорад. Онҳо ҳар яке худро пайравони оли Сомон пиндошта, тамоми сарзамини ин хонадонро ба халқи хеш нисбат медиҳанд. Аммо инсоф чизи хуб аст, бояд иқрор шавем, ки агар оли Сомон намебуд, имрӯз тамоми қаламрави Осиё ва ба хусус Осиёи Марказӣ мисли мамлакатҳои Африқои Шимолӣ аз забони модарӣ маҳрум гашта, забони аҷнабиёнро чун забони асосии хеш мепазируфтанд ва аз қавму қабилаҳои ҳудуди ёдшуда нишонае намемонд. Аҳсан ба Сомониён, ки бо фазлу ҳикмати худ пеши роҳи ин селро гирифта, забон, урфу одати мулки хешро эмин нигоҳ дошта тавонистанд. Сомониён на танҳо худ, балки мардуми кӯчиро таги қанот намуда, ба онҳо аз замини хеш мулк дода, соҳибдавлат карданд.

Аммо бо таассуф қайд намуданд лозим аст, ки дар бораи ин хонадони бузурги балогардон то кунун асарҳои шоистаи замон наофаридаем. Мо бо ин гуфтаи хеш қадру қиммати китобу мақола ва сарчашмаҳои оид ба ин хонадон чопшударо паст задани нестем. Аз қарнҳои IX –X сар карда то рӯзҳои мо дар бораи оли Сомон асарҳои баландмазмуни таърихӣ иншо шудаанд. Вале дарки онҳо барои хонандаи қаторӣ хеле душвора аст. Олимони замони Шуро китобу мақолаҳои илмиро доири оли Сомон таълиф намуданд. Аммо онҳо ҳамаи паҳлӯҳои давлати феодалии тоҷикро дар худ таҷассум намекунанд. Зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ дода, оиди ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти Сомониён асар эҷод кард. Мо тасмим гирифтем, ки ба асару сарчашмаҳои дар поён ёдоваршуда такя намуда, барои хонандагони сершумор нигоштаҳои содаи хешро оид ба  оли Сомон баён намоем.

Китоби мазкур қимати илмии осори ба ин мавзӯъ табъдидаро коста нахоҳад кард. Зеро ҳар як асари чопшуда ба ҳалли муаммои хосаи давраи мутазакира бахшида шуда, дар возеъ намудани ин ё он масъалаи муҳими  давлатдории сулолаи Сомонӣ хидмати босазое мекунад.

Омӯзиши бештар аз чилсолаи таърихи халқи хеш ва дарсгӯии бардавом оиди мавзӯи мазкур моро водор сохт дар бораи нахустдавлати феодалии тоҷик асаре иншо намоем, ки он аз доираи таърихи умумибашарӣ берун набуда, масъалаҳои ба миёнгузоштаи  сарчашмаю асарҳои илмиро дар бар гирифта, сазовори мутолиаи оммаи васеи хонандагон бошад.

Аҳамияти ин китобро дар он мебинем, ки имрӯз шумораи донишкадаҳои давлатию озоди ҷумҳурӣ афзуда истодааст. Бешак, талаботи донишомӯзон ба адабиёти дарсӣ беш аз пеш меафзояд. Дар кулли донишкадаҳо ба масъалаи омӯзиши таърихи пайдоиш ва инкишофи хонадони Сомонӣ бештар диққат медиҳанд. Оид ба ин курсҳои махсус хонда, машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. Ин китоб ба донишҷӯён чун дастури асосӣ оиди омӯзиши таърихи оли Сомон хидмат хоҳад кард.

Истилои араб раванди ташаккулёбии нахустин давлатҳои феодалиро дар Осиёи Миёна бештар аз дусад сол дур партофт. Зеро дар ин кишвар аллакай дар замони Ҳайтолиёну Сосониён (асрҳои IV– VI милодӣ) раванди ташкилёбии давлатҳои феодалӣ ба итмом расида, давраи болоравии онҳо сар шуда буд. Дар замони равнақёбӣ давлати Сосониёну мулки Осиёи Миёна гирифтори асорати истилогарони араб шуданд. Арабҳо давлати бештар аз 400 сол арзи вуҷуд доштаи Сосониро аз по афтонда, барои забти доманадори Осиёи Миёна зиёда аз панҷоҳ сол омодагӣ диданд. Онҳо ба тариқи лашкаркашиҳои пинҳонӣ ва фиристодани ҷосусон оид ба вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ, ва ҳарбии Осиёи Миёна маълумотҳои кофӣ ба даст овардаанд. Арабҳо то ба Осиёи Миёна сар даровардан ва баъди он оид ба хонадонҳои бо фазилати тоҷик маълумотҳо ҷамъ намуданд.

Хилофати аббосиён аз истеъдоди  тоҷикони Хуросон, ки бо номи Бармакиён машҳур буд, дар асрҳои VIII – IX истифода бурд. Аммо заковати ин хонадони бузург боло гирифт. Мустамликадорон тарсиданд, ки онҳо соҳиби ҳокимият мегарданд. Аз ин рӯ, халифони аббосӣ хонадони бармакиёнро нобуд сохтанд. Онҳо пиндоштанд, ки дар Хуросону Мовароунаҳр дигар чунин бузургон пайдо намешаванд. Вале хато карданд. Баъди истилои онҳо дар Хуросону Мовароунаҳр хирадмандони нав қадам ба арсаи вуҷуд гузошта, кори саркардаи бармакиёнро давом доданд.

Чунин хонадонҳои тоҷикӣ: Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён буданд, ки мо дар китоби мазкур ба таври мухтасар дар бораи таърихи рангини онҳо нақл намудем. Мо асару навиштаҷоти пешгузаштагонро дастгири намуда, онҳоро ҳамаҷониба тавзеҳу ташреҳ додем. Он чи ки рӯи коғаз овардем ҷамъбасти навиштаҷоти қадимаю навин буда, танҳо мо онҳоро аз нигоҳи имрӯз шарҳу эзоҳ додем.

Сараввал ба навиштаҷоти як гурӯҳи хурди муаллифон арзиш дода, сипас хонандаро ба таври мухтасар бо таърихи хонадонҳои тоҳириёну саффориён шинос намудем.

Китоби Абдусатто Мухторов “Сомониён: замон ва макон” соли 1999 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва он ҳоло барои хонандагон ва хоҳишмандон дар Китобхонаи миллӣ  қобили дарёфт ва мутолаа аст.

Таҳияи Баргигул  Наботова ,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд