Чаро устод Айнӣ, ки тахаллусҳои дигар ҳам дошт, “Айнӣ”-ро барои худ баргузид?

Абдураҳмони АбдуманнонДонишманди фарзонаи миллат, Абдураҳмони Абдуманнон дар суҳбате бо Қироншоҳи Шарифзода ва Меҳрофарин Наҷевуллоев ба ин суол посух додааст:

-Аввалан, устод Айнӣ дар таърихи фарҳанг, илм ва адабиёти мо шахсияти нотакрорест, ки метавон ўро бемуболиға энсиклопедист ё аллома номид. Зеро тақрибан аз ҳаммаи соҳаҳои илм бохабар буд, ба хусус аз улуми ҷомеъашиносӣ. Илова бар ин аз нақлҳо ва таълифоти шогирдони устод ва муҳақкиқони осори ў, ҳамчунин аз хондаҳо, мушоҳидаву мулоҳизаҳои худ хулоса мекунам, ки дар шахсияти устод Айнӣ беҳтарин хислатҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, аз қабили донишмандӣ, адолатхохӣ, зиракӣ, заҳматкашӣ, инсондўстӣ, миллатдўстӣ, ватанпарварӣ, кўшиши пайваста барои такмили донишу малакаи худ ва дигарон таҷассум ёфта буд. Бинобар ин агар устод Айниро яке аз рамзҳои миллӣ бигўем хато нахоҳад буд.

Баъдан,  устод Айнӣ ҳамчун шоир ба майдони адабиёт ворид шуда, аввалин шеърҳояш бо тахаллусҳои «Сифлӣ», «Ҷунунӣ» ва чанди дигар эҷод мешуданд. Шояд бинобар дар мушкилоти зиёд гузаронидани наврасӣ ва ҷавонии худ ин тахаллусро интихоб карда бошад. Баъди он ки аз сифлагиви ҷунунӣ раста, бар воқеоту мушкилоти замон бо чашми вокеъбин нигарист, тахаллуси «Айнӣ»-ро, интихоб  кард. Фикри устод Айниро дар ин бора аз навиштаҳои худаш ҷойе нахондаам, лекин боре муаллим Раҳим Ҳошим, ки бо устод Айнӣ ҳамнишину ҳамкор буду шарофати шогирдӣ дошт, дар суҳбате гуфта буд, ки «шояд интихоби тахаллуси «Айнӣ»-ро Садри Зиё маслиҳат дода бошад».

Ин посух дар китоби донишманди тоҷик Абдураҳмони Абдуманнон «Аз дирўзу имрўзи адабиёти тоҷик», ки соли гузашта дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст, омадааст.

Китоби мазкур, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд ва ҳоло дар хидмати хонандагон қарор дода шудааст, маҷмӯаи мақолаҳо ва мусаввараҳои адабиеро фаро гирифтааст, ки дар давоми тақрибан чиҳил соли охир навишта шудаанд. Мақолаву  мусаввараҳои то соли 2017  навиштаро муаллиф мавриди тасҳеҳу такмил қарор додааст.

Дар китоб симоҳои эҷодӣ ва инсонии адибону олимони маъруфи тоҷик аз дидгоҳи адабию чеҳранигорӣ арзёбӣ шуданд. Китоб барои алоқамандони адабиёт, муаллимон, донищҷўён ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА