Чаро таърихи офариниши “Шоҳнома” то кунун дақиқ нест? Академик Бертелс чӣ мегӯяд?

Метавон гуфт, ҳамаи касоне ки дар бораи “Шоҳнома” кор кардаанд, дар ин нукта ҳамрайъанд, ки Фирдавсӣ дар соли 998/99-и милодӣ пеш аз он ки ба Султон Маҳмуд рӯй оварад, кӯшида буд, ки манзумаи худро ба фармонравоии Хони Линҷон (ҷое дар канори Зиндарӯд дар ҳафтфарсахии Исфаҳон) пешкаш кунад. Аммо ҳеҷ як аз инон дар паи он барнаёмадаанд, ки чӣ чизе пирамардро аз Тӯс ба Исфаҳон кашида будааст. Танҳо К.И.Чайкин он ҳам на чандон равшан, бар ин гумон буд, ки Фирдавсӣ ба ҳангоми бозгашт аз Бағдод, ки дар соли 988/96-и милодӣ ба он ҷо рафта буд, ба Исфаҳон рафтааст.

Дигар нависандагон, ки ҳамагӣ достони рӯй овардани шоирро ба фармонравоии Хони Линҷон овардаанд, ҳатто накӯшидаанд, ки дурустии онро биёзмоянд. Муҷтабо Минуӣ, донишвари эронӣ дар соли 1945 ба озмуни ин гуфта пардохт ва равшан сохт, ки хабари рафтани Фирдавсӣ назди фармонравои Хони Линҷон, нахустин бор дар феҳристи нусхаҳои хаттии форсии музеи Британия, ки онро Ч. Рив ороста, омадааст.

Котиби ин нусха, ки яке аз куҳантарин нусхаҳоест, марде хушнавис будааст. Рӯзе, ҳангоме ки ин марди хушнавис дар рӯдхона обтанӣ мекард, дар гирдоби сахте гирифтор омад. Писари фармонравои Хони Линҷон ӯро аз марг вораҳонид. Марди хушнавис, ки мехост ба гунае раҳонандаи худро сипос гӯяд, дар шукргузорӣ аз вай сӣ байти сурудаи худро ба охири “Шоҳнома”-е, ки китобат карда буд, изофа ва ба вай пешкаш кард. Чандин байт аз сурудаи ӯ, ки дар ҳамон баҳри матни “Шоҳнома” омада, чунин аст:

Чу шуд испарӣ достони бузург,

Суханҳои он хусравони сутург,

Ба рӯзи сеюм шунид чоштгоҳ,

Шуда панҷ раҳ панҷрӯзон зи моҳ,

Ки тозиш хонад муҳаррам ба ном,

Гаҳ аз арҷмандиш моҳи ҳаром.

Агар сол низ орзут омадаст,

Нуҳум солу ҳаштод бо шашсадаст.

Маҳӣ Баҳману осмон рӯз буд,

Ки ҳоким бад-ин нома пирӯз буд.

Ба сухани дигар, нусхабардорӣ ба рӯзӣ 25-и Муҳаррами соли 689 баробар бо 7-и феврали соли 1290-и милодӣ ба поён расидааст: Аҳмад бани Абӯбакр. Мисрае ҳам дар он ҷо омадааст ба ин шакл, ки “биҷӯяд ба ҳар ҷо аз ӯ оли ӯ” (маънои ин мисраъ змёд равшан нест). Шигифто, ки Ч. Рив бедиранг ва андеша дар ин бофтаҳои суст ва бемоя онҳоро ҳамчун суруди Фирдавсӣ ёфтааст. Ӯ таърихи шашсадро, ки дар нусхаи хаттӣ, бенуқта ва нохоно будааст, сесад хонда, таърихи ба поён расидани “Шоҳнома”-ро 25-муҳаррами 389 баробар бо 16-январи 999, ба даст овардааст. Ш. Шефер ин огоҳиро аз Ч. Рив гирифта ва аз раҳгузари ӯ ба кори пуровозаи Т. НёлдекеҲамосаи миллии Эрон” роҳ ёфтааст. Аз он ҷо ки асари Т. Нёлдекеро бехато бармешумурданд, ин таърих ба ҳамаи навиштаҳои марбут ба Фирдавсӣ роҳ пайдо карда ва то имрӯз ҳам побарҷост.

Пас таърихи дурусти поён гирифтани “Шоҳнома” дар даст нест, аммо ба гумони бисёр манзума бояд дар вопасин солҳои фармонравоии Сомониён ба поён расида бошад. Лекин сарнавишти пасини он чӣ будааст? Бояд пазируфт, ки дар ин бора ҳеҷ огоҳии дурусте дар даст нест ва бояд ба ҳамон пиндор хурсанд ва хушнуд бошем. Байтҳои зер, ки ба ногаҳон дар поёни манзума падидор мешавад, нишон медиҳад, ки Фирдавсӣ ба ҳангоми сурудани онҳо ба ҳеҷ рӯй зиндагии осоне надошта ва гумон намеравад назари Т. Нюлдеке мубаннӣ бар ин, ки нолидани Фирдавсӣ ба сабаби хӯ гирифтани ӯ ба осудагӣ буда, чандон дуруст бошад:

Баромад яке абру шуд тира моҳ

Ҳаме барф борид аз абри сиёҳ.

На дарё падидасту не дашти роғ,

Набинам ҳаме бар ҳаво парри зоғ.

Намондам намаксуду ҳезум, на ҷав,

На чизе падидаст то ҷавдарав.

Ҳама корҳо шуд сар андар нашеб,

Магар даст гирад ба чизе ҳабиб.

Дар ин бора, гурези ғаноии зер ҳам, ки бедиранг пас аз нигориши ба гӯр супурдани Исфандиёр меояд, ба ҳамон гӯёӣ сухан аз ҳолу рӯзи дармондагии сухансарои куҳансол дорад:

Маёвар, к-аз ин рӯзи мо бас намонд,

Чунин буд то буд, бар кас намонд.

Маро дахлу харҷ ар баробар будӣ,

Замона маро чун бародар будӣ.

Тагарг омад амсол бар сони марг,

Маро марг беҳтар будӣ з-он тагарг.

Дари ҳезуму гандуму гӯсфанд,

Бубаст ин бароварда чархи баланд.

 

Яксара пайдост, ки Фирдавсӣ ба ҳангоми сурудани вопасин бахши “Шоҳнома” дар сахтиву душворӣ будааст. Он даврон, даврони фурӯ афтодани Сомониён, юриши Қарахониён ва баромадани тадриҷии Ғазнавиён буд. Кишоварзӣ ба рукуд дучор омада буд, шабакаҳои обёрӣ вайрон мешуданд ва замин арзишу баҳои худро аз даст медод. Байҳақӣ мегӯяд, ки дар оғози садаи ёздаҳуми милодӣ як таноб заминро дар ивази як ҷуволи пур аз ғалла медоданд. Аз ин рӯ равшан аст, ки тагарги сахт, ки Фирдавсӣ ёдовар мешавад, мусибати азиме аст, ки на танҳо умеди вай ба осудагӣ, балки умед доштанро ба оянда низ барбод додааст. Як бадбахтии ногаҳонӣ, доғи марги ягона писараш ҳам, ҳолу рӯзи шоири куҳансолро сахттар кард. Ба дурустӣ наметавонем соли ин руҳдодро равшан созем, аммо аз он ҷо, ки Фирдасӣ дар миёни достони “Баҳроми Чӯбин”, сухан аз он ба миён меоварад, бояд андешид, ҳангоме ки чакомасаро ин бахш аз “Шоҳнома”-ро омода мекарда, бадбахтӣ ба ӯ рӯй намудааст. Ин аст, он чӣ, ки Фирдавсӣ мегӯяд.

Маро сол бигзашт бар шасту панҷ,

На некӯ бувад, гар биёзам ба ганҷ.

Магар баҳра баргирам аз панди хеш.

Барандешам аз марги фарзанди хеш.

Маро буд навбат бирафт он ҷавон,

Зи дардаш манам чун тани беравон.

Шитобам, магар то ҳаме ёбамаш,

Чу ёбам, ба пайғора биштобамаш.

Ки «навбат маро буд, ту бекоми ман,

Чаро рафтиву бурдӣ ороми ман.

Зи бадҳо ту будӣ маро дастгир,

Чаро роҳ ҷустӣ зи ҳамроҳи пир.

Магар ҳамраҳони ҷавон ёфтӣ,

Ки аз пеши ман тез биштофтӣ?»

Ҷавонро чу шуд сол бар сиву ҳафт,

На бар орзу ёфт гетиву рафт.

Ҳамебуд ҳамвора бо ман дурушт,

Барошуфту якбора бинмуд пушт.

Бирафту ғаму ранҷаш эдар бимонд,

Дилу дидаи ман ба хун дарнишонд.

Кунун ӯ сӯи рӯшноӣ расид,

Падарро ҳаме ҷой хоҳад гузид.

Баромад чунин рӯзгори дароз,

К-з он ҳамраҳон кас нагаштанд боз.

Ҳамоно маро чашм дорад ҳаме,

Зи дер омадан хашм дорад ҳаме.

Маро шасту панҷу варо сиву ҳафт,

Напурсид аз ин пиру танҳо бирафт.

Вай андар шитобу ман андар диранг,

Зи кирдорҳо то чӣ ояд ба чанг.

Равони ту доранда равшан кунод.

Хирад пеши ҷони ту ҷавшан кунод.

 Ғами аз даст додани фарзанд шоирро дар танготанг гузошта буд, зеро куҳансолӣ ва пирӣ худнамоӣ мекард ва кор душвору душвортар мешуд, Фирдавсӣ рӯзгоре пеш аз марги фарзанд дар достони “Исфандиёр” навишта буд:

Ду гӯшу ду пои ман оҳу гирифт,

Тиҳидастиву сол неру гирифт.

Бибастам бад-ин гуна бадхоҳ бахт,

Бинолам зи бахти баду соли сахт.

Аз китоби Евгений БЕРТЕЛС “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”, таҳияи

Ин китобро соли 2015 аз силсила “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири таърих” Китобхонаи миллӣ чоп кардааст. “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” дар тарҷумаи донишманди эронӣ Сируси Эзадӣ зери назари академик Носирҷон Салимӣ, дар таҳия, вироиш ва баргардони марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ ва муҳарририи профессор Шамсиддини Солеҳ рӯи чоп омадааст.

Таҳияи  Орзуҷон ИСКАНДАРОВ, мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”