Чаро “Соли маърифати ҳуқуқӣ”?

маърифати ҳуқуқӣТавре маълум аст, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар дар Паёми  Роҳбари  давлат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқии инсон мебошад.

Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маҳсуб меёбад.

Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеаро зарур меояд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намоянд.

Бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва тафаккури таҳлилию созанда риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу ўҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мегардад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ин нуқтаро чунин баён карда буданд: “Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳукуқи аҳоли вобастагии зиёд дорад”.

Аз соли 2009 то соли 2019 барномаи давлатии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардида буд ва ҷиҳати татбиқи он дар мамлакат силсила чорабиниҳои гуногун доир шуданд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 иқдоми муҳим, наҷиб  ва арзишмандест, ки дар таҳким ва такмили қонунгузории кишвар, баланд бардоштани сатҳи шуурнокию фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо,  эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар робита ба ин дар ҳошияи паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 қабул гардид. Дар ин замина, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2024 № АП-533 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии чорабиниҳои дар нақша пешбинишударо таъмин намоянд.  Дар доираи татбиқи бандҳои нақшаи мазкур масъулини иҷроро зарур аст, шарҳу тавзеҳи муфассали ҳуқуқии муқаррароти моддаи 1 Конститутсия, тағйирнопазир будани он,  уҳдадориҳои конститутсионӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбӣ, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, моҳияти кирдорҳои ҷиноятӣ ва мубориза ба терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди нашъаовар, таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаъолияти ғайрирасмии ташкилотҳои динӣ ва паҳн кардани маводи хусусияти ифротии динидоштаро ба самъи аҳолӣ расонанд.

Дар робита ба ин дар заминаи санадҳои қабулшудаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фармоиши директори «Китобхонаи миллӣ» дар бораи таъсиси гурўҳи корӣ барои таҳия ва таълифи нақша чорабиниҳои бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз санаи 29.03.2024 №22/3 ба имзо расид, ки тибқи нақша воҳидҳои сохтори Китобхона аз ҷумла раёсат, шуъбаҳо, бахшҳо барои иҷроиши нақша – чорабинӣ муваззаф гардиданд.

Шаҳром Қурбонов, мудири бахши иттилоотӣ-ҳуқуқии Китобхонаи миллӣ.