Чаро зарурати таҳияи «Китобномаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад?
Китобе бо ин ном соли 2022 дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирӣ ва роҳбарии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чоп шудааст. Баҳром Мирсаидов
Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар навиштае зери унвони “Анҷумани саодати ҷовидон” зарурат ва чигунагии таҳияи ин китоби пуразишро ин гуна арзёбӣ кардааст:
Таърихи рӯзгори ибратомӯзи аҳли башар собит намудааст, ки ҳамеша нерӯи ақли расо, заковату ҳушмандӣ, раъю андешаи рӯшан, садоқату сипосмандӣ, шинохту маърифати ҳақиқати ҳастӣ ва қадр кардани афкору ормони ҳамзамонон ҳама гуна ҷомеаву сохторҳои иҷтимоиро ба муваффақият мерасонад. Дар таърихи Тоҷикистон соҳибистиқлол баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нодир ба шумор рафта, саҳифагардонии ин фурсатҳо ҳамеша моро бо хидматҳои бедареғу омӯзандаи Сипаҳсолори олами сиёсат, фарзанди ҷоннисори халқ, бунёдгузори Тоҷикистони нав, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно месозанд.
Табиист, ки ҳама гуна корнамоиҳову пайкорҳо ва рӯзгори халқ дар ҳар давраи таърих дар синаи китобҳо ҳифз мешавад ва оянда аз таҷрибаи гузашта ибрат меандӯзанд.
Бо мақсади гиромидошти ормонҳои халқу миллати тоҷик ва самараи неки Анҷумани саодати имрӯзу фардои халқ мутахиссосони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ” бо дастури Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасмим гирифтанд, ки бо мақсади рангинтар сохтани 30-солагии ҷашни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобномаи ҳамноми онро омода ва нашр намоянд, зеро дар махзани шуъбаи маълумотдиҳии-библиографии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ феҳрасти ҷомеъ ва идомаёбандаи кишваршиносӣ амал менамояд, ки мутахассисон ҳамарӯза онро такмил медиҳанд. Ин феҳрист ба аксари суолу пурсишҳои хонандагон бо далелу рақамҳо ҷавоб мегӯянд. Дар баргадони алоҳида аз лаҳзаи баргузории Иҷлосияи таърихӣ то ин дам тибқи меъёрҳои стандарти таснифи китобу маводи чопӣ руйхати манобеъ пурра гардонида мешавад. Ҳосили меҳнати китобдорон ба он равона гардидаст, ки тамоми маводу матолиби вобаста ба ҷашну санаҳо, ҷашну идҳо зиндагиномаву корномаҳои аҳли сиёсат, илму маориф, фарҳангу адаб, санъату ҳунар ва дигар рӯйдодҳои муҳимми дорои арзиши маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва миллидошта дар феҳрасти ҷомеи кишваршиносӣ гирдоварӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Ҳамзамон, дар раванди ҷустуҷӯи мавод, омӯзиши сарчашмаҳо китобу маҷмӯаҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар манобеъ китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дарёфтанд, ки соли 2012 бо кӯшиши кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода ва Моҳира Акобирова зери назар академик Носирҷон Салимӣ феҳристи адабиёт бо номи “Иҷлосияи сарнавиштсоз” ба табъ расида, 704 номгӯи асару марҷаъро дар бар мегирад. Дар рафти таҳияи китобномаи мазкур мураттибон аз феҳристи ёдшуда аз рӯи зарурат истифода намуданд, ки хидмати онон ҳамеша шоистаи сипосу қадршиносист.
Ҷустуҷӯи олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” ва Муассисаи давлатии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ” теъдоди сарчашмаҳоро наздик ба 1900 номгӯ расонид, ки аз феҳристҳои қаблӣ бамаротиб зиёд аст.
Ҳангоми омоданамоии “Китобномаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мо аз машварати акдемики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, узви Ассамбеляи китобхонаи Авруосиё Шариф Комилзода баҳраманд гардидем.
Дар ҷараёни мураттиб сохтани китобнома доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонзода ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонӣ пайваста кӯмак расониданд ва барои тартибу танзим, дастрасии сарчашмаҳо ёрӣ доданд.
Мо баробари сипосгузорӣ ба китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мунира Ҳакимова, Манзурахон Қаюмова, Роқиябону Рабиева, Мадина Болтубаева, Масъуда Дадобоева ва як тан бонуи меҳнатқарин, собиқадори соҳаи китобдорӣ дар кишварамон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳира Акобирова низ сипосгузорем. Дар тасҳеҳу танзими китобномаи мазкур муҳақиқони ҷавон Манишвар Мирсаидов, Ҷумъадилло Қодиров ва веростори хушкор Бахтиёр Файзуллоев саҳм гузоштанд
Китобнома шомили манобеъ, аз қабили китобҳо, маҷмӯаҳо, нашрҳои электронӣ, мақолаҳо, гузоришҳо, хабарҳо, мусоҳибаҳо, шеърҳо ва дигар мавод бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, туркӣ ва ӯзбекӣ буда, дар охири он кӯмакфеҳристи алифбоии асарҳо ва кӯмакфеҳристи ашхос бо мақсади ҳарчи бештар ба хонандагону алоқамандон осон намудани дарёфти матолиб оварда шуданд.
Гуногунрангии мазмун сохтори китобу рисолаҳо, мақолаву гузоришҳо ва дигар маводи хабариву таҳлилии дар давоми 30 сол ба табърасида бо забонҳои мухталиф далолат аз он менамояд, ки дар ҳақиқат иҷлосия дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари азизамон бо тадбирҳову ташаббусҳои беназиру ҷаҳоншумули Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаставу мунир гузоштааст.
Аз сӯйи дигар, аз ному насаб ва унвони муаллифони ин таълифот маълум мешавад, ки арзишу аҳаммияти ин Анҷумани саодати имрӯзу фардои ҳалқу миллат аҳли илму адаб, олимону адибон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, рӯзноманигорону публитсистони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Бовар дорем, ки ҳар нафари худогоҳу худшинос, меҳандӯсту қадршиноси таъриху тамаддун, соҳиби ғуруру ифтихори миллӣ, сипосманди Ватан соҳибистиқлол ва арҷгузори сиёсати оқилонаву сулҳдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ахбори судманд “Китобномаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баҳравар гардида, барои тарғиби Ваҳдати миллӣ, рӯнамоии фарҳанги оштиву осоиштагӣ ва пешбурду шукуфоии имрӯзу фардои кишвар самимонаву содиқона хидмат менамояд.
Китобномаи Иҷлосияи XVIШурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонем.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассисии Медиатекаи Президентӣ