ЧЕҲРАИ ИБРАТОМЎЗ 

Академик Ф. Шарифзода дар нимсолаи дуюми соли 2020 дар остонаи Рўзи китоб – 4 сентяб китобхонаи шахсиашро барои истифодаи умум ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» туҳфа намуда буд. Ҳоло дар «Толори академикон ва докторони илм» гӯшаи доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Файзулло Шарифзода фаъол аст, ки ҳудудан 700 нусха адабиёти соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегирад.

Файзулло Шарифзода 18 августи соли 1940 дар деҳаи Сангтўдаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рўдакӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳанўз тифли маъсуме буд, ки Ҷанги дуввуми ҷаҳон оғоз ёфт ва падари Файзулло Шарифи ҷавонмард низ дар қатори садҳо ҳазор фарзандони содиқи Ватан ба майдони набард сафарбар гардида, бар муқобили душман мубориза бурд ва дар ин ҷанги хонумонсўз ҷавонимарг шуд. Хамин тавр, Файзулло аз дидани рўйи гарми падар ва навозишҳои ў барои ҳамешагӣ ҷудо шуд. Вале модари ў ҳаргиз намегузошт, ки писараш тангдастиву бепадариро хис кунад ва кўшиш мекард, ки вобаста ба имконот тамоми хостаҳову ва шароити мусоидро барояш муҳайё сохта, дар тарбияву донишандўзии ў аҳамияти ҷиддӣ медод.

            Ф. Шарифзода соли 1948 ба мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Сангтудаи ноҳияи Ленин қадам ниҳода, соли 1955 ба мактаби миёнаи   №81-и деҳаи Стаханови ноҳияи мазкур рафта, соли 1958 бо баҳои хубу аъло ба итмом марасонад. Азбаски дар он солҳо дар мактабҳо муаллимон намерасиданд, аз соли 1958 Файзуллои ҷавонро масъулини маорифи ноҳия бо дарназардошти савияи донишу маърифат ва интизоми намунавиаш дар ҳамин таълимгоҳ ўро ба сифати сарпешоҳанг ва пасон муаллими синфҳои ибтидоӣ ба кор қабул карданд. Бо ташаббуси ў дар мактаб маҳфили дўстдорони шеъру адаб бештар равнақ ёфт. Шогирдон ба омўзиши каломи бадеъ ва хондани осори ниёгону адибони муосир шавқу рағбати бештар пайдо карданд. Иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ обрўю эътибори ин ҷавони накўкорро дар байни муаллимон ва мактабҳои ноҳия афзуд. Ҳамзамон дар баробари фаъолияти педагогӣ Ф. Шарифзода солҳои 1959-1964 дар шуъбаи шабонаи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсили илм намуда, сохиби ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёна мегардад.

            Соли 1964 ҳайати нозирони кабинети илмию методии Идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маориф фаъолияти ҳайати педагогии мактаби №81-и ноҳияи Ленинро санҷида, ба ҷаҳду талошҳои муаллими ҷавон Файзулло Шарифзода (он замон Шарифов) дар ҷодаи таълиму тарбияи шогирдон баҳои баланд дода, ўро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Ҳамин тавр, ў соли 1965 ба ҳайси мушовири ин даргоҳи илмию методӣ ба кор омад. Соли 1967 ба вазифаи муовини директори Кабинети методии ҷумҳуриявӣ таъин мегардад. Ф. Шарифзода аз соли 1973 бо пешниҳоди вазири маорифи ҳамонвақта дар баробари фаъолияти корӣ ба корӣ илмӣ машғул шудан, ба аспирантураи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ Маҳмадулло Лутфуллоев дар мавзўи «Оптималигардонии таълими лексика ва нақши он дар инкишофи нутқи мактабиёни синфҳои 1-2» рисолаи илмиашро ба анҷом расонида, соли 1976 аспирантураро хатм менамояд. Бинобар такмили ҷузъиёти таҳқиқоти илмиаш ва баъзе мушкилоти коргузорӣ соли 1980 дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст.

            Солҳои 1976-1984 ба хайси муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Институти номбурда фаъолият намудааст.  Солҳои 1984-1987 ба сифати котиби дуюми сафорати ИҶШС дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон – гурўҳи мушовирони ҳизбии КМ КПСС-и ҲХДА, соли 1987 дотсент, профессори кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷўраев, солҳои 2000-2002 корманди Пажўҳишгоҳӣ илмҳои педагогӣ ва омўзгори литсейи «Некӣ»-и Донишгоҳи славянии Руссия-Тоҷикистон, солҳои 2002-2003 вазифаи мудири лабораторияи мактабҳои олии Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2002 бинобар таъсис ёфтани Академияи илмҳои педагогӣ ўро мудири шуъбаи дидактика ва аз моҳи августи соли 2006 ноиби президенти Академияи мазкур интихоб намуданд. Баъдан ба ҳайси мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст.

            Устод Ф. Шарифзода соли 1997 дар мавзўи «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар мактаби миёна» рисолаи докториашро дифоъ карда, соли 1998 сазовори унвони доктори илми педагогика гардид. Ва дар асоси ин рисола асарҳои бунёдии «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳалаи ибтидоии мактаби миёна» (1997) ва «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо» (иборат аз ду қисм, солҳои 1999-2000) таълиф ва чоп шуданд, ки дар таҳқиқи назарияи таълими ҳамгиро аз иқдоми аввалин ба ҳисоб меравад.

            Қобили зикр аст, ки дар таҳқиқи ў чор паҳлў ё самти таълими ҳамгиро баррасӣ шудааст: 1) ҳамгироии мазмуни маълумот; 2) ҳамгироии усулҳои таълими ҳамгиро; 3) муносибати ҳамгиро; 4) ҳамгироии таълиму тарбия ва нақши онҳо дар рушди мактабиён. Бинобар ин ҳар яке аз ин паҳлўҳо таҳқиқи алоҳида ва сухани тоза мебошанд.

            Академик Ф. Шарифзода таҳқиқи худро дар мисоли як фан – забони модарӣ анҷом дода, таъкид мекунад, ки таълими ҳамгиро «Дар ҷаҳонбинии насли наврас доир ба табиату ҷамъият» тасаввуроти тому яклухт ва ба ҳам алоқаманд» ҳосил менамояд. Яъне қатъи назар аз робита ва бо ҳам қарин буданашон ҳамгироӣ ҳамсафари доимии ҳамаи фанҳои таълимӣ ба шумор меравад.

            Маҳаки ҳамгироии забон ва хониш (дар синфҳои ибтидоӣ имло ва хониш) инкишофи нутқ аст. Зеро тамоми фаъолияти таълимии муаллиму талабаҳо дар раванди омўзиш ва фориғ аз он доир ба забону адабиёт ба ҳамин мақсад – инкишофи нутқ равона карда мешавад.        Силсилаи асарҳои калонҳаҷму пурмуҳтаво, монография ва китобҳои  устод Ф. Шарифзода, аз қабили «Таълими лексика дар синфи 2» (1982), «Дарсҳои забони модарӣ  дар синфи 4» (дастур барои муаллимон, 1990), «Таълими муштарак-асоси инкишоф ва тарбия» (1995), «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳалаи ибтидоии мактаби миёна» (1997), «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо» (иборат аз ду қисм, солҳои 1999-2000), «Масоили актуалии педагогикаи муосир» (иборат аз ду китоб, солҳои 2009-2010), «Актуальные проблемы современной педагогики» (2 қисм, 2009, 2010), «Педагогика: назарияи инсофофар ва ҷомеаи фарҳангӣ» (2010), «Педагогикаи ҳамгиро» (2011), китоби пурарзиши «Очеркҳои афкори педагогӣ» (2005), «Педагогика (курси лексияҳо)» (2006), «Ҳакими маърифат» (2009), «Муаллим – офарандаи накўӣ ва пешравиҳо», «Учитель творец добра и прогресс» (бо ҳаммуаллифӣ, 2011), «Педагогика» (2010), «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» (2012), «Педагогикаи қарни XXI» (бо ҳуруфоти арабӣ, Теҳрон, 2012), «Педагогикаи умумӣ ва касбӣ» (2013), «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2» (2014) ва ғ. мебошанд.

