Чеҳраҳои маъруфи илм. Сафар Сулаймонӣ
Ба таваллуди олими шинохтаи соҳаи китобдорӣ ва яке маъруфтарин пажӯҳишгарони ин соҳа Сафар Сулайони 75 сол пур шуд. Ин донишманди ҷӯёву пӯё ва ин шахсияти заковатпеша 7 сол пеш олами моро тарк кард.
САФАР СУЛАЙМОНӢ – Доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоотсозӣ, Созмони Милали Муттаҳид, узви Бунёди эроншиносони Ҷумҳурии Ирон мебошанд.
Сафар Сулаймонӣ 10 марти соли 1951 дар ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ва факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил кардааст ва солҳои дароз дар ин даргоҳи дониш ба донишҷӯёни риштаи китобдорӣ таълим додааст.
Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1976), аспирантура ва докторантураи Донишкадаи фарҳанги Маскав (1985, 1990), Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (1997) хатм намудааст. Ҳамзамон солҳои 1976-1985 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи китобхонашиносӣ иҷрои вазифа намудааст.
Солҳои 1990-1995 дар Донишгоҳи Исфаҳони Ирон, солҳои 1999-2004 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолияти кор кардааст. Хидмати шоиста ва ибтикорофари профессор Сафар Сулаймонӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот хеле муассир будааст. Солҳои 2004-2007 ба ҳайси мудири кафедраи педагогикаи умумӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2007 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва солҳои охир дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон машғул ба таҳқиқу пажӯҳиш мебошад.
Фаъолияти илмию пажӯҳишии Сафар Сулаймонӣ хеле васеъ ва доманадор аст. Вай дар муддати сӣ соли фаъолияти илмию омӯзгориаш даҳҳо китобу рисола ва садҳо мақолаҳои пурарзиши илмӣ ва илмию оммавӣ интишор намуда, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва ҷомеаро баланд бардоштааст. Ӯ дар масоили назария, таърихи кори китобхонаҳо, тамаддуни ҷаҳонӣ, фаъолияти китобу китобдорӣ, китобшиносӣ, истилоҳоти китобдорӣ ва педагогика, фарҳангу фарҳангшиносӣ, забоншиносӣ, масъалаҳои эроншиносӣ, фарҳанги исломӣ ва ғайра изҳори назар кардааст. Чандин маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон сафарҳои хидматӣ анҷом додааст ва дар натиҷа китобу мақолаҳои зиё рӯи чоп овардааст.
Асарҳои таълифнамудаи ӯ «Тамаддун» (дар чор китоб, 2002-2005, дар ҳамкорӣ бо Темур Атахонов), «Аз таърихи китобдории тоҷик» (1998), «Фарҳангшиносӣ» (2002), «Китобшиносии Ирон ва Ислом» ва «Китобшиносии насри навини форси тоҷикӣ» (2007) ва дигар то кунун китоби саримизии ҳар фарди маърифатпарвару фарҳангии ҷомеа гаштаанд. Рисолаҳои ӯ «Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» (1987), «Китобдории ҷаҳони саввуми Шарқ» (1989) ва «Дирӯз ва имрӯзи Ирон» (ба забони русӣ, 1994), барои омӯзиш ва таҳқиқи соҳаи китобдории ҳориҷа ба муҳаққиқон шароитҳо мусоид фароҳам оварданд. Дар ҳамкорӣ бо академикон Каримова И. Х. ва Шарифзода Ф. ва номзади илмҳои педагогӣ Булбулов Ҷ. китоби «Педагогикаи ибтикорӣ»-ро барои чоп омода кардааст.
28 декабри соли 2013 рӯнамоии китоби профессор Сафар Сулаймонӣ «Педагогикаи фарҳанг» дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид. Академикон Маҳмадулло Лутфуллоев, Ирина Холовна Каримова, Файзулло Шарифзода, профессор Бибиҳафиза Маҷидова ва чанде донишмандон ва хабарнигорон дар ин маҷлис паҳлуҳои илмӣ ва аҳамияти ин китобро баррасӣ намуданд.
Сафар Сулаймонӣ 3 июни соли 2019 дар сини 68 солагӣ аз олам даргузашт.
АЗ САФАР СУЛАЙМОНӢ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОН ХОНД:
Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ: Дарснома барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ / Муҳаррирон Б. С. Холов, М. Султонзода. – Душанбе: Амри илм, 1997. – 188 с.
Китобхонашиносии умумӣ: Дарснома барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ / Вироиши Б. Холов, М. Султонзода. – Душанбе: маориф, 1998. – 141 с.
Аз таърихи китобдории тоҷик (Аз оғоз то ибтидои садаи ХХ) / Муҳаррирон М.Султонов, Б.Холов. – Душанбе: Маориф, 1998. – 116 с.
Фарҳангшиносӣ. – Душанбе: Ирфон, 2002. – 225 с.
Китобшиносии Ирон ва Ислом / Иборат аз 2 қисм; Зери назари Қ.Сулаймон; Муҳ. масъул Ҷ.Раҷабов; Муҳ. Қ.Сатторӣ; Ройзании фарҳангии ҶИИ, Маркази фарҳангшиносии ҶТ. – Душанбе: Пайванд, 2007. – 392 с.
Китобшиносии насри навини форсӣ–тоҷикӣ (1927-2007) / Муҳаррири масъул Ҷ.Раҷабов; Ройзании фарҳангии ҶИИ дар Тоҷикистон, Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Пайванд, 2008. – 430 с.
Библиотечное дело в Демократической Республике Афганистан. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 44 с.
Библитотечное дело в развивающихся странах Востока / Отв. ред. А. Г. Касымова. – Душанбе: Дониш, 1989. – 95 с.
Библиотечное дело в Иране: История и современное состояние / Ред. М.Муллоахмедов. – Душанбе: Дониш, 1994. – 309 с.
Культурологическое исследования: Избранные произведения / В 3 томах; НИИ культуры и информации; Центр культурологи РТ. –Душанбе, 2005. – Т.3. – 272 с.
ДАР БОРАИ ОЛИМИ МАЪРУФ:
Сафар Сулаймонӣ: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Муаллифи мақолаи муқаддимавӣ ва мураттиб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ш.Тошев; ДДСТ ба номи М.Турсунзода. – Душанбе: Амри илм, 1996. – 55 с.
Дар оғӯши китобҳо: Маҷмӯаи мақолот ва китобномаи Сафар Сулаймонӣ / Мураттиб номзади илмҳои педагогӣ Б.Холов; Муҳаррир д-ри илмҳои филологӣ, профессор М. Муллоаҳмадов; Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, ДДСТ ба номи М.Турсунзода. – Душанбе: Ирфон, 2001. – 174 с.
Сафар Сулаймонӣ (Сулаймонов Сафар) // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 2004. – Ҷ.3. – С.110.
Раҷабов, Ҷ., Камолзода, С. Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ /Муҳаррир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҷ.Шерматов; Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, КМҶТ ба номи А.Фирдавсӣ, Ройзании фарҳангии ҶИ Ирон дар Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 2008. – 208 с. – Матн ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Таҳияи Дидафруз Назриева
корманди шуъбаи
илмӣ–методӣ ва таҳқиқотӣ.