Чашми дил
Маъюб он нест, ки ҷисми маъюб дорад, балки маъюб онест иродаи заиф дорад. Равшанзамирон қалби огоҳу бедор дошта, зебоиву маънии ҳаётро бо чашми дил мебинанд.
Ҳамасола 15 октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон рӯзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалиии «Асои сафед» рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён бо ҳамин ном қайд карда шудааст. Бори дуюм соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рӯзи «Асои сафед» эълон намуд.
Дар партави сиёсати давлату ҳукумат ва хоса роҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому қадри нобиноён ҳамеша ба ҷо оварда шуда, ғамхорию дастгирии онон дар мадди назар меистад.
Нобиноён мисли ҳамаи аъзои ҷомеа сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукуматро ҷонибдорӣ менамояд ва бо кору рафтор амали худ онро исбот месозанд. Онҳо сарфи назар аз ноқисии ҷисмонӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида ба манфиати халқу ватан хизматҳои назаррас карда истодаанд. Нобиноён бояд ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа пазируфта шаванд. Зеро онҳо неруи корияшонро ба манфияти ҷомеа ва худ истифода бурда метавонанд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи махсусе бо номи шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон фаъолият менамояд, ки зиёда аз 132 нафар хонандаи он афроди нобино ё шахсоне мебошанд, ки нури чашмашон хира шудааст. Барои онҳо шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Аз қабили 5 адад компютер бо барномаи «Ҷоус» пайваст мебошад, ки онҳо метавонанд бо осонӣ маводи лозимаи худро аз шабакаҳои интернетӣ дастрас намоянд.
Инчунин кормандони шуъба мувофиқи дархости хонандагон китобҳое, ки бо ҳуруфоти кирилӣ ҳастанд, хонда ва онҳо бо худ навишта мегиранд.
Ёдовар бояд шуд, ки кумак кардан ба нобиноён ва умуман шахсони имконияташон маҳдуд ва хидмат расонидан ба онҳо барои афроди солим шарти инсон будан аст ва мо метавонем аз рӯйи арзишҳое чун меҳрубонӣ ва ғамхорӣ амал намоем.
Мазориева Малоҳат,
Сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.