            Устод дар таълифи киитобҳои дарсии «Алифбо», «Забони модарӣ» (барои синфи 2), «Забони модарӣ» (барои синфи 4), «Одобнома» (барои синфҳои 5-6) низ ҳаммуалифӣ карда, муаллифи чандин дастуру барномаҳои таълимӣ мебошад.

            Ф. Шарифзода соли 2003 узви вобаста ва соли 2004 узви пайваста (академики)-и Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардидааст. Ў ҳамчунин бо нишони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2002) сарфароз шудааст.

              Файзулло Шарифзода олими шинохта ва педагоги маъруфест, ки аз мактаби бузурги Рустамбек Юсуфбеков собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишманди барҷаста, академик Маҳмадулло Лутфуллоев сабақ гирифтааст, ки нақши ин ду марди наҷибро дар зиндагиномаву шахсияти хеш басо сарнавиштсоз арзёбӣ мекунад. Ва худ низ даҳҳо олими ҷавони тоҷикро дар бахши педагогика тарбия кардааст. Зери роҳбарии ӯ зиёда аз 50 нафар аспирант ва унвонҷў рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Илова бар ин, устод ба диссертатсияҳои номзадию доктории даҳҳо нафар муқарриз буда, ҳамчунин дар таҳияи зиёди намунаи адабиёт дар мавзуъҳои гуногуни илмии соҳаи педагогика фаъолона иштирок намуда ва таҳрир  кардааст.

Дар рушду равнақи илми педагогикаи муосири тоҷик саҳми  академик Ф. Шарифзода беандоза бузург аст. Маҳз бо кўшиш ва пажўҳишҳои асосноки ў таълими ҳамгиро дар синфҳои ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки академик Ф. Шарифзода дар нимсолаи дуюми соли 2020 дар остонаи Рўзи китоб – 4 сентяб китобхонаи шахсиашро барои истифодаи умум ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» туҳфа намуд. Айни замон дар «Толори академикон ва докторони илм» гӯшаи доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Файзулло Шарифзода ташкил карда шудааст, ки ҳудудан 700 нусха адабиёти соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Ҳамарӯза кормандони шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ вобаста ба талаби муштариёни «Толори кормандони илм» ва мухлисони асарҳои ӯ аз китобхонаи шахсии педагоги маъруфи тоҷик Файзулло Шарифзода дархост иҷро менамоянд.

Академик Файзулло Шарифзода умри худро барои илму маориф ва фарҳанги Ватан бахшидааст ва то имрўз ҳамчун узви Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои рушди нумуи илми тоҷик хидмати арзанда менамояд, ки ин барои ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус барои наврасону ҷавонони мо намунаи ибрат аст.

Китоби зиндагӣ, рўзгори хонаводагӣ ва ҳаёти пажўҳишии устод Файзулло Шарифзода басе пандомўзанд, ҳар касе, ки инро сафҳагардон кунад, метавонад аз он манфиате бигирад. Аз ў бояд ватандориро омўхт, зеро қадру мартабаи бузургоне чун ў ҳеҷ гоҳ нахоҳад кост.

Имрўз педагоги маъруфи тоҷик, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзулло Шарифзода ба синни пурбаракати 82 қадам мегузоранд. Ба ин муносибат олими шинохта Файзулло Шарифзодаро аз номи кулли хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ самимона табрику муборакбод мегўем ва барояшон тансиҳатӣ, умри бардавом, рўзгори осоишта ва дар корҳои эҷодиашон муваффақиятҳои нав ба навро таманно мекунем.

  Бибираъно Ҷўраева – сардори шуъбаи

            нигоҳдории рисолахои илмӣ.