Чаро Салмони Соваҷӣ достони “Ҷамшед ва Хуршед”-ро навишт?

Салмони-СоваҷӣҶалолиддин ибни Алоуддин Муҳаммад, мутахаллис ба Салмони Соваҷӣ, аз ҷумлаи адибони забардастест, ки осори пуробурангу ҷаззоби ў ҳанўз дар айёми зиндагиаш таваҷҷуҳи аҳли адабро ба худ ҷалб карда буд. Дар асрҳои минбаъда низ аксари муаллифон ба эҷодиёташ баҳои баланд додаанд.

Яке аз маснавии шоир достони «Ҷамшед ва Хуршед» мебошад, ки 2700 байтро дар бар мегирад. Дар достон аз муҳаббати Ҷамшед, писари шоҳи Чин ва Хуршед, духтари Қайсари Рум ҳикоят карда мешавад. Ҷамшед ҷавони далеру пурҳунар буда, кўшиши зиёд менамояд ва дар охир ба мақсади худ мерасад…

Достони мазкур бо сабку услуби содаву оммафаҳм нигошта шудааст ва дорои аҳаммияти бузурги адабиву бадеӣ буда, барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Ҳамчуноне дар муқаддимаи китоби “Достони Ҷумшед ва хуршед” омадааст, Салмон дар муқаддимаи достон нақл мекунад, ки рўзе Султон Увайс  ўро ба назди худ даъват карда, мегўяд, ки «хусравона нақше аз нав» бисозад ва достони ошиқонаи ҷадиде бипардозад, зеро қиссаи «Вомиқу Узро», Хусраву Ширин» ва «Вису Ромин» куҳна шуда, дурри шаҳвори Низомӣ сиёҳ гаштааст. Салмон барои он ки «ҳаққи неъмати панҷоҳсола»-ро ба ҷо оварда бошад, достони «Ҷамшед ва Хуршед»-ро барои султон месарояд.

Маро як рўз шоҳаншоҳи олам,

Чароғи дудмони насли одам.

Фиристоду ба хилват пеши худ хонд,

Ба одат пеши тахти хеш биншонд.

Маро гуфт: «Эй сухангўйи сухансанҷ,

Чӣ пинҳон кардаӣ дар кунҷи дил ганҷ?

Куҳан шуд қиссаи Фарҳоду Хусрав,

Баровар хисравона нақше аз нав».

Оғози достон чуни наст, ки дар мулки Чин подшоҳе зиндагӣ мекард, ки салтанатро аз рўйи адлу дод идора мекард.

Хабар доданд доноёни пешин,

Ки вақте подшоҳе буд дар Чин…

Русуми доду дин бунёд карда,

Ба доду дин ҷаҳон бунёд карда.

Ба аҳдаш кас набудӣ дар ҳама Чин,

Ҷигар хунин, магар оҳуи мушкин.

Ин подшоҳ сипоҳи бешуморе дар кўҳу дашту ҳомун дошт, ки ҳамеша дар дили душманон ваҳм меандохт. Ўро чиниён Фағфур меномиданд, вале дар асл номаш Шопур буд. Шопур писаре дошт бо номи Ҷамшед, ки шоир ўро чунин тасвир кардааст:

Ҳумоюнкавкабе, хуршед ҷомаш,

Фаридунмавкабе, Ҷамшед номаш.

Ҷаҳонро тозаву нав шаҳрёре,

Зи Ҷамшеду Фаридун ёдгоре…

Ҷамшед мисли дигар шоҳзодаҳо аз ҳунарҳои асптозию чавгонбозӣ, лашкардорию шамшерзанӣ ба хубӣ огоҳ буд. Малик рўзе фармон медиҳад, ки дар боғ базм ороянд. Базм то дамидани субҳ бо айшу нўш идома меёбад ва вақте субҳидам Ҷамшедро хоб мебарад, дар хоб қасреро ва дар ин қаср духтари соҳибҷамолеро дида, ба ў сахт ошиқ мешавад:

Чу хуршедаш узори арғувонӣ

Дурафшон аз ниқоби осмонӣ.

Бути раъно к-аш аз моҳи муқаннаъ

Чу Маҳ бар чеҳраи иклил мурассаъ.

Фурўғи оразашро акси хуршед,

Нигини хотамашро муҳри Ҷамшед.

 

Ҷамшед дар хоб гирифтори ишқи ин парӣ мегардад:

Ҳамезад даст бар дил, санг бар сар,

Ки не дил дошт андар бар, на дилбар

Ҳаменолиду дурри ашк месуфт,

Ба зорӣ ин ғазал бо хеш мегуфт.

Парасторони Ҷамшед садои нолаву оҳи ўро шунида, бар сари болини ў меоянд. Ҷамшед ин ҳолатро аз хоб дониста, сирру асрорашро ошкор намекунад:

Ба дил гуфт: «Ин ҳама бояд нуҳуфтан,

Хаёл аст, ин нашояд боз гуфтан».

Ҷамшед дар хаёли ёр хўру хобро фаромўш мекунад. Надимон хабари беқарорию канорагирӣ аз мардум ва дар оташи ҷунунӣ гирифтор шудани ўро ба падараш мерасонанд:

Ки, шоҳо, ҳолати шаҳзода дарёб,

Ки не рўзаш қарор аст, не ба шаб хоб.

Ба хок андохта чархаш чу тир аст,

Камони қаддаш акнун гўшагир аст…

Аз шунидани ин хабар подшоҳ аз аҳволи писараш ошуфта гардида, модари Ҷамшед Ҳумоюнро назди худ мехонад:

Хабар дорӣ, ки рўзи мо сароб аст,

Асоси мулки ҷамшедӣ хароб аст.

Зи дасти Ҷам ҷаҳон ангуштарӣ бурд,

Надонам, дев бурда ё парӣ бурд

Модар бо шунидани ин қисса аз ҳуш меравад, аммо малик ҳалли мушкилотро дар гиряву нола намебинад ва бо ҳам маслиҳат карда, ба назди Ҷамшед мераванд. Маликзода назди падару модараш узр мехоҳад, ки гирифтори дарде шудааст, ки дармон надорад. Шаҳаншоҳ мефаҳмад, ки Ҷамшед ба дарди ишқ гирифтор шудааст, ба тадбир мепардозад. Ҷамшед Меҳроби бозаргонро, ки марди ҷаҳондидае буд, назди худ мехонад. Ҷамшед аз ў ҳамчун шахси ҷаҳонгаштаву дунёдида мепурсад, ки дар олам чун сайр мекунад, дар кадом мулк хубрўён бисёр аст.

Меҳроб тасвири духтари Қайсари Рум Хуршедро ба ў нишон медиҳад. Ҷамшед дар тасвир маъшуқаи худро мешиносад:

Назар чун бар ҷамоли сурат андохт,

Ҳамон дам сурати нодида бишнохт.

Малик Ҷамшед нақши ёри худ ёфт,

Нигорин сурати дилдори худ ёфт…

Ҷамшед ба Меҳроб хоби дидаи худро нақл карда, аз ў хоҳиш мекунад, ки илоҷи дарди ўро пайдо созад….

 

Идомаро метавонед аз китоби Салмони Соваҷӣ “Достони Ҷамшед ва Хуршед” бихонед. Ин китоб соли 2024 рӯи чопро дидааст ва ҳамакнун дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳам он қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

 Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва нарврасон.